Главная / Ҷамъият / Дар интернет пул кор кардан (11 – усул)

Дар интернет пул кор кардан (11 – усул)

Чихел пул кор кардан дар интернетро донистан мехоҳед?    Қариб 70%-и шаҳрвандони Тоҷикистон ки қобили меҳнат мебошанд орзу доранд, ки дар интернет ҳамчун иловатан пул кор кунанд.  Дигар тарафи масъала дар он аст, ки на ҳама вақти кифоягӣ барои дар интернет кор карданро дорад, чун ки дар ҷойи кори асосиашон уҳдадориҳои вазифавиашон чандон имкон намедиҳад.  Масалан шумо сари дастгоҳи техникӣ ҳастед, фурушандаи мағоза ва ё ронандаи троллейбус.   Лек агар шумо шахси бекор масалан хонашин ва ё дар рухсатӣ бошед пас метонед дар интерент пул кор кунед.

Бояд донед, ки дилхоҳ кор вақт, меҳнат ва донишу тартиботро металабад.  Яъне шумо бояд  пайваста сари компютер ва ё смартфони интернетдор шинеду меҳнат кунед ва фоидаашро танҳо бо гузашти вақт ба даст хоҳед овард.  Лек бояд донист, ки донистани забони руссӣ ва ё англисӣ дар ин соҳа хеле муҳим аст.   Хуллас чунин роҳҳои пулкоркунӣ дар интернет мавҷуд.

internet

Лайкмонӣ

Ин аз ҳама кори осон вале камдаромад аст. Барои ин одамон вақти худашонро дар сомонаҳои иҷтимоӣ сарф мекунанд. Ширкатҳо дар сомонаҳои иҷтимои рекламаи худашоро мекунанд ва шумо бояд онҳоро лайк монед, ё ба дигарон ирсол намоед ва инчунин перепост намоед. Чунин кор ба ширкатҳо имкон медиҳад ки дар бораи онҳо мардум бисёртар донанд. Барои ин бояд шумо масалан ба сомонаи Фейсбук, Вконтакте ё Одноклассники дароеду худро ба қайд гиред, вазифаро қабул намоед ва корҳои таблиғотиро (лайкунӣ, даъват кардан ба гуруҳ, репост кардан, ҳамроҳ кардани видео, навишати эъзоҳ ) таъмин намоед. Одатан барои ҳар як намуди кор 10-15 дирам дода мешвад. Агар рузи дароз дар интерент шинед пас то андозае (500-1000) сомони дар як моҳ кор кардан мумкин.

Саволпурсӣ

Дигар намуди пул коркардан ин гузаронидани саволнома – пурсишнома мебошад. Ширкатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд оиди маҳсулоти худ фикри ҷамъиятро гиранд ва барои ҳамин ҳам саволномаҳои пулакиро ташкил мекунанд. Вазифаи шумо ба саволномаи мазкур фикри одамонро ташкил кардан аст. Барои ин шумо бояд саволномаро дар шабакаҳои иҷтимои ҷойгир карда одамонро даъват кунед, ки фикри худро нисбати ин ё он савол баён намоянд. Дар ин соҳа нисбати лайкмони якчанд маротиба бештар фоида гирифтан мумкин аст. 

Тавсиянависӣ

Боз як намуди кор кардан ин навиштани тавсияи пулакӣ  нисбати ин ё он мол ё хадамот дар сомонаҳо аст. Масалан шумо нисбати яхдонҳо тавсия менависед. Ба сифати чунин сомона метавонад otzovik.com бошад.

Эзоҳ

Эзоҳи пулакиро инчунин тибқи дархости ягон кас навиштан мумкин. Як қатор биржаҳо ҳастанд, ки  дар он ширкатҳо барои молу маҳсулоташон мехоҳанд эзоҳ гиранд. Масалан сомонаи qcomment.ru.. Нархи кор вобаста ба сифати эзоҳ аст. Яъне чиқадаре, ки шумо вазифаи гузоштаро хуб омузед, ва эзоҳи дилписанд нависед ҳамон қадар фоидаи зиёд мегиред. Барои ин дониши баланд ва ҳунари баёнкунӣ бошад. Ин кор нисбати корҳои дар боло гуфташуда мушкилтар аст ва фикр металабад.  Одамоне ки ба ин кор машғуланд SMM менеҷер меноманд ва ин кор дар сомонаҳои ҷитимои асосан ба амал бароварда мешавад.

Матннависӣ ё нависандагӣ

Шахсоне ки матн менависанд номашон копирайтер аст ва онҳо метавонад дар сомонаҳои фриалансери даромада хизматрасонии матннависӣ кунанд. Одатан на ҳама вақт нависанда будан муҳим аст. Масалан нависанда оиди чихел мошинро тармим карданаш чандон маълумот надорад вале муҳандис хеле масъаларо дуруст баён мекунад.

Инчунин гуфт, ки дар интернет сомонаҳои вобаста ба фуруш ё харидани матнҳои тайёр ҳастанд ки дилхоҳ кас метонад аз онҳо истифода барад. Масалан сомонаи  Аdvego.com  Шахсе ки матни босифат месозаду ва тӯлони дар ин сомонаҳо кор мекунад соҳиби рейтинги баланд мегирад ва барои фаъолияти пурбаракаташ мусоидат мекунад.  Дар ин ҷода то 1000-2000 доллар дар як моҳ кор кардан мумкин.

Фриланс

Яке аз сомонаи беҳтарин барои кори фрилансерӣ ин www.fl.ru аст. Дар ин сомона одамон дар соҳаҳои гуногун аз ҷумла расмкашӣ, дизайнерӣ, барномасозӣ, монтажи видео, оҳангсозӣ, таҳлилӣ, тарҷума ва ғайраву ва ғайра аст. Ҳар кас метонад тариқи офлайн вазифаро диҳад ва ё гирад. Дар ҷаҳон чунин сомонаҳо дар дигар забонҳо низ ҳаст ки он ҷоо мардуми амрико ва дигар мардуми кишварҳои тараққикарда ҳастанд, ки ҳаққи корро гаронтар медиҳанд.

Сурат-расм

Шумо агар суратгири моҳҳир бошед пас сомонаҳои махсус ҳастанд ки дар он шумо суратҳоятонро мемонед ва аз он одамон суратҳоро мехаранд. Масалан сомонаи shutterstock.com. Чунин сомонаҳоро фотобанк меноманд. Барои ба чунин кор кардан аввал ба сомонаҳои чунин аввал худро қайд мекунед ва баъдан суратҳоро барои санҷиш равон мекунед ва агар соҳиби сомона онҳоро маъқул донанд пас ба шумо зарур аст ки ҳуҷҷатҳои тасдиқиро ба онҳо равон карда мувофиқаи охиринро гузаред.

Фуруши харид

Дар сомонаҳо хариду фуруши молу маҳсулотро ташкил кардан мумкин. Масалан эълон оиди фуруши сомонаҳои ё эълон оиди фуруши қарзи бонкҳо ва ғайра. Шумо масалан агенти ягон ширкати саёҳӣ мешаваед ва маҳсулоти онҳоро дар интернет мефурушед.

Интернет-мағоза

Шахсоне, ки мехоҳанд пули зиёдро дар интернет кор кунанд, пас бояд сомонаи интернет мағозаи худро дошта бошанд. Масалан дар тоҷикистон сомонаи somon.tj   fara.tj rg.tj   ва ғайраҳо ба ин мисол шуда метонанд. Шумо дар сомонаатон моли мефурухтаро мегузоред ва одамон дархости харид медиҳанду пулашро тавассути корти бонки пасрдохт мекунанд. Шумо бошед тавасути шикати боррасон молро ба харидор бурда мерасонед.

 Бо чунин усул зиёда аз 5-10 ҳазор доллар дар як моҳ даромад гирифтан мумикин аст.

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …