Главная / Ҷамъият / Тартиби татбиқи санади ҳуқуқии байналмилалӣ нисбат ба андозбандии дигар даромадҳо аз манбаъҳои воқеъ

Тартиби татбиқи санади ҳуқуқии байналмилалӣ нисбат ба андозбандии дигар даромадҳо аз манбаъҳои воқеъ

Моддаи 137-и Кодекси Андоз. Тартиби татбиқи санади ҳуқуқии байналмилалӣ нисбат ба андозбандии дигар даромадҳо аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Ғайрирезиденте, ки аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даромад мегирад, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаҳои 134-136 Кодекси мазкур пешбинишуда, ҳуқуқ дорад то ба он пардохт гардидани даромад оид ба татбиқи муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалӣ аз рўи шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирии агенти андоз ариза пешниҳод намояд.
  2. Мақомоти андоз дар давоми 10 рўзи тақвимӣ аризаро баррасӣ намуда, дар ҳолати дуруст будани маълумоти дар ариза зикргардида аризаи пешниҳодшударо тасдиқ менамоянд.
  3. Дар ҳолати ғайриқонунӣ татбиқ гардидани муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалӣ, мақомоти андоз ба ғайрирезидент раддияи асоснок (қарори манфӣ) пешниҳод менамоянд.
  4. Дар ҳолати розӣ нашудан бо қарори манфии мақомоти андоз, ғайрирезидент ҳуқуқ дорад ба мақоми ваколатдори давлатӣ (ҳангоми зарурат бо ҷалби мақомоти салоҳиятдори мамлакати резидентӣ) бо ариза ҷиҳати баррасии такрории масъалаи қонунӣ будани татбиқи санади ҳуқуқии байналмилалӣ муроҷиат намояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …