Аввал аз гӯшаҳои ҳавзи оббозӣ ба об ҷаҳиданро ёд гиред (расми 51). Пас аз нафас кашидан бо пойҳо такон гирифта (дастҳо ба бадан ҷафс карда шудаанд), ба об ҷаҳед.
Пас аз ба об афтидан бо дастҳо ва пойҳо ҳаракатҳои шиноварӣ карда, ба рӯи об бароед. Пас аз омӯхтани ҷаҳидан ба об аз гӯшаҳои ҳавз, ба ҷаҳидан аз болои курсӣ гузаред (расми 52).