Абуали ибни Сино рузе бо хотири парешон як асар навишта, онро барои тозанавис кардан ба як шогирдаш додаст. Шогирд иншои Ибни Синоро дуруст хонда натавонистаасту ба устодаш мурочиат карда гуфтааст:
– Устод, хататонро хонда натонистам, илтимос минбаъд камтар бодиккат нависед, моён шогирдхоятон, мабодо маънии асаратонро галат нафахмем.
Абуали дар ин чавоб факат як шеър гуфтааст, ки он шеър ин аст:
Харчанд, ки мекунам такопу,
Н-омад зи калам накши неку.
Азбаски калам шикастасар буд,
Хотир зи калам шикастатар буд.