Главная / Илм / «ҚОБУСНОМА»

«ҚОБУСНОМА»

kobusnoma«ҚОБУСНОМА», «Насиҳатнома», асари панду андарзист, ки Унсурулмаолии Кайковус с. 1082 – 83 барои фарзандаш Гелоншоҳ таълиф кардааст. «Қ.» аз 44 боб, ки дар шинохтани ҳаққи падару модар, дар фурӯтанӣ ва афзунии ҳунар, дар парвариши фарзанд ва оини он, дар дӯст парвардан ва расми он, дар илм, дар тиҷорат варзидан, дар расми деҳқонӣ ва пешаварӣ, дар оини ҷавонмардӣ ва ғ. баҳс мекунанд, иборат аст. Барои тақвияти фикр муаллиф ҳикояҳо овардааст. Бештари ҳикояҳои «Қ.» аз эҷодиёти халқанд. Аз асарҳои бадеӣ, таърихӣ ва саргузаштҳои худи муаллиф низ ҳикояҳо оварда шудаанд. Дар ҳикояҳои таърихии асар Нӯшервон, Бузургмеҳр, Афлотун, Суқрот ва диг. ба сифати қаҳрамони асосӣ бисёр андешаҳои баланди ахлоқӣ гуфтаанд. Дар баъзе ҳикояҳо услуби қисса андар қисса ба назар мерасад. Дар ҳикояҳо барои тасдиқи фикри муаллиф шеърҳои муосирони муаллиф иқтибос шудаанд.
Аз 44 боби «Қ.» сеяки он ба масъалаҳои беҳдошт ва тиб бахшида шудааст. Мас., дар боби 33 китоб роҷеъ ба омӯзиши пизишкӣ сухан меравад: «Бидон, эй писар, – гуфта шудааст дар он – агар табиб бошӣ бояд, ки усули илми тиб бидонӣ нек, чи ақсоми илмӣ ва чи ақсоми амалӣ». Муаллиф тавсия медиҳад, ки пизишк зимни муоинаи бемор бояд вазъи узвҳо, набз ва омилҳои дигарро муайян намояд. Вай бояд санъати мураттаб сохтани таркиби доруро аз бар карда бошад. Дар бораи усулҳои гуногуни муолиҷа дар «Қ.» гуфта шудааст: «Ва чун ҷинс донистӣ, навъро боздон то муолаҷат битавон кардан. Ва то ба ғизо кифоят шавад, ба дорувору тало (марҳам) макӯш ва то ба суфуфу (доруи хока) тало кифоят шавад, ба ҳаббу матбух ва маъҷун (доруи омехта) макӯш. Ва нигар, ки ба даво кардан далерӣ накунӣ то ба таскину лутф кор барояд, дар истифроғ таҷовуз макун ва даст мабар. Ва чун кор аз ҳад бихонад шуд, пас ба давои маҳз машғул шав ва ба таскин кардан машғул мабош. Ва ҳаргиз беморро муттаҳам макун… Ва бар бемори шикамбанда парҳези сахт ҳукм макун, ки қабул накунад, лекин дафъи мазаррати он чиз, ки вай хӯрда бошад, ҳамекун… Чун муолиҷа хоҳӣ кардан, андеша кун аз хӯришҳои пирон ва кӯдакон, ки муолаззати беморон бар ду гуна аст ва муолиҷ бояд ки ба ҳеҷ муолаҷате ибтидо накунад то нахуст огоҳ нагардад аз вақти беморӣ ва навъи иллат ва сабаби иллат ва мизоҷ ва сол ва санъати бемор ва таҷассуси табиаташ ва табъ ва ҷойгоҳ ва ҳоли мизоҷ… Ва бояд, ки «Васоёи Буқрот» хонда бошад то дар муолаҷати беморон шарти расоӣ ба ҷой тавонад овардан… Ва пайваста худрову ҷомаро пок дорад ва мутайябу муаттар (хушбӯй) бошад. Ва чун бар сари бемор шавад, ба бемор тозарӯю хушсухан бошад ва беморро дилгармӣ диҳад, ки тақвияти табиб беморро қуввати ҳарорати ғаризӣ биафзояд…»
«Қ.» ба забонҳои русӣ, немисӣ, туркӣ, англисӣ, франсавӣ тарҷума гардидааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …