Главная / Ҷамъият / Якҷоя кардани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Якҷоя кардани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Моддаи 146-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Якҷоя кардани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 

  1. Бо қарори судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) мумкин аст, парвандаҳо оид ба содир кардани як ё якчанд ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, парвандаҳо нисбати як шахс дар содир кардани якчанд ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки аз ҷониби як мақомот пеш бурда ё баррасӣ мегарданд, якҷоя карда шаванд.
  2. Мӯҳлати пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар он якчанд парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ якҷоя карда шудаанд, аз рӯзи оғози парвандае ба ҳисоб гирифта мешавад, ки аввал оғоз шудааст. Ба мӯҳлати умумии  парвандаҳои якҷоякардашуда тамоми вақти воқеии тақвимие, ки ба пешбурди он сарф шудааст, дохил карда мешавад.

Инчунин кобед

screenshot-2017-10-30-%d0%b8%d1%81%d0%bb%d0%b0%d0%bc12

Аркони Ислом чанд аст? – Рукн

Мо мусулмон ҳастем, аз ин РӮ бояд вазифаҳои муайяни, ки ба зиммаи мусулмонон гузошташударо, ичро …