Главная / Ҷамъият / Ҳатмӣ будани дастурҳои суде, ки ба тариқи назоратӣ парвандаро баррасӣ кардааст

Ҳатмӣ будани дастурҳои суде, ки ба тариқи назоратӣ парвандаро баррасӣ кардааст

Моддаи 194-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Ҳатмӣ будани дастурҳои суде, ки ба тариқи назоратӣ парвандаро баррасӣ кардааст

  1. Дастурҳои суди марҳилаи назоратӣ дар вақти баррасии такрории ҳамин парванда барои судҳои марҳилаҳои поёнӣ ҳатмӣ мебошанд.
  2. Суде, ки парвандаро ба тариқи назоратӣ баррасӣ менамояд, ҳуқуқ надорад ҳолатҳоеро, ки дар қарор муайян карда нашудаанд ё рад карда шуда буданд, муқаррар кунад ё ин ки исботшуда шуморад, ҳамчунин ҳуқуқ надорад, ки масъалаҳои исботшуда ё исботнашуда будани гуноҳ, эътиборнокӣ ё беэътибории ин ё он далел ва бартарии баъзе далелҳоро назар ба дигарашон, татбиқ кардани ин ё он қонунро аз тарафи суди марҳилаи якум ва масъалаи чораи ҷазои маъмуриро пешакӣ ҳал намояд.
  3. Суде, ки парвандаро ба тариқи назоратӣ баррасӣ карда, таъиноти суди марҳилаи кассатсиониро бекор мекунад, ҳуқуқ надорад, хулосаҳоеро, ки суди марҳилаи кассатсионӣ мумкин аст дар вақти маротибаи дуюм баррасӣ кардани парванда барорад, пешакӣ муайян намояд.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

jyudoshavo-oila

Сабаби ҷудошавии оилаҳо: 10-тои асосӣ

Вайрон шудани оилаҳо дар замони ҳозира боз ҳам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару …