Моддаи 286-и Кодекси Меҳнат. Танзими меҳнати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо ва хизматчиёни давлатӣ
Танзими меҳнати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо ва хизматчиёни давлатиро Кодекси мазкур бо хусусиятҳои пешбининамудаи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шарт ва тартиби махсуси дохил шудан ба хизмат, адои хизмат ва қатъи он, шароити махсуси меҳнат, пардохти музди меҳнат, инчунин имтиёзҳои иловагӣ, бартарият ва маҳдудиятро муқаррар намудаанд, танзим мекунанд.