Главная / Илм / АРТРАЛГИЯ

АРТРАЛГИЯ

psoriaticheskij-artritАРТРАЛГИЯ (Arthralgia; аз юн. arthron – банд ва algos – дард), дарди бандҳо. Дард пайдо кардани чандин бандаҳоро полиартралгия меноманд. А. дар мавриди бемориҳои тарбодӣ, сироятӣ, эндокринӣ ва ғ. мушоҳида мешавад. Сабаби пайдоиши дард нӯги асабҳои ғилофаи бандҳоро ангехтани маҳсули илтиҳоб, аксуламалҳои иммунологӣ, токсинҳо, кристаллҳои намак (мас., уратҳо), остеофитҳо ва ғ. мебошад.
Бо мақсади муолиҷаи А. бемории асосиеро, ки сабаби пайдоиши дард шудааст, табобат кардан лозим. Ҳамчунин аз аналгетикҳо, гармӣ ва марҳамҳо истифода мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …