Главная / Гуногун / Тахлили ракобати дар бозори молхо ва хизматрасонихо

Тахлили ракобати дар бозори молхо ва хизматрасонихо

Тахлили ракобати – ин мониторинги системавии бозор, ки барои нишон додани эхтиёчот ва талаботи аудиторияи потенсиалии бомаксад ба молхо ва хизматрасонихои муайян равона карда шудааст. Бо ин тартиб чараёни инкишофи бозор, сатхи ракобат ва перспективаи кор дар хар як сегменти муайяни фаъолият ошкор карда мешавад.

digital-marketing-transformation-e1547115439468-759x440

Гузаронидани тахлили ракобати ба истехсолкунандагони молхо ё хизматрасонихо гирифтани маълумоти мушаххас оид ба сегменти бозори худ, донистани тарафхои пурзур ва сусти ракибон, перспективаи талабот ба хелхои моли худро имконият медихад. Натичахо ба ширкатхо бизнес-чараёнхои кабули карорхои идоравии мухимро бо максади баландбардории самаранокии иктисодии худ имконият медихад.

Мониторинги бозор, дарки инкишофи ракобат – информатсияи калидие мебошад, ки ошкор намудани он бояд аз тарафи сиёсати маркетингии ширкат ба инобат гирифта шавад. Бе фахмиши имкониятхо, потенсиал ва омилхои чории манфии худ ширкатхо метавонанд зарар бинанд, афзоиши манфи нишон дихад ё муфлис шаванд.

Тахлили ракобатии комплекси, аз он чумла тахлили SWOT хам ба ширкатхои калони худро нишон дода, хам намояндахои нави бизнес ва хам сохибкорон лозим аст.

Барои баландбардории самаранокии тахлили ракобати бояд дар бораи хадафхо, вазифахо, талаботхо ва натичахое, ки шумо мехохед ба даст оред ё умед доред, ки ба даст меоред, маълумоти пурраро дар намуди хатти пешниход намуд. Дар асоси маълумотхои бадастоварда мо накшаи амалигардии тахлили ракобатии босифатро тартиб медихем, варианти оптималии пешниходи натичахоро дар формати хатти, чадвали ва ё графики бо расмхои чарт ва аналитикаи пуркувват, ки бо се забон (Точики, Руси ва Англиси) пешниход мешавад, интихоб мекунем.

Барои гирифтани маълумоти вокеи мо аз спектри фарохи сарчашмахои боэътимод ва санчидашуда, ки аз намояндагони расми ва гайрирасмии бизнес, корхонахо, ВАО, идорахои давлати иборатанд, истифода мебарем. Илова бар ин, барои баландбардории сифати тахлили ракобати мо пурсиши самаранок ва анкетирониро барои нишон додани вазъи хакики дар сегменти додашудаи фаъолият истифода мебарем.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …