Главная / Ҷамъият / Таъминоти молиявии фаъолияти шаҳрсозӣ

Таъминоти молиявии фаъолияти шаҳрсозӣ

 Моддаи 84-и  Қарори шаҳрсозӣ. Таъминоти молиявии фаъолияти шаҳрсозӣ 

  1. Фаъолияти шаҳрсозӣ аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ, худӣ ва маблағи бадастовардаи фармоишгар, саҳмгузории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои рушди инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ, инчунин маблағи дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешавад.
  2. Маблағгузории фаъолияти шаҳрсозӣ аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешавад:

– ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозие, ки дар қисми 1 моддаи 44 Кодекси мазкур пешбинӣ карда шудаанд;

– ҳангоми гузаронидани мониторинг ва корҳои илмию таҳқиқотии фаъолияти шаҳрсозӣ, таҳияи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ;

– таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки умумидавлатии рушди ҳудуди ҳолатҳои фавқулоддаи экологӣ ва фалокатҳои экологӣ, масканҳои таърихӣ, инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоии дорои аҳамияти умумидавлатӣ, дигар барномаҳои мақсадноки умумидавлатӣ, инчунин пешбурди кадастри давлатии шаҳрсозӣ.

  1. Истифодаи маблағи шаҳрсозӣ барои маблағгузории фаъолияти дигари шаҳрсозӣ дар ҳолатҳое амалӣ карда мешавад, ки агар азхудкунии ҳудудҳои шаҳрсозӣ ба манфиати давлатӣ, байниминтақавӣ ё манфиати гурӯҳҳои маҳалҳои аҳолинишин таъсир расонад.
  2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳангоми ташаккул додани рӯйхати мушаххаси ҳарсолаи сохтмонӣ вазифадоранд аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузории корҳои зеринро пешбинӣ намоянд:

– таҳия, мувофиқасозӣ ва гузаронидани экспертизаи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, ки бандҳои 2), 3) ва 4) қисми 1 моддаи 44 Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, ба истиснои ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои сохтмони объектҳо;

– гузаронидани таҳқиқоти маҷмӯии муҳандисӣ;

– таҳияи харитаи сейсмикии маҳалҳои аҳолинишин;

– таҳияи тарҳи маҷмӯии ҳудудии ҳифзи табиат;

– назорати муаллифӣ ба иморатсозиҳои ҷорӣ ва мониторинги татбиқи нақшаи генералии маҳалҳои аҳолинишин.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …