Главная / Гуногун / Хонҳои Хуқанд (охири асри XVIII- ибтидои асри XIX)

Хонҳои Хуқанд (охири асри XVIII- ибтидои асри XIX)

Хонии Хуқанд дар охири асри XVIII ва ибтидои асри XIX сарзамини васеъро ишғол намуд. Шаҳрҳои Хуқанд, Намангон, Андиҷон, Марғелон, Уш (дар водии Фарғона), Тошканд ва Туркистон, ноҳияҳои ҳозираи Тоҷикистон – Исфара, Конибодом, Ашт, каме дертар Дарвоз, Қаротегин ва Помир ба ин хонӣ тобеъ буданд. Бо ин қаноат накарда, хонҳо барои васеътар гардонидани мулки худ лашкаркашӣ ва хунрезиҳои зиёде кардаанд.

Норбутабӣ панҷ писар ва панҷ духтар дошт. Баъд аз вафоти ӯ писараш Олимхон тахтнишин гашт. Ӯ зиёда аз даҳ сол (1800-1810) ҳукм ронда, дар синни 36-солагӣ аз тарафи бародараш Умархон қатл шуд.

Олимхон барои мустаҳкам намудани хонии Хуқанд баъзе тадбирҳо андешид. Ӯ иқдом кард, ки баъзе урфу одатҳоеро, ки ба шариати ислом мувофиқат намекунанд, барҳам диҳанд. Чунончи, касоне, ки худро дуруғ сайидзода ва ё шайхзода эълон карда буданд, ҳамаро манъ намуд.

xoni-kukand

Дар Мовароуннаҳр ва вилоятҳои дигар расм буд, ки дар ҳар ҷо дарахти азим бошад, он ҷоро, мазор пиндошта, латта меовехтанд, чароғ дар мегиронданд, ва аз он макон ёрӣ металабиданд ва худро дар гумроҳӣ меандохтанд. Бо фармони Олимхон ин қабил дарахтҳоро аз беху бунёдаш барканданд.

Чораи навбатии Олимхон нисбат ба гадоҳо буд. Яъне гадоҳое, ки бо вуҷуди давлат доштан гадоӣ мекарданд, ҳамаро хон ҷамъ намуда сорбон сохт. Ба ҳар кадоми онҳо як уштур биспурд, ки онҳо фарбеҳ кунанд, дар вакти борбарӣ ба корхонаи подшоҳӣ хозир созанд.

Аз рӯи мушоҳидаи Олимхон дар қаламрави ӯ шайхтарошоне буданд, ки худро валӣ сохта, бардуруғ кароматфурушӣ мекарданд ва мусулмононро мефирефтанд. Хон ҷумлаи ин қабил одамонро ҷамъ намуда, имтиҳон намуд. Онро, ки кораш ба шаръ мувофиқ буд, ба иззати тамом рухсату иҷозат медод. Онро, ки кораш бар хилофи шаръ дармеёфт, ба чандин хорӣ тавба медод.

Аз ин чораҷӯиҳо бармеояд, ки Олимхон марди соҳибмаърифат буд. Бесабаб нест, ки ӯ пайрави тариқаи ҷаҳрия буд ва ҳар рӯз баъд аз хуфтан дар қасри худ ҷаҳр мекард.

Чораҳои андешидаи Олимхон сабаби норозӣ гаштани баъзе табақаҳои ашроф ва сардорони қабилаҳои бодиянишин гашт. Барои худмуҳофизатӣ хони мазкур сафи сарбозонро аз ҳисоби ҷавонони кӯҳистонӣ – Мастчоҳ, Қаротегин ва Дарвоз афзун гардонид. Қисми савораи лашкари Хуқанд ба даҳ ҳазор расид. Барои ин миқдор сарбозро аз хурок ва лавозимоти ҳарбӣ таъмин намудан Олимхон ба таҷовузи мулкҳои дигар омода гашт. Ӯ борҳо барои ишғоли Хуҷанд, Ӯротеппа ва Ҷиззах лашкар кашидааст.

Амалиёти таҷовузкоронаи хони Хуқанд ба нафси амири Бухоро мерасид. Байни ин ду давлат барои ишғоли мулки Ӯротеппа задухурдҳои бисёре ба миён омаданд.

Чун тасарруфи Ӯротеппа ба Олимхон муяссар нашуд, қусури онро аз ҷои дигар баровард. Дар охирҳои ҳукмрониаш Тошканд ва қабилаҳои қазоқи ҳамҷавори онро ба қаламрави худ дохил кард.

Олимхон дар бобати марказонидани давлат ҷидду ҷаҳди бисере ба харҷ дод. Вале мухолифати доираҳои бонуфузи аъёну ашроф ва рӯҳониёнро бартараф карда натавонист.

Ба гурӯҳҳои аз Олимхон норозӣ муяссар гашт, ки суиқасд ташкил намуда, хонро ба қатл расонанд. Ба ҷои ӯ бародараш Умархон (1810-1822) ба тахт нишаст. Дар аҳди салтанати ӯ сохти маъмурии давлати хонӣ комилан ташаккул ёфт. Умархон ба тарафи шимол лашкар кашида, масоҳати паҳновари даштҳои қазоқнишинро аз баҳри Арал то Ҳафтруд ишғол намуд. Хамин тариқ, як қисми қабилаҳои қирғизу қазоқ ба қаламрави хони Хуқанд дохил гардид. Табақаи ашроф дар солҳои ҳукмронии ӯ ба имтиёзҳои пешинаи худ молик гардида, мансабҳои олии давлатиро соҳиб гаштанд. Умархон борҳо барои ишғоли Хуҷанд, Ӯротеппа ва Ҷиззах бо ҳокимони ин мулкҳо ва амири Бухоро ҷангидааст. Хунрезӣ ва қатлу ғорати лашкари Хуқанд ҳаду канор надоштанд. Масалан, соли 1816 Умархон Ӯротеппаро ишғол намуда, зиёда аз ду ҳазор касро қатл кард. Сездаҳ ҳазор одамро асир намуда, ба мулки худ овард. Бо қувваи асирони Ӯротеппагӣ шаҳре бо номи Шаҳри Хон бино карда, садҳо таноб замин обёрӣ карда шуд. Дар муддати ҳафт сол аз рӯи фармони Умархон асирони мазкур ҳуқуқи хона сохтан надоштанд. онҳо дар ҷайлаву чодарҳо истиқомат мекарданд.

Бо роҳи қатлу ғорат ва истисмори мардуми зеридаст ба Умархон муяссар мешавад, ки иқтидори иқтисодии мулки худро ба дараҷаи нисбатан баланд бардорад.

Умархон худ шоир буд ва бо тахаллуси Амир шеър мегуфт. Дар солҳои ҳукмронии ӯ дар Хуқанд доираи адабӣ арзи вуҷуд намуд. Яке аз шоираҳои соҳибсалиқаи ин дойра ҳамсари Умархон – Моҳларойим буд, ки бо тахаллусҳои Макнуна, Нодира ва Комила шеър эҷод мекард.

Баъд аз вафоти Умархон писари 15-солааш Муҳаммадалихон ба тахти Хуқанд нишаст. Даставвал ӯ шахсони ба худ номаъқул ва маҳдудкунандаи амалиёти ӯро аз дарбор дур кард. Сиёсати падар ва амакашро давом дода, ӯ борҳо барои ишғоли Қошгар, вилоятҳои ҷануби Қазоқистон, Ӯротеппа, Ём ва ҷойҳои дигар лашкар кашид. Қаротегин, Кулоб, Дарвоз ва як қисми Бадахшон дар замони ҳукмронии хони мазкур як муддат тобеи Хуқанд гаштанд.

Дар хонии Хуқанд ва аморати Бухоро баъди ба сари қудрат омадани Муҳаммадалихон воқеаҳои бисёре рӯҳ доданд. Мақсади ҳар кадоми онҳо ба даст дароварданӣ шаҳрҳои Ҷиззах, Хуҷанд ва Ӯротеппа буд.

Тақрибан соли 1828 Муҳаммадалихон Ӯротеппаро забт намуда, ба амир Насрулло созишномаи сулҳро пешниҳод кард. Амири Бухоро ин таклифро қабул намуд. Сулҳ байни ду давлат аз соли 1830 то соли 1840 устувор нигоҳ дошта шуд.

Аз соли 1840 то соли 1866 байни хонии Хуқанд ва аморати Бухоро муборизаҳои шадид давом карданд. Дар ин муддат шаҳрҳои Хуҷанд ва Ӯротеппа ҳар якуним сол аз дасти хон ба дасти амир мегузаштанд ва барақс.

Яке аз баҳонаҳои вайроншавии сулҳи даҳсола дар соли 1840 ин ба тарафи амир Насрулло гузаштани бародари Муҳаммадалихон – Султон Маҳмудхон буд. Амир Насрулло ӯро қабул карда нисбати ин марди аз бародари худ норозигашта меҳрубониҳо зоҳир намуд.

Барои доиман дар зери хавф нигоҳ доштани мулкҳои зери тасарруфи хони Хуқанд буда, амири Бухоро Султон Маҳмудро ҳокими Урметан таъин кард. Хони Хуқанд ба ҷанг зидди Бухоро омода гашт. Вале дар назди Ӯротеппа ӯ шикаст хурда ақибнишинӣ намуд. Хуҷанд ба амири Бухоро бе ҷанг таслим шуд.

Амир Насрулло аз ақиби лашкари Муҳаммадалихон сарбози даҳҳазорнафараро бо сафирҳо равон кард. Хони Хуқанд эҳсос намуд, ки кор аз даст рафтааст. Бинобар ин ӯ ба ҳузури амири Бухоро писарашро бо муҳри давлати равон кард. Сафирҳои Хуқанд ба амир хабар расонданд, ки ин хон ба Насрулло шаҳрҳои Хуҷанд, Тошканд ва Туркистонро бо хироҷи яксолаи давлати ва боҷи аз савдогарон ҷамъовардааш медиҳад. Илова бар ҳамаи ин дар хутба номи амир Насрулло гирифта мешавад. ҳамаи ин гузоришҳо маънии аз даст додани истиқлолият ва тобеи аморати Бухоро гаштани хонии Хуқандро дошт.

Амир Насрулло бо ин гузоришҳо қаноатмандӣ хосил намуда, бародари Муҳаммадалихон – Султон Маҳмудро ҳокими Хуҷанд таъин карда, ба Бухоро баргашт.

Муҳаммадалихон рӯякӣ ба шартҳои Амири Бухоро розӣ шуда, дар амал бар зидди Бухоро ба ҷанг омода мегашт. Дар ин кор модараш Моҳларойим (Нодира) ба ӯ кӯмак мерасонд. Ин зан ба Хуҷанд ба назди писари хурдиаш Султон Маҳмудхон омада ӯро барои оштӣ бо бародараш Муҳаммадалихон моил намуд. Созиш намудани ду бародар маънои онро дошт, ки Хуҷанд аз тасарруфи Бухоро баромада, боз ба хонии Хуқанд ҳамроҳ шудааст.

Ин хабар Амир Насруллоро ба ғазаб овард ва ӯ соли 1842 ба самти Хуқанд лашкар кашид. Ин навбат пойтахти хонигарӣ шаҳри Хуқанд аз тарафи амир ишғол шуд.

Хони Хуқанд Муҳаммадалихонро бо писараш, модараш Нодира ва бародараш Султон Маҳмуд ба қатл расонд. Нӯҳ моҳ Хуқанд зери идораи дастпарвари Бухоро қарор гирифт.

Муҳаммадалихон марди золим ва бетараҳҳуме буд. Ӯ одамони бегуноҳро ба қатл мерасонд. Чун шуҳратпарасти фосиқ умр ба cap мебурд, айшу нуш ва кайфу сафо шуғли доимии Муҳаммадалихон ба шумор мерафт. Муҳаммадалихон кафтарбозиро дуст медошт. Дар ҳар ҷое, ки кафтарҳои бозингар парвариш мешуданд, ба он ҷо лашкар кашида, соҳиби ин парандаҳо шудан мехост. Бо ин васила ҳамнишастии ӯ аксар вақт кафтарбозони касбӣ ва авбошони шаҳрӣ буданд. Рафтори номуносиби хони Хуқанд барои ишғоли ин мулк, қатли Муҳаммадалихон ва наздикони ӯ аз тарафи амир Насрулло баҳона шуд.

Баъд аз дуним моҳи ин воқеа ҳокимияти Бухоро дар Хуқанд аз тарафи сарварони қабилаҳои қирғизу қипчоқ бо иттифоқи мардуми шӯришбардоштаи шаҳри Хуқанд сарнагун гашт. Ба сари ҳокимият ҷияни Норбутабиӣ Шералихон (1842-1844) омад. Ӯ тавонист, ки ҳокимияти Хуқандро бори дигар дар Тошканд, Курама, Хуҷанд ва ҷанубии Қазоқистон барқарор намояд. Дар солҳои ҳукмронии ӯ қабилаи қипчоқ бо сарварии Мусулмонқул дар мулки Хуқанд обрӯ ва нуфуз пайдо намуд. Мубориза барои тахти хонӣ байни ворисони Олимхону Умархон аз як тараф ва қипчоқдо аз тарафи дигар, ба хунрезиҳо оварда, Шералихон қатл шуд. Писари ӯ Худоёрхон соли 1844 ба тахти Хуқанд соҳиб гашт. Вале дар ин сарзамин худсарии қипчоқҳо ба дараҷаи баланд расид. онҳо соҳибихтиёрона амал намуда, мардуми таҳҷоии Хуқандро аз худ паст шуморида, таҳқир мекарданд. Оқибат бар зидди Мусулмонқул ва қабилаи қипчоқ балвои омма бархеста, ҳокимияти бодиянишинон барҳам хурд. Соли 1852 Мусулмонқул қатл шуд.

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …