Главная / Илм / АСТСИТ

АСТСИТ

58271ea39980347ac0eadac98fc22e55АСТСИТ (аз юн. askites – машки об), дар ҷавфи шикам ҷамъ шудани моеъот. Дар натиҷаи ихтилоли гардиши хун дар вариди бобӣ (ҳангоми сиррози ҷигар, омоси саратонии ҷигар ва диг. узвҳои шикам, нуқси дил, гоҳо ҳангоми бемориҳои гурда) пайдо мешавад. Калон шудани шикам (дар мавриди дароз кашидан мисли шиками қурбаққа аст), дар вақти ангуштзанӣ омадани садои кунд, дамкӯтаҳӣ ва ғ. нишонаҳои А. мебошанд. А.-ро обварам низ меноманд. Ниг. низ Обварами талхадон, Обварами хоя, Обварами шуш.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …