Главная / Илм / ЗАЙТУН

ЗАЙТУН

zaytunЗАЙТУН (Olea europaea), дарахтест хамешасабз. То 4 – 12 м кад мекашад. Барги нештаршакл ё дарозруя (5 – 12 см), гули сафед, меваи мудаввари сурхча ё сиёхи донакдор (то 15 г), донаки дарозруяи буртоб дорад. Май – июн гул карда, сент. – дек. самар меорад. З. дарахти гармобардор ва ба хушки тобовар аст. Дар аснои аз донак руидан, соли 10 – 12-ум, агар аз каламча сабзад, соли 4 – 5 – ум мева медихад. Дарахти дарозумр (300 – 400 сол) аст. Аз хар бех дарахти он 20 – 40 кг мева мегундоранд. Меваи З. – ро консерв мекунанд, дар намакоб мехобонанд, аз магзи он равган мекашанд. Равгани З.- ро дар саноати хуроквори, консерв, тиб ва г. ба кор мебаранд. Агар 65 г равгани З.-ро бо оби гарм ё оби чав биёшоманд, дарунро башиддат меронад; инро бо оби гарм биёшоманд, кулинч ва дарди рудахоро рафъ месозад, кирмхои меъдаро хорич мекунад, санги гурда ва масонаро майда карда мерезонад. Агар равгани З.-ро хурда кай кунанд, захрхоро аз бадан дафъ месозад. Равгани З. харчанд кухнатар шавад, кавитар мегардад. Агар равгани аз самари норасидаи З. кашидаро бихуранд, баданро фарбех мегардонад, милки дандонро мустахкам мекунад, узвхоро кувват мебахшад, барои меъда форам ва мувофик аст; хилтхоро соф мекунад, бадбуиро бархам медихад, дамидани араки баданро манъ менамояд.
Накеъи барги З. фишори хун ва нафаскаширо ба эътидол меорад. Мутахассисон дар он акидаанд, ки дар таркиби З. хамаи витамин ва микроэлементхои бахри одам зарури вучуд доранд. Равгани З. давои пурбахои пешгирии атеросклероз, амрози дил ва рагхо мебошад, холестерин надорад ва онро аз организм хорич менамояд, ба фаъолияти меъдаю рудахо таквият мебахшад. Бино ба акидаи табибони испани меваи З. барои ашхоси хама синну сол муфид аст, онро метавон хатто ба вояи гизои кудакон ворид кард.

С. М. Гулов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …