Моддаи 314-и Кодекси Меҳнат. Назорати татбиқи созишнома ва шартномаҳои коллективӣ
- Назорати татбиқи созишнома ва шартномаҳои коллективиро комиссияҳои дахлдор оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ, тарафҳо (намояндагони онҳо), инчунин мақомоти аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоршуда амалӣ менамоянд.
- Назорати рафти иҷрои созишнома ва шартномаҳои коллективӣ дар асоси Низомномаи комиссияи сетарафаи ҷумҳуриявӣ оид ба шарикии иҷтимоӣ ва танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, амалӣ карда мешавад.