Главная / Илм / ИБРОҲИМОВА Розия

ИБРОҲИМОВА Розия

nophotoИБРОҲИМОВА Розия (тав. 27. 10. 1932, ш. Хуҷанд), терапевт, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1978). Духтури хизматнишондодаи ҶШС Тоҷ. (1974). Хатмкардаи Омӯзишгоҳи тиббии ш. Ленинобод (ҳоло Хуҷанд; 1951) ва ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1959). Ҳамшираи шафқати таваллудхонаи ш. Ленинобод (1951 – 53), ординатори клиникӣ (1959 – 61), духтури беморхонаи №2 ш. Душанбе (1961 – 87), духтури қисми санитарию тиббии Вазорати сохтмони Тоҷикистон (1987 – 89). Аз с. 1989 нафақагир.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …