Главная / Илм / ЗАГИЛОМОС

ЗАГИЛОМОС

zagilomosЗАГИЛОМОС (Condyloma), кондилома, омоси озахшаклест, ки дар луобпардаи макъад ва узвхои таносул падид меояд. З. баъзан ба микдори зиёд пайдо шуда, «гулкарам»-ро мемонад. З. бемории сирояти буда, ангезандаи он дар натичаи алокаи чинси интикол меёбад. Ангезандаи бемори баъзе вирусхои папилломаи одам мебошанд (Human papillomavirus; HPV 6 ва HPV 11). Аз штаммхои сершумори HPV махсусан штаммхои 6, 11, 30, 42, 45, 51 ва г. сироятангезанд. Зухуроти З. дар мардхо нисбатан кам ба мушохида мерасад (нишонахои он асосан дар сари олоти таносул, хоя ва атрофи макъад пайдо мешаванд).
Аз лахзаи сироят ёфтан то пайдоиши нишонахои аввалини бемори (кондиломахо) такр. 9 мох (бештар 1 – 3 мох) сипари мегардад. Дар баъзе мавридхо сирояти папилломавируси пас аз 1 – 2 сол худ аз худ нест мешавад.
Муоличаи З. ба тарзи мохирона дур сохтани он асос ёфтааст. Дар тибби муосир барои табобати З. аз усулхои чаррохи (аз чумла муоличаи лазери), дорухои химияви, криотерапия (муолича бо нитрогени моеъ) истифода мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …