Моддаи 65-и Кодекси Меҳнат. Муҳлати амали ҷазои интизомӣ
- Муҳлати амали ҷазои интизомӣ ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи сархати чоруми қисми 1 моддаи 62 Кодекси мазкур аз шаш моҳ зиёд буда наметавонад. Агар дар давоми ин муҳлат ба корманд ҷазои нави интизомӣ татбиқ нагардад, он гоҳ ў ҷазои интизомӣ надошта ҳисоб меёбад.
- Корфармое, ки ба корманд ҷазои интизомӣ додааст, бо ташаббуси худ, бо хоҳиши корманд ё роҳбари бевоситаи ў ва ё дархости намояндагони кормандон ҳуқуқи пеш аз муҳлат бардоштани онро дорад.