Бозингарон ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд. Бо роҳи қуръапартоӣ як гурӯҳ якум мешавад ва дар болои хат саф мекашад. Ҳар як бозингар дар даст яктогӣ тӯби хурд дорад.
Дар масофаи 5-8 метр аз бозингарон дар хати рӯ ба рӯи бозингарон 10-12 тӯбча дар масофаи 50-80 см дур аз якдигар гузошта шудааст. Бо ишораи роҳбар ҳамаи бозингарон тӯбҳоро якбора мепартоянд, кӯшиш мекунанд, ки ҳар қадар зиёдтар тӯбчаҳоро афтонанд. Тӯбчаҳои афтида- ро ба ҳисоб гирифта ва ба ҷояш мегузоранд.
Гурӯҳ тӯбҳои партофтаашонро ҷамъ оварда, ба гурӯҳи дигар медиҳад. Он гурӯҳ ҳам дар навбати худ кӯшиш менамояд, ки ҳар қадар зиёд тӯбчаҳоро афтонад. Тӯбро якчанд маротиба мепартоянд. Гурӯҳе, ки тӯбчаҳоро бисёртар меафтонад, ғолиб меояд (расми 41).