Главная / Илм / ҒУЛОМОВ Минҳоҷ

ҒУЛОМОВ Минҳоҷ

gulyamovҒУЛОМОВ Минҳоҷ (3. 09. 1929, Самарқанд – 6. 05. 1996, Душанбе), психиатр, доктори илмҳои тиб (1965), проф. (1966), узви вобастаи АИТ ИҶШС, Духтури шоистаи ҶШС Тоҷ. (1964), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷ. (1974), дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1977). Сарпсихиатри Вазорати тандурустии ҶТ (1957 – 1996). Донишкадаи тиббии Самарқанд ба номи И. П. Павловро хатм кардааст (1952). Ординатори Пажӯҳишгоҳи психиатрияи Москва, аспиранти Донишкадаи умумииттифоқии психиатрияи умумисудии ба номи В. П. Сербский (1952 – 60), мудири кафедраи психиатрия (аз с. 1960) ва ҳамзамон (аз с. 1974) проректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Муаллифи 377 мақолаҳои илмӣ, 8 китоб, 18 монография, 48 дастурамал, 15 кашфиёт. Тадқиқоти Ғ. асосан ба масъалаҳои умдаи психиатрӣ бахшида шудаанд. Нахустин бор алоқамандии манбаи синдроми Кандинскийро бо бемориҳои асосӣ (мас. шизофрения) муайян кард. Ҳамчун сарпсихиатри Вазорати тандурустӣ дар кори ба роҳ мондани умури махсуси психиатрӣ, наркологӣ ва судию психиатрӣ дар кишвар саҳми босазо дорад. Бори аввал дар собиқ ИҶШС беморхонаи наркологӣ бо қисмати эҳё (реаниматсия) ташкил кардааст. Ғ. зиёда аз 40 соли ҳаёти худро ба тарбияи мутахассисони ҷавон бахшидааст. Зери роҳбарии ӯ 34 наф. рисолаи номзади илм ва 2 наф. рисолаи докторӣ ҳимоя кардаанд. Шогирдони Ғ. имрӯз дар тамоми гӯшаю канорҳои ҷаҳон (ИМА, Англия, Германия, Франсия, Полша, Исроил, Россия, Қазоқистон ва ғ.) фаъолият доранд. Ғ.-ро берун аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мешинохтанд ва чун олим эҳтиром мекарданд. Бо номи ӯ чандин феномену психозҳо гузошта шудаанд, мас., «Шакли тавоҳумии алоими автоматизми равонии Ғуломов», «Тавоҳуми даҳонуҳалқии Ғуломов», «Алоими Кандинский-Клерамбо-Ғуломов» ва ғ. Борҳо ҷонишини раиси Ҷамъияти илмии умумииттифоқии равонпизишкони Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон интихоб шудааст. Солҳои охири ҳаёташ вазифаи ноиби президенти Федератсияи ҷамъиятҳои илмӣ ва ассотсиатсияҳои равонпизишкон ва наркологҳои ИДМ-ро ба ӯҳда дошт. Раиси ассотсиатсияи равонпизишкони ҶТ, узви Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии равонпизишкон (аз с. 1996), раиси Шӯрои олимони тибби Вазорати тандурустии ҶТ, аъзои Шӯрои таҳририяи маҷ. «Невропатология и психиатрия» (Москва) ва «Нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон». Борҳо дар конгрессу симпозиумҳои умумиҷаҳонӣ баромад кардааст. С. 1986 эксперти Созмони Байналмилалии Тандурустӣ (СБТ) оид ба масъалаҳои равонпизишкӣ ва наркология таъйин гашт. То имрӯз аз ҷамоҳири Осиёи Марказӣ каси дигар ба ин шарафёб нашудааст. Муаллифи Қонуни ҶТ «Дар бораи кӯмаки равонпизишкӣ». Барои саҳми арзандааш дар пешрафти илми тоҷик бо ордени Ленин, «Инқилоби Октябр», ду ордени «Нишони Фахрӣ», нишони «Аълочии Вазорати саноати химияи Ҷумҳурии Халқии Булғория», нишони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҶТ ва бисёр ифтихорномаҳо сарфароз гаштааст. Кафедраи равонпизишкӣ, наркология ва психологияи тиббӣ, ҳамчунин стипендия ва Маркази клиникии ҷумҳуриявии наркологӣ ба номи Ғ. гузошта шудааст.
Ос.: Клинико-экспериментальное исследование псевдодеменсии, М., 1957; Синдром психического автоматизма Кандинского в рамках различных клинико-нозологических форм психозов, Д., 1965; Психиатрия, Д., 1993; Равонпизишкӣ, Д., 1996; Общая, возрастная и частная психология, Д., 1997.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …