Главная / Ҷамъият / Тартиби қабули қарор аз ҷониби комиссияи созиш ва мазмуни он

Тартиби қабули қарор аз ҷониби комиссияи созиш ва мазмуни он

Моддаи 204-и Кодекси Меҳнат. Тартиби қабули қарор аз ҷониби комиссияи созиш ва мазмуни он

  1. Комиссияи созиш бо аксарияти овозҳои аъзои дар ҷаласаи комиссия иштирокдошта қарор қабул мекунад. Дар сурати қабул карда нашудани қарори дахлдор, масъала такроран аз нав баррасӣ карда мешавад. Бо талаби аризадиҳанда ё як нафар аз аъзои комиссия, овоздиҳии пинҳонӣ гузаронида мешавад.
  2. Дар қарори комиссияи созиш дарҷ карда мешавад:

– номи ташкилот (сохтор), насаб, ном, номи падар, вазифа (мансаб), касб ва ихтисоси корманди ба комиссия муроҷиаткунанда;

– санаи муроҷиат ба комиссия ва баррасии баҳс, моҳияти баҳс;

– насаб, ном ва номи падари аъзои комиссия ва дигар шахсони дар ҷаласа иштироккунанда;

– моҳият ва асоснокии қарор (бо истинод ба санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон);

– натиҷаи овоздиҳӣ.

  1. Нусхаи қарори имзошудаи комиссияи созиш дар давоми се рўзи баъд аз қабул шуданаш ба корманд ва роҳбарияти ташкилот супорида мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …