Шакл, хачм ва ранги навъи шалгам (зард, сурх, бунафш, сафед) гуногунанд. Шалгам сабзавоти тезрас ва сергизоест. Шалгам манбаи витамини С то 63 мг% аст. Дар он витаминхои В1, В2, РР, А (каротин) низ мавчуданд. Дар шалгам то 90 % канд, то 2 % сафеда, намакхои минерали ва гайра хаст.
Шалгам растании доругии кадимист. Масалан, ба гуфти Абуали ибни Сино мархаме, ки аз тухми шалгам тайёр мекунанд, варами кадкашакро мегардонад. Шалгам инчунин ба гурда ва кафаси сина муфид аст. Аз он хуриш тайёр менамояд ва ба таом (шурбо, хурокхои равон) ду се кисм ё нахуди карда меандозанд.