Главная / Илм / ГОМРУК

ГОМРУК

gomrukГОМРУК (Colutea paulsenii), говкасиркунак, камширак, зинчак, касирак як навъ бутта. То 2 м кад мекашад. Баргаш пармонанд. Хушагулаш 3 – 15-гула; гулаш зард, норанчи (май – июн мешукуфад). Гилофакаш пуфакмонанд, байзашакл; тухмаш дорчини. Буттаи хоси Точикистон (к-куххои Зарафшон, Туркистон, Хисору Дарвоз, мавзеъхои Точикистони Чануби ва Шарки, инчунин Помири Гарби; 800 – 2800 м аз с. б.), Афгонистон ва Кашмир аст. Бештар дар минтакаи чангалзори гармсер (шибляк) ва пахнбарг меруяд. Решааш сершоха ва мустахкам аст; нишебихоро аз обшуй шудан нигох медорад. Дар тибби халки чушоби барги Г.-ро чун доруи исхоловар тавсия медиханд. Буттаи ороишист; гул ва меваи базеб дорад.
КЛ

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …