Главная / Биология / СИНФИ ШИРХУРХО

СИНФИ ШИРХУРХО

Дар зоология мамалогия ном шохаи чудогонаи илм ба омузиши хаматарафаи ширхурхо машгул аст. Маънои «мама» гадуди шир, ширхур, ширмак, ширдиханда аст. Пас бояд донист, ки калимаи «мама» юнони будааст.

Як гурухи махсуси хайвонхои инкишофёфтаи зернавъи мухрадорон, ки модинаашон гадудхои ширбарор доранд, синфи ширхурхоро ташкил кардаанд. Онхо наслашонро дар аввал бо шир парвариш мекунанд.

Руйи бадани ширхурхо бо муй пушида шудаасг, ки онро пашм хам меноманд. Аксарияги ширхурхо наслашонро зинда мезоянд. Пойхои ширхурхо баданро аз замии баланд бардошта меистанд. Дар айни хол дар тамоми кураи замин бештар аз 4500 намуди ширхурхо маълум аст. Онхо дар тамоми китъахо ба таври васеъ пахн шудаанд. Ахамияти ширхурхо дар табиат ва дар хаёти одам хеле калон аст.

Аспи хушру зебо

Дар ширхурхо сохти марказин асаб, хусусан нимкурахои майна ба дарачаи баланд инкишоф ёфтааст, ки рафтори мураккаби онхоро идора мекунад. Харорати бадани онхо хам монанди паррандагон доими буда, аз 360 то 370 гарми доранд. Агар гармии бадани ширхурхо аз 36 як дарача паст с аз 37 як дарача баланд бошад, маълум мешавад, ки чисми онхо носолим аст.

Дар ширхурхо кисми кафаси сина аз кисми шикам ба воситаи пардаи мушаки (диафрагма) чудо мешавад, ки онро дар инкишофн таърихии олами хайвонот мо бори аввал мебинем.

Дар ширхурхо 2 растаки кафои косаи cap хаст, бинобар ин хам онхо сарашонро пурра ба 3600 чарх занонда наметавонаид. Дар ширхурхо узви шунавои нагз инкишоф ёфтааст, гушашон аз кисмхои беруна, миёна, даруни иборат буда, сохти мураккаб дорад.

Дар ширхурхо ландонхои ба гуруххо таксимшуда хаст, ки онхо хархела мебошанд. Масалан, бо забони юнони дандонхои пешро бурранда. дандонхои ашкро, ё ки ханчолкашандаро клиний, дандонхои ашки калбакиро проморалис ва дандонхои ашки хакики — курсиро моралис меноманд. Лекин ин 4 хели дандон дар хама ширхурхо нестанд. Дар ширхурхо кисми руда ба кисмхои пеш, миёна ва акиб таксим шуда, ба сурохии макъал кушода мешавад.

Тартиби гардиши хун дар ширхурхо аз дили 4-хучраги cap мешавад, ки дар вакти инкишофи чанини 2 аорта, кисми рости он бархам мехурад. Хуни хамаи ширхурхо чисмчахои сурхи хун хаста (ядро) надорад.

Дар ширхурони дарачаи боло чанин бо найи ноф ба хамрохак алокаманд буда, гизо аз бадани модина ба насл мегузарад. Дар байни ширхурхо гуруххои руизамини, дарахти, парвозкунанда, кабатизамини, оби, хонаги, вахши, фоиданоку зараровар, халолу харом, тухму зиндазой дида мешавад.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …