Моддаи 110-и Кодекси оила. Ӯҳдадории маъмурияти ташкилот дар бораи доштани алимент
Маъмурияти ташкилоти ҷои кори шахсе, ки ӯҳдадор аст алимент диҳад, вазифадор мебошад, ки дар асоси созишномаи аз ҷониби нотариус тасдиқшудаи тарафҳо ё варақаи иҷро ҳар моҳ аз музди меҳнат ва (ё) даромади дигари алиментдиҳанда, ки ӯҳдадор аст алимент супорад, ё аз ҳисобномаи шахси алиментдиҳанда на дертар аз се рӯзи пас аз санаи ба алиментдиҳанда додани музди меҳнат ва (ё) даромади дигари вай алиментро нигоҳ дошта, ба шахси алиментгиранда супорад.