Главная / Гуногун / Сиёсати пулию карзи дар Точикистон

Сиёсати пулию карзи дар Точикистон

Сиёсати пулию карзи. Бонки миллии Точикистон бо максади мусоидат ба рушди устувори иктисоди фаъолияти худро барои татбики сиёсати самараноки пулию карзи ва асъори, суботи молиявии низоми бонки, химояи хукук ва манфиатхои конунии амонатгузорон равона карда истодааст.

Мутобики маълумоти пешаки хачми пулхои захирави ба холати 30  сентябри соли чори 15,6 млрд. сомони ва хачми пули накд дар муомилот 12,7 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли чори хачми пулхои захирави 7,1 фоиз ва хачми пули накд дар муомилот 9,4 фоиз зиёд мебошанд.

murodali-alimardonБо максади гайридолларикунони ва диверсификатсияи муомилоти пули мачмуи чорахои таъсиррасон андешида шуда, афзоиши сатхи монетизатсия, яъне таъминнокии иктисодиёт бо пул конеъ шуда истодааст. Сатхи монетизатсия ба холати 31 августи соли чори 28,4 фоизро ташкил дода, нисбат ба хамин давраи соли гузашта 0,6 банди фоизи зиёд гардид.

Хачми умумии карзхои додашуда ба холати 31 августи соли чори 4,5 млрд. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 3,3 фоиз зиёд мебошад. Хачми карзхои хурд ба 3,1 млрд. сомони баробар шуд, ки дар мукоиса бо хамин давраи соли кабли 22,7 фоиз афзудааст.

Ба холати 31 августи соли 2018 бакияи умумии пасандозхо 9,5 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 10,9 фоиз зиёд мебошад. Хачми бакияи пасандозхо бо пули милли 36,6 фоиз афзоиш ва бо асъори хоричи 4,3 фоиз кохиш ёфт. Дар таркиби бакияи умумии пасандозхо хиссаи пасандозхо бо пули милли 45,7 фоиз ва бо асъори хоричи 54,3 фоизро ташкил медихад (дар хамин давраи соли 2017 мутаносибан 37,1 фоиз ва 62,9 фоиз буд), ки аз тадричан паст шудани сатхи долларикунонии иктисодиёт шаходат медихад.

Вокеан дар низоми бонки бехбуди каме хам бошад дар баъзе аз нишондихандахои молияви ба чашм мерасанд. Вале дар доираи низоми бонкии чумхури мебояд як зумра камбудиву мушкилотхоро бартараф намуд, ки дар заминаи худ халли мачмуиро такозо менамоянд.

Тавре ки Асосгузори сулху вахдати милли-Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон дар чаласаи хаждахуми Шурои машваратии назди Президенти Чумхурии Точикистон оид ба бехтар намудани фазои сармоягузори санаи 26 январи соли 2018 кайд намуданд, дар зарфи ду – се соли охир аз меъёр зиёд шудани карзхои гайрифаъол, мушкилоти пардохтпазирии бонкхои тичорати, татбики нопурраи принсипхои идоракунии корпоративи дар низоми бонки, рушд накардани бозори карзии байнибонки аз чумлаи масъалахои асосии низоми бонки ба хисоб мераванд ва бо ин максад супоришхои зарури дода шуданд.

Дар ин росто ба максад мувофик мебошад, ки Бонки миллии Точикистон якчо бо макомоти дахлдори давлати тибки дастури Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон чихати хаматарафа тахлил намудани тачрибаи давлатхои рушдёфта дар сохаи бонкдори ва гузаронидани ислохоти чидди дар низоми бонки тадбирхои зарури андешида, вобаста ба он таклифхо пешниход намояд.

Чихати мусоидат намудан ба солимгардонии вазъи молиявии бонкхои низомсози кишвар шурохои нозирони ЧСК «Точиксодиротбонк» ва ЧСК «Агроинвестбонк» мунтазам дар чаласахои худ раванди ичрои стратегияву накшаи чорабинихоро оид ба солимгардонии вазъи молиявии бонкхои номбурда барои солхои 2017-2019 барраси намуда, барои дарёфти сармояи дохилию хоричи ва бартараф намудани камбудихои гуногун ба рохбарияти ин бонкхо дастуру тавсияхои дахлдор медиханд.

Тахлилхо нишон медиханд, ки бо вучуди чорахои андешидаи рохбарияти ин бонкхо вазъи молиявии онхо, бахусус сатхи баланди карзхои гайрифаъол, меъёрхои пардохтпазирии гайриканоатбахш, чалб нагардидани сармояи хоричию дохили ташвишовар боки мемонад.

Вобаста ба ин Бонки миллии Точикистон якчо бо Вазорати молия чихати ичрои супориши Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон амалигардонии накшаи тачдиду солимгардонии бонкхои низомсозро таъмин намоянд.

Бояд кайд кард, ки дастраси ба карзхои дарозмуддати имтиёзнок ва фоизхояшон паст барои сохибкорони ватани то хол махдуд боки мемонад. Яке аз омилхое, ки ба чунин холат боис гардидааст ин гарону кутохмуддат будани сармоя ва захирахое, ки аз тарафи ташкилотхои карзи чалб карда мешаванд ва чой доштани талаботи зиёд ба сарчашмахои ташаккулдихандаи пардохтпазири дар бозори дохили мебошад.

Бинобар ин Бонки миллии Точикистон ва ташкилотхои карзии кишвар чихати чалби сармояи арзону дарозмуддати хоричи ба низоми бонки чорачуи намуда,  корхоро дар самти зиёд намудани хачми карзхо ба иктисодиёти ва диверсификатсияи низоми бонкии Чумхурии Точикистон тавассути низоми бонкдории исломи вусъат диханд.    

Номуътадилии вазъи бозори дохилии асъор, инчунин норасоии асъори хоричи аз мушкилоти нигаронкунанда дар давраи хисоботи боки монд.

Дар моххои январ-сентябри соли чори курби расмии сомони нисбат ба доллар 6,8 фоиз кохиш ёфта (дар хамин давраи соли 2017- 11,8 фоиз кохиш ёфта буд), ба 9,0607 сомони баробар гардид.

Кохишёбии курби пули милли ба хусусиятхои бунёдию сохтории иктисодиёт алокаманд буда, зери таъсири омилхои берунию дохили сурат гирифтааст.

Вобаста ба ин андешидани тадбирхо оид ба пурзур намудани назорати бозори асъори байнибонки, афзун намудани захирахои байналмилали, таъмини фаълияти муътадили бозори дохилии асъор ва махдуд сохтани лаппишхои аз эътидол беруни курби пули милли, нигохдории тафовути байни курби расми ва курби бозории асъори хоричи дар худуди то 2 фоиз аз чониби Бонки миллии Точикистон якчо бо макомоти дахлдори чумхури ва бонкхои тичорати лозим аст.  

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …