Тарҳҳои ҷуброншаванда ва ихтисори захираҳо
Meg S
15.03.2018
Ҷамъият
49 Показы
Моддаи 151-и Кодекси Андоз. Тарҳҳои ҷуброншаванда ва ихтисори захираҳо

- Агар маблағи хароҷот, зарар ва қарзҳои шубҳаноки пештар тарҳшуда ҷуброн гардад, маблағи гирифташуда даромади он давраи андозбандие ҳисоб карда мешавад, ки дар он ҷуброн анҷом дода шудааст.
- Агар захираҳое, ки нисбат ба онҳо пештар мутобиқи моддаҳои 115 ва 116 Кодекси мазкур тарҳ сурат гирифта шудааст, ихтисор шаванд, маблағи чунин ихтисор ба даромад дохил карда мешавад.
Кодекси Андоз 2018-03-15