Главная / Гуногун / Таҳлили рақобатӣ дар бозори молҳо ва хизматрасониҳо

Таҳлили рақобатӣ дар бозори молҳо ва хизматрасониҳо

Таҳлили рақобатӣ – ин мониторинги системавии бозор, ки барои нишон додани эҳтиёҷот ва талаботи аудиторияи потенсиалии бомақсад ба молҳо ва хизматрасониҳои муайян равона карда шудааст. Бо ин тартиб ҷараёни инкишофи бозор, сатҳи рақобат ва перспективаи кор дар ҳар як сегменти муайяни фаъолият ошкор карда мешавад.

digital-marketing-transformation-e1547115439468-759x440

Гузаронидани таҳлили рақобатӣ ба истеҳсолкунандагони молҳо ё хизматрасониҳо гирифтани маълумоти мушаххас оид ба сегменти бозори худ, донистани тарафҳои пурзӯр ва сусти рақибон, перспективаи талабот ба хелҳои моли худро имконият медиҳад. Натиҷаҳо ба ширкатҳо бизнес-ҷараёнҳои қабули қарорҳои идоравии муҳимро бо мақсади баландбардории самаранокии иқтисодии худ имконият медиҳад.

Мониторинги бозор, дарки инкишофи рақобат – информатсияи калидие мебошад, ки ошкор намудани он бояд аз тарафи сиёсати маркетингии ширкат ба инобат гирифта шавад. Бе фаҳмиши имкониятҳо, потенсиал ва омилҳои ҷории манфии худ ширкатҳо метавонанд зарар бинанд, афзоиши манфӣ нишон диҳад ё муфлис шаванд.

Таҳлили рақобатии комплексӣ, аз он ҷумла таҳлили SWOT ҳам ба ширкатҳои калони худро нишон дода, ҳам намояндаҳои нави бизнес ва ҳам соҳибкорон лозим аст.

Барои баландбардории самаранокии таҳлили рақобатӣ бояд дар бораи ҳадафҳо, вазифаҳо, талаботҳо ва натиҷаҳое, ки шумо мехоҳед ба даст оред ё умед доред, ки ба даст меоред, маълумоти пурраро дар намуди хаттӣ пешниҳод намуд. Дар асоси маълумотҳои бадастоварда мо нақшаи амалигардии таҳлили рақобатии босифатро тартиб медиҳем, варианти оптималии пешниҳоди натиҷаҳоро дар формати хаттӣ, ҷадвалӣ ва ё графикӣ бо расмҳои чарт ва аналитикаи пурқувват, ки бо се забон (Тоҷикӣ, Русӣ ва Англисӣ) пешниҳод мешавад, интихоб мекунем.

Барои гирифтани маълумоти воқеӣ мо аз спектри фарохи сарчашмаҳои боэътимод ва санҷидашуда, ки аз намояндагони расмӣ ва ғайрирасмии бизнес, корхонаҳо, ВАО, идораҳои давлатӣ иборатанд, истифода мебарем. Илова бар ин, барои баландбардории сифати таҳлили рақобатӣ мо пурсиши самаранок ва анкетирониро барои нишон додани вазъи ҳақиқӣ дар сегменти додашудаи фаъолият истифода мебарем.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …