Главная / Илм / ҚАҲҲОРОВ Абдурауф Носирович

ҚАҲҲОРОВ Абдурауф Носирович

nophoto-manҚАҲҲОРОВ Абдурауф Носирович (тав. 22. 9. 1933, Хуҷанд), ҷарроҳ, доктори илми тиб (1978), проф. (1981), акад. Академияи илмҳои байналмилалии антропологияи интегративӣ (1994), узви вобастаи Академияи байналмилалии мактаби олӣ (1995), акад. Академияи илмҳои тиббию техникии ФР (2008), Аълочии тандурустии ИҶШС (1980), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2001). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1958). Ассистенти кафедраи анатомияи муқаррарии ДДТТ, аспиранти Донишкадаи тиббии якуми Москва ба номи И. М. Сеченов (1958 – 63), ординатори шӯъбаи ҷарроҳии Беморхонаи ҷумҳуриявии №1, ассистенти кафедраи ҷарроҳии умумии факултаи дармон (1964 – 77), дотсент, проф. кафедраи ҷарроҳии умумии факултаи педиатрӣ (1978 – 81), мудири кафедраи ҷарроҳии умумии факултаи дармон ва кафедраи бемориҳои ҷарроҳиталаби факултаи даҳонпизишкӣ (1981 – 2003), мудири кафедраи колопроктология ва декани факултаи ҷарроҳии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон, проф. – мушовири Маркази шаҳрии колопроктологӣ (аз с. 2003). Қ. дар мавзӯи «Хусусиятҳои мавзеии системаи лимфавӣ ва хунгарди рӯдаи борик ҳангоми солим ва бемор будани он» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Тағйироти морфологию вазифавии ҷигар ва талхадон ҳангоми бемории холесистит – тадқиқи клиникию морфологӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Қ. дар бораи бемории ҷоғар тадқиқот бурда, усули нави ҷарроҳии он – буриши фронталии ғадуди ҷоғарро дар амал ҷорӣ намудааст. Натиҷаи чунин ҷарроҳӣ с. 1969 дар конфронси ҷарроҳони Осиёи Марказӣ (ш. Фрунзе) баррасӣ гашта, баҳои баланд гирифт. Дар робита ба усули мазкури ҷарроҳӣ тарзи буриши фронталии ғадуди ҷоғари мунташир (диффузӣ) ва лимфамотозии Хошимоторо таҳия кард. Қ. аз асосгузорони илми колопроктология дар ҷумҳурӣ аст. Бо кӯмаки ӯ дар бисёр шаҳру вилоятҳои кишвар шӯъбаҳои колопроктологӣ ташкил карда шуданд. Сармуҳаррири маҷаллаи «Нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон» (аз с. 1995). Муаллифи беш аз 200 асару мақолаҳои илмӣ, 11 китоб, 3 дастури таълим, 52 навоварист. Таҳти роҳбарии ӯ 15 наф. рисолаи номзадӣ ва 3 наф. рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Узви Комиссияи масоили проктологияи Россия (аз 1994).
Ос.: Ҷарроҳии меъдаю рӯдаи дувоздаҳангушта, Д., 1986; Реши узвҳои ҳозима, Д., 1987; Уход за хирургическими больными, Д., 1984, 1989; Дарди сина ва муолиҷаи он, Д., 1989; Парастории беморон дар шифохонаи ҷарроҳӣ, Д., 1993; Анатомияи одам , Д., 1996; Ҷарроҳии умумӣ , Д., 1997; Новый способ хирургического лечения послеродовых старых разрывов промежности, Прага, 2001; Диагностика и хирургическое лечение зоба, Д., 2008.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …