Главная / Гуногун / САНГПУШТ

САНГПУШТ

Хафтае пеш аз ба табобат рафтанаш духтарчаи хафтсолаам маро хеле хушхолона истикбол гирифт. Чашмонаш барк мезаданд.

– Медонед ман чи овардам?!

– Не.

– Ёбед кани!

sangpusht

Ман ки хаста будам, мадори фикр карданам набуд, аз ин ру зуд таслим шуданро авло донистам.

– Аздусар як шабу руз хаёл кунед хам, гумон аст, ки меёфтед. Ман сангпушт овардам!

Хакикатан хайратам афзуд. Охир, аз кучо дар маркази шахр сангпушт пайдо кардан мумкин аст. Сангпушт аллакай ру-руи колин охиста-охиста кадам мезад. Сару гарданашро гах дарун мегирифт, гох меёзонд.

Рости гап, на хурсанд шудам, на кахрам омад.

– Аз кучо ёфти?

– Аз куча. Писарбачахо бози карданд-бози карданду партофта рафтанд. Хатто болои пушти сангинаш чормагз шикастанд. Таги чархи мошин хаво доданд, хайрият зер накард. Сони ман гирифтам. Афташ гурусна буд.

– Ба ту нагуфт, ки вай чихо мехурад?

– Карам мехурад, хар гуна кабудихо додан мумкин. Даруни кутти сахни пешайвон зиндаги мекунад.

– Хама нигохубинаш ба ухдаи худат, – таъкид кардам ба духтарчаам.

– Майлаш…

Вале сангпушт чизе намехурд. Хатто ба об нимнигох намекард. Факат кушиши аз кутти баромадан мекард. Девори куттиро бо нохунхояш мехарошид. Менигаристаму мефахмидам, ки сангпушт аз побанди чордевор рахо ёфтан мехохад.

Рузи панчум дидам, ки пойхову гарданаш басо логар шудаанд.

Духтарчаамро даъват кардам.

– Мешунави, сангпушт гиря дорад. Бехтараш азоб надода ба алафзор сар дихем-чи?

– Не, дадачон, не, – махзунона рози нашуд у, – дар хонаамон на сагча хаст, на гурбаву на хорпушт. Монед, сангпушт бошад, гушна монад мехурад.

Рузи дигар барвактар аз кор баргаштам, сангпуштро гирифтаму бурда даруни алафзори бог гузоштам. Чонвар аввал карахт биистод, баъд хазида-хазида аз назарам пинхон гашт…

Духтарчаам, ки баъди нимфирузи мехонд, аз мактаб омад. Мову хамсарам интизор будем, ки  хозир доду фарёд мебардорад. Лахзае пас аз пешайвон овозаш баромад.

– Дада, дада, сангпушт поён афтодааст. Куттиро чаппа кардааст…

Ман ба зер нигох кардам. Духтарчаам аллакай он чо дар чустучу буд. Ноилоч поён фаромадам. Мо якчоя алафзори руи хавли, хатто таххонахоро кофтем. Аммо сангпуштро дарёфт карда натавонистем.

– Дада, сангпушт, агар аз ошёнаи сеюм афтад мемурад?

Суи пешайвон нигох афкандам.

– Не, пуштаноки афтад намемурад.

– Зинда бошад шуд… – Духтарчаам ох кашид. Вазъи маро гамгин дида боз илова намуд: – Зик нашавед, ману модарам сохили бахр равем, аз он чо, албатта, боз як сангпушти дигар мебиёрам…

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …