Главная / Ҷамъият / БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2020

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва бо мақсади рушди истеҳсолоти кишоварзии сермаҳсул ва даромаднок дар асоси истифода ва идоракунии босуботи захираҳои табиӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи он тасдик карда шавад (замимаи 1 ва 2).
  2. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати иҷрои Барномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
  3. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси васеи рафти иҷрои Барномаи мазкурро дар воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
  4. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Барномаи мазкур ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                             Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 1 августи соли 2012, № 383

ш. Душанбе

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …