ИЛИН Виталий Сергеевич (тав. 1904), биохимик, доктори илми биология (1943), профессор, узви пайвастаи АИТ ИҶШС. Хатмкардаи Ин-ти тиббии Санкт-Петербург (1927). Ходими илмии лабораторияи патологияи озмоишии Ин-ти давлатии табиатшиносии ба номи Лесгафт (1927 – 30), ассистенти кафедраи биохимияи Ин-ти тарбияи ҷисмонӣ (1930 – 33), мудири лабораторияи озмоишии Ин-ти хунгузаронӣ (1933 – 34), ассистенти кафедраи биохимияи Ин-ти тиббии 1-уми Санкт-Петербург (1934 – 39). Авг. с. 1940 ба Тоҷикистон даъват карда шуд. С-ҳои 1940 – 45 мудири кафедраи химияи биологии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино буд. Баҳри ташкилу ба роҳ мондани корҳои педагогӣ ва илмию тадқиқотии кафедра кӯшиши зиёд ба харҷ додааст. Пажӯҳишҳои И. ба физиология, бемориҳои танзими асабию эндокринии мубодилаи моддаҳо дар бофтаҳои мушак ва масоили хунгузаронӣ бахшида шудаанд. С-ҳои 1941 – 42 ҳамзамон муовини ректор оид ба қисми илмӣ буд. Яке аз асосгузорони Ҷамъияти илмии тиббии Тоҷикистон. Барои хизматҳояш дар кори тарбияи мутахассисони ҷавон бо Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷ. қадр гаштааст. Июли с. 1945 барои роҳбарӣ ба шӯъбаи биохимияи Ин-ти тибби озмоишӣ ба Санкт-Петербург даъват карда шуд.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон
Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …