Главная / Гуногун / Лавхи сангин (повест) Зимистон гузашт

Лавхи сангин (повест) Зимистон гузашт

 

Охирин песабарфхои талу теппа ва доманаи куххо об шуданд. Табиат аз хоби дарози зимистон бедор шуда, дар канори пайрахаю лаби чуйхо кокую пудина ва сабзахои гуногун руиданд. Офтоб нурхои рохатбахши худро бедарег ба сари замин рехта, ба чисму чони наботот нашъа медавонд. Аз хандахои сабзи дарахтон ва хониши гуногуноханги паррандагону садои хашарот табиат туйхонаро мемонд. Дар баробари нумуи табиат тараддуди мардуми деха низ огоз ёфт. Акнун ягон хаёт ё боге набуд, ки он чо нафаре дар даст белу каланд чунбучул намекарда бошад.

Ба Кабудчар бахор омад.

Дар яке аз чунин рузхои нармхавои бахорон болои кабри назарногири руяш сабзахои хархела руста, ки дар канори кабристони деха вокеъ буд, лавхи сангин гузоштанд. Руи тахтасанги мармар бо хатхои зебову зархали чунин навиштачоте буд. «Дар ин кабр модари чигарсухта хоб аст. Ёдгори аз фарзандони нохалаф.»

Ду нафар усто пас аз пояи санг ва атрофи кабрро кошинкори кардан, асбобу ускунаи худро чамъ оварда, ба суи дарвозаи кабристон рох пеш гирифтанд. Дар сари кабр марди тахмин бистухашт – сисолаи кокинаи каддароз, ки ба чавониаш нигох накарда аз нисф зиёди муи сараш рехта буд, хамрохи зани хамсоли худаш танхо монд.

Мард руи майсаи мисли бахмали сабз сар то сари кабристон доман густурдаи бахорон охиста нишаст. Зан ду – се кадам дуртар мунтазири у хамоно рост меистод.

«Ана, модар, болои кабрат санг хам гузоштем. Аммо то хол  намедонам, ки чаро махз мармари сиёхро интихоб кардам. Охир, ман ранги сиёхро чашми дидан надоштам-ку! Бо вучуди ин вакте устои пири сангтарош маро ба таххонаи дуконаш фароварда, сангхои гуногуншаклу харрангаро нишон дод, дархол хамин мармари сиёхи кадаш якунимметраро хуш кардам. Сохташ хам ачиб: мисли он сангхои ёдгориест, ки дар сари кабри аскарони шахид мегузоранд. Танхо дар он лавххо накши ситораи панчгуша чило медихад. Ман хам мехостам, ки дар руи санги мазори ту сурати ситора накш ёфта бошад. Аммо ин дархости ман ба усто макбул наафтод. Харчанд вай ин фикри маро инкор накард, маслихат хам надод. Он вакт усто киссаи кахрамонии туро намедонист. Намедонист, ки ту агарчи мисли он сарбозони диловар дар даст силох бар зидди душман мубориза накарда боши хам, рафторат кахрамонона буд, гуфторат кахрамонона буд. Бесилох сарбоз буди – сарбози рохи хакикату адолат ва одаму одамгари.»

Зан лангон-лангон аз кафо омада, ба китфи мард даст монд ва чанд сония ба навиштачоти руи санг мутаваччех шуд.

– Яхё, чаро ин матнро интихоб карди? Ягон байт менависонди, бехтар набуд? – пурсид у.

Мард, гарки андеша, ба саволи зан дархол чавоб надод.

1

– Мерави? – сукунати вазнини дар хонаи ёздахболора соя андохтаро шикаст Самандар-амак.

– Бояд равам, додо, – гуфт Яхё. – Ахволи модарам вазнин. Дина охувохашонро дидед-ку! Дигар токати шунидани онро надорам.

– Уро хам фахмидан мумкин. Модар аст, ба духтараш дилаш месузад.

Писар бо аломати тасдик сар чунбонд.

– Лекин як-ду руз сабр кун, мегуям. Дида истодаи, ки замона нотинч, мардум гушти якдигарро хурда истодаанд. Кохи чандинсоларо бод дода, аз паи интиком афтодаанд. Агар дар соли анд нохост пишаки нохалаферо «пишт» гуфта боши,  хозир хамон ба ёдаш расида, аз гиребонат мегирад. Хайр, муносибати кабудчарихо ба худат маълум. Онхо, хатто дар замони хукумати шурохо, ки  конуну тартибот ба дарачаи  аъло буд, хар намози чумъа барои якпула гап мисли хурусчуча  ба бачахои мо дармеафтоданд. Ягон тую маърака набуд, ки чавонхо занозаниву гиребонгири накунанд. Хозир бошад, хама ярокнок, аз нуки бини боло гап зада намешавад. Агар ба касе нохост кач нигох куни, дар бало мемони.

– Вохима  накунед, додо. Дар хама чо одами нагз хаст, бад хаст. Дар Кабудчар  ман рафикони зиёд дорам, чанд сол дар донишгох хамрох хонда, аз онхо ягон бади надидам. Ёру рафик будем, дар як хобгох зиста, аз як дастархон нон мехурдем.

– Гапат рост, бачем. Аммо… гуфтам-ку, хозир одамонро шинохта намешавад. Дар як дам пустинашонро  дах бор иваз мекунанд. Дустро аз душман фарк кардан нихоят кори мушкил шуд. Демократия гуфта нухтаи хамаро сар дода монданд. Дамдуздаку тафкандахои дируза имруз ярок дар даст марди майдон шуданд. Агар демократияашон хамин бемазаги бошад, туф кардам ба он.

Яхё чанд лахза хомуш сар ба зер афканда, гуфт:

– Аз ин зиёд мунтазир шуда наметавонам. Баъди ду руз бояд дар Душанбе бошам. Рузи химояи кори илмиам наздик… тайёри дидан лозим.

– Медонам, – гуфт Самандар-амак андешамандона ва баъд илова кард. – Ту бехтараш ба Душанбе рав, аз паи корат шав. Хохаратро ман як илоч карда, хабар мегирам. Аслан ба гапхои Мурод бовар кардани мо хато. Вай як одами вохимачи. Аз пашша фил месозад.

Хамин вакт зане, ки дар кунчи хона зери курпа гунча  шуда мехобид, ба китфи чап гашта, охкашон чашм кушод.

– Оча, ахволатон чи хел? – аз чой  нимхез шуд Яхё. – Табатон фуромад?

Зан гуё саволи писарро нафахмида бошад, чанд лахза ба руи вай нигохи гунг духта, сипас нигохашро ба муйсафед кучонд.

– Чой дихем? –пурсид Яхё.

Зан бо аломати «не» сар чунбонида, чашмонашро аз нав пушид.

Самандар-амак асабиёна пешониашро молида, ба Яхё  руй овард.

– Дина як сари кадам ба масчид даромадам. Хостам бо одамон чорта чак-чак карда, занги дил барорам, аз навигарихо хабар ёбам. Аммо як нохалаф табъамро хира кард. Хануз ба масчид надаромада, дар сахни хавли ба Хомиди чухуд ру ба ру шудам. Вай дилу бедилон бо ман нукидасти салом карда гузаро шуд, ва аз дарвоза берун шуда, ба касе бо овози баланд мегуфт:

– Чашм нарасад, коммунистхо хам масчидрав шудаанд.

– Кадом Хомид? – пурсид Яхё.

– Хомиди чухудро магар намешиноси?  Солхои раисии ман рузе набуд, ки дар хавлиамон сояашро нишон надихад. Аз болои хама аъзои колхоз ба ман хабар мекашид. Окибат бо зориву тавалло ва аризабози вазифаи мудири анборро сохиб шуд. Бало занад ун харомиро. Мардум аз гандагиву дунёсузи  ва мугамбириаш «чухуд» лакаб монда буданд.

– Гапашро гардонда ба дахонаш назадед, – гуфт Яхё.

– Садкаи дастам шавад. Вай худаш кист, ки гапаш бошад. Ту гумон мекуни, ки  у аз дини ислом буе бурдааст. Не! Алифро таёк мегуед… Ман он рафтори Хомиди чухудро, барои он ба ёд овардам, ки ана хамин хел зотхои паст дар байни мардум, тухми низоъ пошида, ба решаи  мехру окибат теша мезананд. Имруз ин гуна косалесон майдонро холи ёфта, мулкро бе сохиб дониста хай ба чапу рост аспи гурур меронанд, савлат мекунанд. Хай дарег!  Хай дареги давлати шурохо! Магар вай мемонд, ки хар тихимагз ба сари мардум зур шавад. Хулоса, замона нотинч, бачем, – гуфт Самандар-амак маънидорона ба писараш нигариста. – Окибаташ ба хайр шавад, мегуям.

-Уф-ф. Ахволи Маъсума чи шуд? – аз нав чашм кушода, нидо кард зан. Падару писар ба чониби зан ру оварданд. – Касал мегуянд. Ба балои ин ун шавхари гурсухтааш талокашро додааст, мегуянд.

– Ки гуфт? – оташин шуд Самандар-амак.

– О дина Мурод дар пеши худатон нагуфт?

– Мурод дахани бекор гуфтан мегирад. Вай аз худи Маъсума ё шавхарашро надида бошад, аз худи онхо гап нагирифта бошад… Як хамсояашон гуфт, мегуяд.

– Шамол набошад, шохи дарахт намечунбад. Наход хамсояаш дуруг гуяд.

– Хайр, бигузор гапи Мурод рост бошад. Аммо хозир Яхё чи хел ба он чо меравад. Мошин нест… замона нотинч. Кошки  наздик бошад, – саду бист километр.

– Наравад, – гуфт зан бо истехзо ва баъд бо хошияи руймол оби чашмонашро пок кард. – Шумо аз аввал ба фарзандон як зарра мехр надоштед. Панч фарзанд дар пеши назаратон калон шуду боре ба багалатон гирифта набусидед.

– Хайр, шуд, ту бусида боши кифоя.

– Чанчол накунед, додо, – ба мобайн даромад Яхё. – Ман имруз рафта Масъумаро гирифта меоям. Бигузор то сихат ёфтан дар хамин чо бошад.

 – Илохо барака ёби, бачем, – нолишкунон дуо кард зан. – Хохаракат то хаст, дуои чоната мекунад. Фарзанди заиф як дуогуи беминнат, бачем.

Яхё сабук аз чой бархост.

Самандар-амак низ аз дунболи у берун баромад. Онхо пасу пеш аз зинахои сангин поин шуда, чониби дарвоза рафтанд. Дар дами дарвоза падар даст ба дуо бардошта, ба писараш рохи сафед талабид.

Дар истгохи валонгори канори деха се нафар нишаста буданд. Яхё бо онхо вохури карда, дар барашон чой гирифт.

– Кучо, Яхё? – пурсид яке аз нишастагон, ки хамсинфи у буд. – Рохи Душанберо гум карди магар?

– Ба Кабудчар.

– Тинчист?

– Тинчи. Хохарам бемор…

– Хозир он чо рафтан бисёр хавфнок. Як хафта пеш ду нафар бачахои моро гаравгон гирифтанд.То хол даракашон нест. Чанг…

– Ки гаравгон гирифтааст?

– Мегуянд, ки Самеъ пахлавон. Ёд дори, чанд сол пеш дар гуштини туи кали Субхон хамон Самеъ-пахлавон низ омада, бо Чумъа-пахлавони мо гуштин гирифта буд. Баъд намедонам бо айби ки занозани сар шуд. Самеъ-пахлавон даъво мекард, ки Чумъаро халол ба тахтапушт хобондааст, аммо бакавулхо мегуфтанд, ки – не! Хулоса, занозани сар шуд.Бачахои мо Самеъ-пахлавону чор-панч нафар хамрохонашонро зада, атолахур карда фиристоданд. Ана хамон пахлавон имруз командир шудааст. Ва яке аз бачахои дар хамон занозани иштирок кардаи моро шинохта, гаравгон гирифтааст.

Харчанд Яхё бо азми кави ба сафар баромада буд, пас аз суханхои  падар ва гуфтахои хамсинфаш ноаён тарс дар дилаш сар мехалонд, бо торхои асабаш нохун мезад. Баъзе ходисахое ки худ дар кучахои Душанбе шохид буд, овозахои хархела, ки таи моххои охир пахн мешуданду у ахамияти чидди намедод, дар хаёлаш аз нав зинда шуда, рухашро таъзик медод. “Дар умрам ба касе бади накарда бошам, киро ба ман кор аст. Хамеша аз паси бечорагии худ будам, на ба бади одамон кор дорам, на ба некашон,” – худро тасалли додани мешуд вай.

– Хайр, ба ман чи? Дар он занозани иштирок накарда бошам. Хамон туйро ёд хам надорам, – гуфт Яхё.

– Э барои у фарк надорад, ки ту иштирок карда буди, ё не! Касам хурдааст, ки тухми бачахои моро хушк мекунад.

– Гапи бехуда…

Мошини боркаш чанги хоку шагали канори рохро ба хаво хезонда, каме дуртар аз истгох истод.

– Хамин мошин ба хамон тараф меравад, – гуфт чавони кадпасти чомапуш, ки дар тарафи рости Яхё менишаст, ба у ру оварда. – Дина ба колхози хамсоя ангишт бурда буд. Аз афташ акиб гаштааст.

Яхё саросема аз чой хеста, ба назди ронанда, ки сарпуши маторро кушода, сараш хам, кадом як кисми онро муоина мекард, рафт.

2

Вакте Яхё бо ичозати ронанда худро ба болои мошин гирифт, чор нафар мусофироне, ки руи тахтаи ба кади борти мошин кундаланг гузошта шуда менишастанд, ба хадигар чафстар шуда, ба у хам чой доданд. Борти мошинро то нисф бо матои брезенти пушонида буданд. Харчанд матоъ чо-чо дарида буд, мусофиронро аз шамоли сарди фасли поиз панох медошт.

Мошини боркаш, ки аз поргихои кабинааш кухна буданаш аён буд, хеле суст харакат мекард.

– Ту кучо мерави, бачем? – ба Яхё мурочиат кард муйсафеде, ки дар канори чап менишаст.

– Ба Кабудчар.

– Рохамон кариб як будааст. Мо хам ба хамон тараф равонаем, -гуфт у бо ишораи даст худаш  ва духтари навнихолу охучашми дар бараш нишастаро нишон дода. – Ана ин ду чавон то Чорбог мераванд. Илохо, рохамон бехатар шавад, – даст ба руй кашид муйсафед.

Дигарон низ ба у пайрави карданд.

– Аз хамин колхози? – пурсид муйсафед дехаро, ки торафт кафо мемонд, нишон дода.

– Ха, – чавоб дод Яхё.

– Писари ки мешави?

– Писари Самандар.

– Кадом Самандар? Самандари раис?

– Ха.

– Оббо! Падарат сихату саломат аст? Чанд сол шуд, хамдигарро надидаем. Солхое, ки падарат дар хамин колхозатон раис буд, ман дар савхози худамон вазифаи аграномро ичро мекардам. Ман аз савхози Жданов. Он солхо дар мачлису идорахои нохия тез-тез вомехурдем. Падарат одами ростгуй, коркун, давраоро. Ман чанд маротиба дар хонаатон низ мехмон шуда будам. Албатта, ту он вакт кудак буди, дар хотират нест. Худо хохад, вакте аз сафар баргашти, аз номи ман ба падарат салом гуй. Гуй, ки ошноятон Икроми понял сараша гирифта рафт. – Механди, а! – гуфт муйсафед ба Яхё, ки баробари шунидани лакаби у табассум карда буд. – Хамин лакабро ба ман падарат монда буд.

Он ду чавони хозир низ ба сухбати онхо мутаваччех шуданд.

– Такрибан  сивупанч – чил сол кабл дар маркази нохия мачлис барпо шуд. Аз Душанбе як занаки урус омада, дар хусуси шудгори замин хеле гап зад. Ман, ки забони урусиро нагз намедонистам, ба вай      якчанд савол додам, ки у бо кумаки тарчумонии котиби сеюми райком он масъалахоро аз нав фахмонд. Ва ман аз чавобхои у каноатманд «понал», яъне фахмидам гуён ба чоям нишастам. Падарат, ки дар хамон мачлис иштирок дошт, хамин гапро шухи ба шухи дар хама чо гуфта, окибат ин лакабро ба гушам халка кард.

Муйсафед якин чанд лахза ба ёди он айёми чавониву бегамихояш банд шуда, сукут кард ва баъд сар бардошта, гуфт:

– Эх, чи рузхои нагз буданд он рузхо. Хеч кас ба каси дигар бадиву бахили надошт. Факат кор мекардем, хушбахтии инсонро танхо дар кор медидам. Зиндагиамон тинч, серу пур буд. Аммо имруз… чи бало зад одамонро…

Такрибан пас аз як соат рох паймудан, мошин дар миёни дашти фарох истод.

– Чи гап шуд? – Муйсафед гур-гуркунон аз чой хеста, ба поён нигох кард ва зуд ба чояш баргашта, – пост, – гуфт. – Хуччатхои ронандаро тафтиш мекунанд.

Дере нагузашта чавони такрибан хабдах-хаждахсола аз лабаи кафои мошин сар кашида, чанд лахза ночунбон ба мусофирон чашм давонд. Дар сари китфи чапаш тасмаи автомат овезон буд.

– Фароед, – амр дод у.

– Кучо фуроем, бачам? – пурсид муйсафед.

– Ба кучо мефаромади… Астагфируллох. Ба дахонам як гапи соз омаду… – чавон давоми гапашро нагуфта, ба кахр худро ба замин гирифт.

Мусофирон чи кор карданашонро надониста, хайрон ба якдигар нигаристанд.

-Тавба кардам, худо, тавба, – муйсафед гиребонашро дошта, охиста аз чой хест. Хамин вакт ду силохбадаст болои мошин баромаданд. Чавоне, ки чанд дакика кабл онхоро ба фаромадан амр карда буд, бо кавоки гирифта хуччат пурсид. Ба гайр аз духтар хама хуччатхояшонро бароварда нишон доданд. Чавон хуччатхоро сарсари аз назар гузаронду ба духтар руй овард:

-Хуччат… Кучо мерави?

– Ин духтари ман. Мо ба Сангрез меравем.

– Худаш забон надорад? – сухани муйсафедро бурид нафари дуюм, нигохи хуморолудашро аз руи духтар наканда. – Кучо мерави, духтари нагз.

Духтарак мисли оху рамида, худро ба падар чафс кард.

– Бачам… ин духтари ман.

– Фахмидам, муйсафед, духтари ту. Лекин хуччат надорад. Мо фармон гирифтем, ки одамони бехуччатро боздорем.

– О ин духтари шонздахсола, аз кучо хуччат дорад.

– Метрика дорад?

– Дораду… дар хона.

– Мумкин нест. Фаро! – гуфт чавон ба духтар.

– Бачам!

– Хап, муйсафед!

– О, бачам!

– Муйсафед, асаби накун, ки бе ту хам сарам вайронай… А дихтар, чашмота садка, намефахми?! Бихамб тез!

– Намехамбад! – парида аз чой хест муйсафед. – Ин чи бедодист! Шумо кистед? Ки ба шумо, кудакони дируза, хукук додааст, ки духтараи ноболигро бо бахонаи хуччат аз рох боздоред.

– Хамин ноболигай? – гуфт чавон бо ришханд, гох ба муйсафед ва гохо ба духтар нигариста. – Агар хамин руз ба шавхар дихи, баъди як хафта мезояд.

Хамрохаш аз ин гапи чавон завк бурда, баланд хандид.

– Ба дахонат нигох карда гап зан! Ту хам хохар доштагисти.

– Рост мегум, муйсафед. Бовар накуни як шаб дар ихтиёри ман мон, ана баъд бовар мекуни.

– Эй халоик! Ногахон чун шер наъра кашид муйсафед. – Ин чи бедодист, дунё сохиб дорад ё не?!

– Хап куне, пирхар! – ба сари муйсафед мушт бардошт силохбадаст.

Хамин вакт аз поён овози гафси мардона пурсид:

– Чи гап?

Чавон баробари шунидани овоз ба поён гардан ёзонда, гуфт:

– Як духтари ху-ушру хуччат надорад. Чи кор кунем?

Холо сохиби овоз чавоб надода, муйсафед часта аз чой хеста, ба поён ру овард:

– Додар, мон, аз рохамон намонем.

– Ин кадар кучо саросемаи, муйсафед?

– Рохамон дур, додарчон, илохо барака ёби, ин шербачахоятро чег зан.

– Монед раванд, – фармон дод хамон овоз.

Силохбадастон дилубедилон аз мошин поин шуданду баъд аз ду-се дакика он ба харакат даромад.

Аммо хануз аз гави дар сари рох кундаланг гузошташуда дах-дувоздах метр харакат накарда, аз кафо галогула бархоста, садои тир баромад. Касе аз кафо тозон омада, ба ронанда амр намуд.

– Кафо баргард!

– Хозир ичозат доданд-ку, – гуфт ронанда.

– Командир мегуяд, ки кафо гарданд.

Мошин кафоноки харакат карда, аз гав гузашту дар чои аввалааш карор гирифт. Боз хамон чавон аз лабаи кафои мошин сар кашида:

– Фароед, – гуфт. – Тезтар!

Мусофирон аз мошин поин шуданд. Танхо ду кампир дар кабина монданд. Дар назди вагончаи канори рох панч нафар рост меистоданд. Дар байн марди кадбаланди пуррапайкар сигор дар лаб аз мусофирон чашм намеканд.

-Дар мобайн, аз афташ, сардорашон, – гуфт муйсафед худ ба худ пичирросзанон. – Хоб будааст-чи?

Вакте ки ба назди вагонча расиданд, хамон чавони коматбаланд онхоро дар назди вагонча саф кашонд.

– Ки хуччат надорад? – пурсид вай пасмондаи сигорашро ба пеши пояш хаво дода.

Хама хомуш буданд.

– Ана ин духтарак, – гуфт хамон чавоне, ки чанд дакика пеш хуччатхоро тафтиш карда буд.

– Бачам, ин духтари ман. Мо ба Сангрез равонаем. Хозир ба рафиконат фахмондам. Ин холо синфи дахро хатм накардааст, шиноснома надорад.

– Шиноснома надошта бошад, дар хона шинад.

-Э, бачам, мо магар ба сайру саёхат меравем… мачбур шудем.

Коматбаланд дигар хеч чиз нагуфт. Баъд ба яке аз хамрохонаш руй оварда, фармуд:

– Мардхоро бибар.

Одами фармоишгирифта Яхёву ронанда ва он ду чавонро аз кафои худ хидоят карда, аз баланди нишеб шуд.

– Онхоро кучо бурданд, бачам? – пурсид муйсафед.

– Натарс, хеч бало намезанадашон. Барои хочатхона  чукури мекобанд. Шумо хам равед, – гуфт коматбаланд аз чи  бошад табассум карда ба муйсафеду духтараш. Вакте ки падару духтар ба кафои вагонча мегузаштанд, коматбаланд аз кафо гуфт. – Муйсафед, ту биргадир, назорат кун, чукуртар бикобанд…

Мошин дар дашти фарох рохашро  идома дод.

Мусофирон хомуш буданд.

Ё тавба, – нихоят хомуширо шикаст муйсафед. – Аз бандахои халк кардаат гардам, худо! – Баъд чанд лахза лаб фуру баста, ба Яхёву он ду чавон нигариста, гуфт:

– Хама бадбахти аз бепарвоии инсонхо сар мезанад. Масалан, чаро хозир ягонтаи шумо овоз баланд накардед, пеши рохи он ду окипадарро нагирифтед. Нагуфтед, ки эй ошно, дар хакки духтари мардум ин хел гапхои носазо нагуй, ба марди муйсафед чунин дагали накун, ба сараш мушт набардор. Охир, ту хам падару модар, апаву хохар доштагисти. Ин корат нагз не, нагуфтед. Хомуширо авло донистед. Тарсидед. Аммо… имруз бо мани пиру духтари муштипарам чунин дагали карда бошанд, пагох ба падару хохари шумоён низ чунин рафтор мекунанд.

Муйсафед ин суханхоро бо алам, бештар ба Яхё нигариста ба забон овард.

«Аз як чихат рост мегуяд муйсафед, – аз дил гузаронд Яхё. – Кори хуб нашуд. Чанд дакика бо он силохбадастон танхо туву ман карду мо ба химояаш лаб накушодем. Тарсидем, ки агар тарафи уро гирем, силохбадастон ба газаб меоянд, муйсафеду духтарашро ба холашон гузошта, ба мо мечаспанд»

– Магар хозир ба онхо гап фахмонда мешавад? – гуфт яке аз он чавонон. – Ба насихат лаб накушода, магзи саратро дар хаво чош медиханд. Бехтараш аз онхо дуртар гаштан лозим

-Ту худатро дур бигири, ман чашм пушам, окибат чи мешавад? Оё ин дунёи равшан ба зулмот табдил намеёбад. Туро газад маро чи гам гуфтем, ки ба ин рузи сиёх расидем.

Муйсафед дигар гилагузориро бас карда, ба андеша рафт…

Мошин дашти лучу урёнро кафо гузошта, инак, аз миёни дехаи наонкадар калон, вале сердолу дарахт пеш мерафт. Руз бегох мешуд. Дари магазине, ки мошин аз назди он гузашта истод, кушода буд. Кампирони дар кабина нишаста ба манзил расиданд, онхо бо ронанда хайру маъзур карда, чониби магазин рафтанд. Яке аз чавонхо аз ронанда пурсид, ки оё метавонад аз магазин сигор бихарад.

– Метавонед хамаатон фуроед, – гуфт ронанда. – Ман хам ба хона расидам. Хозир дар гардиши якум ба тарафи дасти рост мегардам. Хонаам дар он тарафи сой. Шумо бехтараш дар хамин чои обод шабро руз кунед. Чунки дигар мошин шуданаш ба гумон. Дар назди ана он бинои дуошёна чойхона хаст. Агар аз чойхоначи барои як шаб чой пурсед, не намегуфтагист.

Он ду чавон карор доданд, ки то гардиш мераванд. Ба хар хол то хонаашон, ки дар хамин карибихост, рох кутохтар мешавад.

Муйсафед, духтар ва Яхё ноилоч аз мошин фуромаданд.

Мошин рафт.

– Ух, ноахлхо-е! – калла чунбонд муйсафед аз кафои мошин. – Акаллан барои диламон ба хонааш даъват накард-а! Дар ин чойи ношинос моро танхо партофта рафт…

Дари чойхона баста буд. Дар атроф касе наменамуд.

– Хонаи чойхоначи дар кучо бошад? – ба Яхё нигариста пурсид муйсафед. – Дар дашт мемондаги барин-ку.

Хамин вакт аз боги акиби чойхона писарбачае гови алои бузургчуссаро пешандоз карда, баромад.

– Хонаи чойхоначи дар кучост? – пурсид Яхё, вакте ки писарбача аз назди онхо мегузашт.

– Ху ана, – ба самти чануб ишора кард писарбача. – Дар охири куча дарахти чормагзро дидед? Дар ру ба руи он як дарвозаи кабуди оханин хаст. Ана хамон дарвозаи чойхоначи.

Мусофирон чониби дарахти чормагз гом бардоштанд.

Баробари баланд шудани так-таки дарвоза саге хавлиро ба сараш бардошта, чониби дарвоза давид ва дуру дароз чакид. Баъд аз ду-се дакика овози марде баромад, ки сагро дашном медод.

Дарро ба руи мусофирон марди миёнкади газгушт, ки дар тан чомаи обшуста ва дар пой калуш дошт, боз кард. Ва чанд лахза ба руи мехмонони нохонда нигохи суол духт.

– Додар, мо дар мулки шумо мусофирем, – гуфт муйсафед. – Дар рох мондем. Агар илоч бошад, дар чойхонаат як шаб ба мо чой медоди.

– Мархамат, дароед, – аз дами дарвоза худро канор гирифт мард. Ва сагашро, ки хамоно гур-гур карда, аз мехмонон чашм намеканд, «гум шав!» гуён ба кунчи рости хавли пеш карду мехмононро ба суи мехмонхонааш рахнамун шуд.

Мехмонхона чихози зиёд надошт. Дар фарши он ду колини рангбохта густурда шуда буд. Дар пешгах як чевони дарунаш пур аз чойнику пиёла ва ду сандук, ки болояшон ду тахт курпаву болишт ба тартиб чида шуда буд, менамуд.

– Сафархо ба хайр, – пурсид чойхоначи пас аз духтари муйсафедро ба хонаи дигар, назди зану духтаронаш монда баргаштан. Ва чавоби мехмононро мунтазир нашуда, аз кунчи хона хонтахтаро гирифта, ба мобайн гузошт, дастархони хамрох овардаашро дар руи он боз кард.

– Э напурс, додар, – гуфт муйсафед ох кашида. – Ин чанги лаънати мисли балои осмони ногахон ба сарамон омад, рузамонро сиёх кард.

 – Шумо аз кучо мешавед?

– Аз тарафхои Дарёобод… Чойхои шумо тинч аст?

– Хока тинч… Махалбози, гурухбози, фитнаангези, зуровари, дуздиву горатгари дар авчи аълояш. Хайр, чавонхоро хом гуфтем, хунашон дар чуш, гуфтем, аммо намедонам ба пирон чи бало зад. Хатто масчид – хонаи худои яккаву ягонаро таксим кардаанд, алохида-алохида намоз мегузоранд. Хар гурух худашро сохиби масчид медонад, тарафи мукобилро ба он рох надодани мешавад. Ман тахчои – ту омада… ту дар вакташ коммунист буди, бо ту якчоя намоз хондан харом ва гайраву хоказо гуён хар руз хархаша мекунанд. Хулоса, нотинчи.

– Дар нохияи мо хам ахвол хамин. Як хафта пеш се нафар шабона ба хонаам даромаданд. Дар дасташон автомат, руяшон никобпуш. Пула барор, гуфтанд. Дархол пайхас кардам, ки хамсояхоянд, ё гумоштаи онхо. Зеро танхо хамсояхо медонистанд, ки ман хамон руз лимухои хавлиамро ба пули калон кутара савдо карда будам. Хулоса, он шаб хама пули дар бисотам бударо бароварда додам. Хайрият, ки ин духтарам дар хонаи апааш буд. Худам танхо будам дар хона. Духтари калониамро дару хонааш алохида. Понздах сол пеш занам бандаги кард. Хамин духтарамро худам калон кардам гуям, хато намешавад. Аз тарси он ки моиндар азобаш медихад, дигарбора хонадор нашудам… Кисса кутох, рузи дигар ба милиса хабар додам. Дар назди хамдехагон, ба хама шунавонда, ба милисахо тахдид кардам, ки агар горатгаронро пайдо карда, чазо надихед, ин корро худам мекунам. Лекин баъд маро чинояткор хисоб накунед.

– Шумо дар хакикат онхоро шинохта будед? – пурсид чойхоначи.

– Не. Лекин харчанд он лаънатихо бар замми ба руяшон никоб кашидан, овозашонро низ тагйир доданд, тахмин мекардам. Чи мегуед, ки онхо шаби дигар боз омаданд, дугу пуписа карданд, ки бехуда милисарави накунам. «Фаромуш накун, ки духтари хона дори, а, муйсафед. Агар пагох аз деха гум нашави, баъд аз худат гила кун. Дар таки хафт кабати замин чо куни хам, духтаратро ёфта, зан карда ба дастат оварда месупорем…

Чойхоначи, пас аз шунидани саргузашти кутохи муйсафед, нисбати у боз мехрубонтар шуд, хар замон уро ба дастархон муроот мекард. Баъзан ба Яхё низ ру оварда «пештар шин, додар, ба дастархон нигох кун» мегуфт.

Онхо аз хар дар сухбат карда, то як поси шаб нишастанд. Вакте ки чойхоначи дастархонро чамъ карда, аз тахмон курпаву болишт гирифта, барои онхо чойи хоб андохт, муйсафед, ки дар тараддуди берун баромадан буд, ба сохибхона гуфт:

– Додар, аз руи гапат ин чойхо хеле нотинч будааст. Чи мешавад, ки ман духтарамро чандруза дар хонаи ту монда, рохамро танхо давом дихам. Хамин ки хешовандонамро ёфтам, омада уро мебарам. Худат медони, дар ин вазъияти нобоб бо духтари кадрас гаштан беаклист. Дар раху ру кас хаст, нокас хаст. Вокиаи имруз дар рох рухдода диламро хичил кард.

Муйсафед ин суханхоро бисёр ба дард ва ба оханги илтичову зори ба забон овард.

– Агар илоч медоштам, ба чону дил, – гуфт сохибхона. – Вай ба рузгори ман хеч вазнини намеорад, баръакс ба кору бори занак дастёри мекунад. Аммо худатон дидед, ки вазъият чи гуна аст. Худо накарда ин духтари бегона аз кучо пайдо шуд, гуфта ба сарам биёянд, чи мегуям. Хозир писар ба гапи падар гуш накарда монд. Аз дасти ярокдорон хар кор меояд… Баъд як умр дар назди шумо русиёх мешавам.

Дар хона сукунати вазнин соя андохт.

– Ягон писари зангир надори, ки уро ба никохаш дарорад, – гуфт муйсафед.

– Не, ака. Як писар дорам, ки кайхо хонадор карда будам, холо се фарзанд дорад.

– Шинос чи?

– Намедонам, ака. Хеч чиз гуфта наметавонам. Хозир ба ягон кас бовар карда намешавад…

Муйсафед, аз афташ, то субх мижа тах накард: ох мекашид, аз пахлу ба пахлу мегашт, гулу меафшонд. Пагохи барвакт хеста, тахорат кард ва хамрохи сохибхона намоз гузориданд. Пас аз ноништа хамрохи чойхоначи ба назди чойхона омаданд. Чойхоначи пас аз рубу чин онхоро ба яке аз тахтакатхо, ки дар айвони чойхона гузошта шуда буд, шинонд. Харчанд исрор карданд, гуш накарда наздашон як чойник чой, ду нон ва дар як таксимча канди печак оварда гузошт. Ва таъкид кард, ки бемалол нишаста чой нушанд, у худаш онхоро ба ягон мошини рохгузар савор мекунад. Вокиан хам пас аз як-ду соат муйсафедро хамрохи духтараш (дигар чой набудааст) ба як мошини майда нишонда, гусел кард.

Муйсафед хангоми хайрухуш Яхёро ба огуш кашида, чашмонаш мал-мали об гуфт:

– Панохат ба худо, бачем. Вакте ба хона баргашти, гапи ман аз ёдат набарояд. Ба падарат гуй, ки ошнои поналатон сараша гирифта рафт. Дидорхо ба киёмат, гуй.

– Ин хел нагуед, амак, – гуфт Яхё ба зур худро ба даст гирифта. –Холо ба хонаамон мебиёед, ман дар пеши поятон гусфанд мекушам.

– Кошки, – гуфт муйсафед.

3

Яхё нисфирузи ба Кабудчар расид. Пас аз мошин фуромадан дар оби чуи чанд кадам дуртар аз рохи калон чори, даст шуста, бо кафаш об нушид. То хонаи хохараш, ки аз рохи калон ёздах километр дуртар вокеъ буд, бояд пиёда мерафт, ё ягон мошини рахгузарро мунтазир мешуд. Окибат карор дод, пиёда биравад. Дар гирду атроф чонзоде наменамуд. Дар ин танги тирамох деха гуё хуввас мезад. Дарахтони саросар баргашон рехта, лучу урён, ба дили кас тазъик меоварданд. Аз паси дарвозаи хавлии шафат пайваста аккоси саг меомад. Вай, саг, аз афташ аз роги дарвоза суроби Яхёро дида, беист мечакид.

Яхё ба рох даромад. У рахорах меандешид, ки имшаб дар хонаи хохараш хоб мекунад ва агар у рози шавад, пагох хамрох ба хона бармегарданд. Баъд ба Душанбе меравад. Вай дар сар хамин гуна андешахо аз назди осиёи оби, ки онро як чуй оби мусаффо гардон мекард, мегузашт, ки ногох аз кафои боми пастаки дар назар валангори осиё садои мусалсали тир баромад. Дар як дам ба сукунати деха рахна афтода, садои пой омехта ба дашному хакорат баланд шуд.

Яхё аввал аз ин гирудор чизе нафахмид ва вакте ба худ омада, хост худашро ба кунче гирад, дер шуд. Зеро акнун аз пайроха бероха шудани буд, ки се-чор нафар силохбадастон аз паси осиё баромада «ист!» гуён суяш тохтанд. Яхё дар чояш ях баст. Як чавони кадпасти дар бари руяш асари чарохат дошта нахустин шуда ба назди у расид. Ва вакте хамрохонаш низ расиданд, ба яке аз онхо мурочиат кард:

– Хамин буд?

– Не, – гуфт марди миёнсол. – Кади вай баланд буд, дар тан чома дошт.

– Ту кисти? – пурсид кадпаст.

– Ман мусофир… ба хонаи хохарам равонаам.

– Хохарат кист? Дар кучо зиндаги мекунад?

– Масъума… Хонааш дар назди купруки боло.

– Мешиноси? – пурсид кадпаст аз марди миёнасол.

– Чунин номро бори аввал мешунавам.

– Шавхараш Хасан ном дорад, – забон хоид Яхё. – Чандин сол мудири анбори колхоз буд. Мегуянд, ки ба кариби раис интихоб шудааст.

– Аха! – якбора авзояш тагйир ёфта, нидо кард кадпаст. – Худат аз кучои?

– Ман дар Душанбе зиндаги мекунам.  Дар мактаби оли дарс мегуям.

– Аха!  Боз шпион1 набоши?

– Худо нигох дорад.

– Чи, худо нигох дорад?

– Аз шпиони.

– Хозир хамрохи мо ба штаб мерави. Мо бояд бифахмем, ки ту ба чи максад омадаи. Хуччат дори?

– Дорам.

– Хамаашро дар хамон чо тафтиш мекунем.Агар таги думат тар набошад, рохат сафед.

– Дар хамин чо тафтиш карда намешавад?

– Не, намешавад, командир худаш бояд бубинад.

– Он се нафар, ки то ин дам хап ба гуфтугуи охо гуш медоданд, бо як овоз газаболуд гуфтанд.

– Чи бо ин хафту хашт карда нишастаи! Паси сараш ду мушти обдор фурор, чунон йурга мекунад, ки хеч кас нагуфтааст.

– Пеш даро, –  амр дод кадпаст.

Яхё ноилоч пеш-пеши онхо ба рох даромад.

Штабе, ки силохбадастон дар назар доштанд, ду километр дуртар аз рохи калон, дар бинои мактаб вокеъ будааст. Вакте Яхё аз паси кадпаст ба долони дарози мактаб, ки дар тани деворхояш портретхои шоирони классик Рудаки,Фирдавси, Саъди, Сайидо овезон буд, ворид гашт, аз чи  бошад баробари дидани симои нуронии онхо дилаш равшан шуд, хотираш болида гардид, асаби тарангаш ором гирифт. «Дар чое, ки ин бузургону орифон хастанд, набояд рафтори зишт кунанд. Арвохи ин бузургмардон дастгирам мешаванд,» – рохравон меандешид Яхё.  Кадпаст дар назди дари чарминпуш, ки дар танааш «Директор» навишта  шуда буд, бозистод ва як лахза ба он навиштачот бо тамасхур назар  андохта, гуфт:

– Хозир ба кабули директори мактаб медарои. Агар талабаи бадхон боши гушхоятро мебурад. Фахмиди? Хамин чо бош, боз нагурези. – Вай аввал худ ба кабинет ворид шуд, ва пас аз ду-се дакика  берун омада, Яхёро ба дарун хонд.

Кабинет кушоду бархаво буд. Ду тирезаи панчарапуши он, ки ба тарафи  боги мактаб кушода мешуд, то нисф пардаи сафед дошт. Дар пешгах  як чевони баркад меистод, ки андарунаш дар чор катор китобхои гуногун чида шуда буд. Дар кунч баробари кади чавон байраки алвониро рост монда буданд. Дар девор харитаи сиёсии дунё ва каме болотар  портрети Ленин дар даруни чахорчубаи зархали овезон буд. Дар болои мизи пойхояш кандаккори шуд гарами когаз,каламдони пур аз каламхои гуногуну хаткашак ва каме дуртар як глобус гузошта шуда буд. Маълум буд, ки то рузхои наздик директори мактаб дар чои кори худ кор кардааст.

Алхол паси миз марди коматбаланди муйхояш кутох кайчи задашуда, дар тан камфуляжи охараш напарида нишаста, аз тиреза ба берун менигарист. Вакте ки кадпаст аз паси худ дарро пушид, мард аз тиреза  чашм канда, ба онхо руй овард. Кадпаст берун баромад.Мард чанд лахза бо нигох сар то пои Яхёро палмосида гуфт:

– Хуш?

Яхё хост чанд кадам пеш монда, бо мард вохури кунад, аммо аз вочахати у аён буд, ки вай он кадар рагбати бо Яхё салом кардан надорад.

Мард хамоно аз Яхё чашм намеканд.

Яхё чанд лахза чи кор карданашро надониста, хайрон монд. Дасташро гох ба киса меандохот, гох берун мекард. Намедонист дасташро кучо кунад.

Мард хамоно хомуш буд. Нигох мекард.

– Ман ба хонаи хохарам равон будам, – ба гап даромад Яхё – бачахоятон дар назди осиё боздоштанд.

– Хонаи хохарат?

– Бале. Вай бемор гуфта шунидем. Хабаргири омадам.

–  Дуруг намегуи?

–  Не, ба худо рост мегуям. Ба шумо дуруг гуфта чи мегирам.

– Аз Дарёбод мешави?

– Ха. Лекин холо дар Душанбе зиндаги мекунам.

– Дар кадом куча?

– Гипрозем.

– Дар минтингхои  кадом майдон иштирок мекарди?

– Дар ягон майдон наменишастам. Ман як муаллими одди, ба сиёсат кор надорам.

– Дуруг намегуи?

– Не.

– Ислома мешиноси?

– Кадом Ислом?

– Аз дехаи шумост вай.

– Не, намешиносам.

– Хайр, шиноси хам, коил намешави. Ин барои  мо мухим нест.

Хамин вакт телефони руи миз садо дод. Мард хамоно аз Яхё чашм наканда, гушакро гирифт. Аз гуфтугузораш маълум буд, ки уро таъчилан ба кучое чег мезананд. Мард гушакро ба чояш гузошта, назди дар рафт ва онро боз карда, ба касе фармон дод, ки Салимро ба назди у чег занад.

Пас аз чанд лахза як нафар силохбадаст саросема ба кабинет ворид шуд.

– Чег задед, командир?

Яхё уро зуд шинохт. Охир, онхо чанд сол пеш дар донишгох хамсабак буданд, дар як хобгох мезистанд. Хонаи Салим дар ошёнаи чорум буд. Инро Яхё нагз дар хотир дорад. Зеро дар хамсоягии у Манзура мезист. Манзураи дилбару зебо. Манзурае, ки хам Яхё ва хам Салим ба у дил бохта буданд. Азбаски Салим ва Манзура хамдеха буданд, вай беибо ба хонаи Манзура медаромад, хар кадами уро тахкик намуда, ба рафтору гуфтори у хурдагири мекард. Ба хамин рох гуё уро аз рохи бад бозмедошт, посбони мекард. Аммо дар соли дуюми тахсил Салимро барои авбошияш аз донишгох хорич карданд. Баъд вай хамрохи Яхё ва чанд нафар хамсабакони дигар, ки тибки фармони нав хангоми тахсил ба хизмати аскари даъват шуданд, ба хизмат рафта, пас аз адои хизмат онхо боз якчоя тахсилро давом доданд…

Яхё Салимро дида, хурсанд шуд, каме рух гирифта, гарм табассум кард. Аммо Салим, гуё уро умуман намешинохта бошад, ба суяш як назар нигохи сард андохта, ба командири худ, ки алхол аз галадони миз чизе мекофт, руй оварда, такрор кард.

– Чег задед, командир.

– Ман такрибан баъди ду-се соат меоям. Ту хозир аввал уро бурда махкам кун, – ба суи Яхё ишора кард командир. – Баъд аз паси хамон кор шав.

– Хуб шудаст.

Яхё харчанд аз рафтори Салим хайрон монда, ба сад гумон мерафт, аз чунин сурат гирифтани вокиа хурсанд буд.

Вакте ки аз кабинет баромада долони дарози мактабро мегузаштанд, Яхё ба умеди он ки Салим бо у дар танхои хамгап мешавад, ду-се маротиба ба акиб нигох кард. Аммо Салим хомушу чидди буд, аз вачохаташ барфу борон мерехт. Гуё Яхёро умуман намешинохта бошад, ба чуз чашми нигахбони ба у назар намеандохт.

“Наход ин чанги лаънати уро то ба хамин дарача тагйир дода бошад.  дар назди силохбадастон намехохад, ки бо у шинос буданашро ошкор кунад,” – меандешид Яхё.

Вакте аз бинои мактаб берун шуда ба рохрави симонпуш дохил шуданд, хамон чавони кадпаст ва як нафари дигар, ки дарахтхои буридаи боги мактабро ба мошини дар назди дарвоза истода мекашонданд, Салимро садо кард.

– Акаи Салим, кучо мебари маълима?

– Имтихонсупори, – захрханд кард Салим.

– Намешавад, ки аввал хамин хезумхоро кашонад.

– Майлаш.

– Биёруш.

– Салим, – гуфт Яхё хайрон шуда. – Наход маро нашинохта боши. Ман Яхё.

– Якум, ман ба ту Салим не, акаи Салим, ё командир. Дуюм, шинохтам, – бо мили автомат аз кафои Яхё нехта кард Салим. – Аммо ин чони туро халос намекунад. Рох гард.

– Мо хамсабак будем, наход хаминро хотир накуни. Дуст будем, дар…

– Як духтарро дуст медоштем, – миёни сухани Яхёро шикаст Салим. – Он дустият низ аз ёдат нарафтааст?

– Кадом духтар?

– Вокиан хам аз ёдат рафтааст, ё худатро ба мугамбири меандози?

– Ха-а! Манзураро мегуи. Окибат ба хардуямон хам насиб накард. Аз руи шунидам вай ба як хешбачааш оиладор шудааст. Чи хол дорад? Як хафта пеш дар Душанбе Саломатро дида будам, хамон гуфт.

– Шуд, гапа бисёр накун, рох гард.

– Акаи Салим, гапата гуш намекунад-чи? – садо кард кадпаст.

– Гуш накарда, рузаша бинад. Гарданаша мешиканам.

Яхё мачбур чанд банд хезуми бокимондаро ба мошин бор кард.

Салим Яхёро аз нав пешандоз карда, аз боги мактаб берун шуд ва ду дарвоза он тараф ба як хавли даровард. Аз тарафи чапи дарвоза девори кахдону огил ва аз тарафи рост чанд дар хонахои пастак тул кашида буданд. Дар зери болодарвоза, ки онхо карор гирифтанд, як гарам чубу тахтахои миёнашон симпеч гузошта шуда буд. Дар болои он панч-шаш банд хасбеда бетартибона мехобид. Каме дуртар як мошини фарсудаи тамгаи “Москвич” меистод, ки болои онро чо-чо бо намадпораву гилемхои кухна пушонида буданд. Дар пешгохи хавли чор дар иморати айвондори бомаш шиферпуш ба назар менамуд. Дар таги айвон зане машгули коре буд.

Салим ба тарафи рост тоб хурда, дари дуюмро боз кард ва Яхёро дарун дароварда, дар як мича задан дасти рости уро ба пушт тобид ва аз кисааш ресмон бароварда, дастони уро саросема баст.

– Ту чи кор мекуни? – аз гояти дард хам зад Яхё.

– Намебини, ба дастат кишан меандозам. Начунб. Агар чунбиди, напарронам, модарам ба чои занам.

– Хай, ноодам, садкаи модар шави. Наход…

– Охир, ту бандии. Ё гумонат туро ба мехмони даъват кардам? Шояд чойро хам мунтазир боши?  Ту асири! Ба асирон нону ош намедиханд. Мебахши, маълимчон.

Яхё мехост чизе бигуяд, аммо Салим ба гапи у гуш надода, берун рафт ва аз пушт дарро кулф зад.

4

Вакте ки Салим аз зинахои сангин боло шуда аз назди модараш мегузашт, кампир норозиёна ба у чашм духта, пурсид:

– Боз киро оварди?

Салим гуё саволи модарро нашунида бошад, онро бечавоб гузошта рохашро давом додани буд, ки Мехри-хола овозашро баланд кард.

– Ман аз ту мепурсам, ки боз ба сари кадом бечора об рехтаниед шумоён.

– Корат набошад, оча. Чомадузиатро дон.

– Дина ба ту нагуфтам, ки дигар ягон касро ба ин хавли надарор. Ин писари Махмадмуроди говдузд кадом рузе туро беачал мекушад.

– Хап кун, оча.

– Хап намекунам, дигар токати хап кардан надорам. Агар вай худашро шохи чахон пиндоштааст, бигузор дар хавлии худаш одамонро кину азоб кунад. Хавлии ман барои вай милисахона нест.

– Сохиби ин хавли манам.

– Номаъкул карди. Ту дар ин хавли миёни ду шонаата чиззи накунонди, ки онро сохиби куни.

– Аз падарам мерос мондааст.

– Агар падарат дар зиндагиаш думрави бачаи дузди Махмадмурод шуданатро медид, дар як зум окат мекард. Мерос, а! Хести, ки хобат. Наход ту аз пушти камари хамон падар руида боши.

– Чанд бор ба ту гуфтам, ки ба падари командир кордор нашав. Агар “дузд” гуфтанатро фахмад, забонатро мебуррад. Мефахми?

– Руи камандири ба зур азизат сиёх! Дузда дузд мегуянд, гарра гар, каллоба каллоб. Аз хурмату эхтироми ду-се ту барин косалес падари дузди вай хаким намешавад. Тамгаи дузд то рузи киёмат дар пешонаи вай мухр шудаги. Агар сад бор хач кунаду писараш дар сари кабраш куббаи тилло гузорад хам, мардум мегуянд, ки ана хамон кабри куббаи тиллодор, гури Махмадмуроди говдузд аст.

– Кадом мардум? – ришханд кард Салим. – Ту хозир рафта дар пеши писари вай шашкад шуда таъзим кардани мардума бин.

– Хуроката гарм нахур, бачем! Кори дунё бе хисоб нест. Имруз агар вай чашми мардума бо ярок тарсонда бошад, рузе мерасад, ки аз чашми мардум тарсида, намедонад худашро ба кадом гури торик занад. Бади харгиз фаромуш намешавад. Ха-а! Имруз хама аз у тарсон шуда бошанд, фардо вай аз хама метарсад. Аз як кас тарсидани хама дарди сахл аст. Зеро хоху нохох як кас фоношаванда аст. Аммо аз хама тарсидани як нафар дарди бедавост, марги батадричу пуразоб аст. Бехуда нагуфтаанд, ки ранчи интизории марг, аз худи марг хам сангинтар аст.

– Хайр, шуд, – рохи худро ба суи хона давом додани шуд Салим.  – Хеле марал1 хонди.

– Кошки хамин гапхои ман ба ту беакл кора мекард. Аз гуши чапат медарояду аз росташ мебарояд. Чанд бор гуфтам, ки акнун сохиби хонаву дар, бачу кач, як зан не – ду зан шуди, ба чои оворагардиву нашъаманди хунар омуз, ки хамма чизро дузд барад хам, хунарро бурда наметавонад. Маълими ба ту маъкул набошад, дукони падаратро сохиби кун.

– Падарам, ки ба кавли ту аз панч панчааш хунар мерехт, чи обру дид, ки ман бинам.

– Хунараш буд, ки мардум то имруз уро ба неки ёд мекунанд, ману туро дар куча дида, бо эхтиром салом медиханд, дар даврахо боло мешинонанд. Агар не ману ту ба мардум чи неки кардем, ки сохиби эхтиром бошем. Гумонат чанд сол пеш милисахо, ки аз кисаат банг ёфтанд, барои чашмакои зебоят чавобат доданд, ё аз киссаи холият ду-се танга бароварда пора доди? Арвохи падари хунармандата, ки нисфи иморатхои дехаро сохтааст, хотир карда ба сари суд накашидандат. Фаромуш карди?!

– Э, милиса-милиса гуфта безор карди-ку! Ку имруз ягон милиса ба ман рух шавад. Очаи зораша дар чашмонаш нишон медихам. Гузашт дагдагаву хамхамаашон. Моро бинанд, мисли муши мурда дам ба дарун зада, ягон хаволи холи намеёбанд, ки сарашонро пеш кунанд. Хозир сохиби зиндаги моем, мефахми, оча, моем!

Салим дигар ба гапи модараш гуш надода, ракскунону зам-замакунон чониби гушагардон рафт. Аммо дар дами дар чашмаш ба хамсараш Манзура афтода, якбора ба худ вачохати чидди гирифт.

– Хурок тайёр шуд?

– Ха, — чавоб дод Манзура. – Дар чи кашам?

Салим чанд лахза ба чашмони Манзура нигохи хашмолуд духта, гуфт:

– Дар токии ман, – баъд якбора чашм ало карда, дод зад. – Дар… фалони очат каш! Аз ман мепурси, бева. Кай боз ман ба дегу дегдон хамрох шудам.

– Як дахон пурсидам, осмон омада ба замин начаспидаст-ку! — чашмонаш мал-мали об гуфт Манзура.

– Ту, канчик, забон бароварди, а! Хушёр шав, забоната бурида ба як чоят месихам.

– Шуд! – аз таки айвон нидо кард Мехри-хола. – Боз кадом саги девона газид тура. Як дахан пурсидаст…

Манзура сархам суи ошхона рафт. Ва дере нагузашта дар як даст дастархон, дар дасти дигараш як коса шурбо ба хона ворид шуд. Дастархон пахн карда, шурборо ба пеши Салим гузошт.

– Ин чи?

Манзура лахзае чи чавоб доданашро надониста, хайрон монд ва баъд чуръат карда, гуфт.

– Хурок. Худат гуфти, ки хомшурбо паз, барои бачахо мебарам.

– Ман ба ту чанд бор гуфтам, ки ба ман “шумо” гуфта мурочиат кун. Ту гапа намефахми!

Сараш хам, Манзура лом нагуфт.

– Ба ман хам аз хамон дег оварди, а! Ман барои ту ки?!

– …

– Ту бо ман хуши гап задан надори? — Салим аз чой хест. – Ё назарат намегирад. А? Ё то хол дилат ба шавхари нимколаат кашол аст? Ба умед нашав, вай дигар намеояд. Надиди, ки ман чи хел дар пеши назарат уро ба чаханнам фиристодам. Диди ё не?!

– Дидам, – гуфт Манзура аз тарс як кад парида.

– Чиро диди?

– Ба сари синааш тир андохтанатонро.

– Ту ин гапа ба хама мегуи?

– Чи гапа?

– Чи хел ман шавхари ношуди туро паррондам.

– …

– Гап зан, э, очагар!

– Чи гап занам? Э, худочон, безор шудам.

– Эха, дар дахони кухна гапхои нав-ку! – гуфт Салим ва нохост ба миёни занак лагат андохт. Манзура аз гояти дард дукат шуда, дар чяш нишаст.

– Хез! – дод зад Салим. – Баъди бист дакика як табак гуштбирён карда меои. Тез… вакт рафт, – гуфт у ба соати дасташ чашм андохта.

Вакте ки Манзура миёнашро капида аз хона берун шуд, Салим худ ба худ гуфт: хозир навбати хушдорат хам мерасад.

Хамин вакт Мехри-хола ба хона ворид шуд. Вай чанд лахза аз руи Салим чашм наканда, сар чунбонид, ва баъд якбора шурид:

– Ту духтари мардума куштании?! Хайр, шавхараша кушти, хуни вай то киёмат дар гарданат. Акнун навбати ин бечора расид.

– Оча, рав, гапа бисёр накун. Зани худам, хохам мекушам, хохам месузам. Кордор набош.

– Чувонимарг шави.

– Рав гуфтам, – чашм ало кард Салим.

– Хайр, ихтиёрат. Фойдат бошад, кардан гир.

– Корат набошад.

– Кордор намешам. Гури хар кас чудо. Лекин аз шири додаам дилам месузад.

***

Салим дар назди мактаб як мошини рохгузарро дошта, ба идораи колхоз рафт. Раис Хасан Асадулло, ки дар чойи кор буд, Салимро дида, ранги руяш канд.

– Шишти, раис, – гуфт Салим пас аз вохури кардан, ба лаби мизи кории раис амонат нишаста.

– Шиштем, – аз чой хест Хасан Асадулло. Нигохаш хамоно тарсгин буд.

Салим аз ин холати у дарун-дарун завкида, аз кисааш кутии сигарета баровард ва якеро ба лаб гузошта, хост даргиронад, аммо хамин лахза чашмаш ба яхдони кунчи уток афтид.

– Ин холо хам дар хамин чо-ку!

– Чи? — нафахмид Хасан Абдулло.

– Яхдон. Ман дируз ба ту чи гуфта будам?

– Охир, ин аз они давлат аст. Моли шахсии ман набошад.

– Чи хел давлат? Давлат кайхо мурд, ту акнун гамхору дилсузи давлат шуди. Вакте ки муш барин нисфи моли давлата аз анбор ба хонаат мекашонди, давлат ба ёдат намерасид… Хозир барои ту давлат ман, мефахми?! Аз афташ дируз туро кам задем. Маълум, ки аз худ рафтаи, гапа гуш намекуни.

– Хайр, агар бисёр зарур бошад, бар.

– Ки? Ман пуштора карда барам, а? Гапа намефахми, раис. Аз худ нарав, бе ин хам дар бораи ту гап бисёр аст.

– Чи гап?

– Имруз додарарусата капидем. Мулло Яхё – я! Медони чи мегуяд? Гуё ту ба зери пои бачахои мо об мондани будаи. Ба мо хиёнат карда, бо дарёободихо ахду паймон бастаи… Хулоса, гап мул. Яхё дар назди командир ба хамааш коил шуд.

– Зани уро… – хакорати кабех дод Хасан Асадулло дар холате, ки овозаш меларзид.

– Командир касамата хурд.

Хасан Асадулло бо кафи дастон сарашро дошта, хомуш менишаст. Дигар ёрои сухан гуфтан надошт.

– Худат медони, — гуфт вай имдодталабона ба Салим нигариста, – пас аз ин даргирихо ман занамро талок додам. Махз ба хотири дарёободи буданаш.

– О занат дар хона-ку!

– Пешаш мекунам, намеравад. Худам бурда партофта натавонам. Он лаънати якин барои бурдани хохараш омада, ба дасти шумо афтодааст.

– Хайр, ту гам нахур, – гуфт Салим маслихатомезона. – Ман метавонам чони туро харам. Албатта, барои рахмати хушку холи не. Газаби командир ба худат маълум. Ту дар ин бора ба командир хеч чиз нагу, ман худам аз дилаш мебарорам.

– То хастам хизмататро мекунам.

– Хизмат хаст. Ман ба кариби сисола мешавам… Пир шудем, раис, пир. Мехохам чашн гирам, бо хама коидахояш. Як гову ду-се гусфанд ба зиммаи ту. Боз меваю дона… худат мефахми.

– Ягон илоч мекунем. Лекин масъалаи гов мушкил. Худат хабар дори порсол хангоми хачравии падари командиратон чор гова фурухта додам. Масъалаи гов чаток.

– Ман намедонам. Лекин бе каму кост шавад. Ту феъли маро медони. Аввал ба хуби мегум…

– Хуб, кушиш мекунам.

– Ана ин гапи дигар. Агар бошад, бирез, барои халосии чони ту менушем.

– Хозир, хонаи гург беустугон намешавад…

5

Чашми Яхё тадричан ба торики одат мекард. Аз тирезачаи дувачаба, ки дар магзи девор гузошта шуда буд, равшании хирае ба чашм мерасид. Сакфу фарш ва деворхои хаммом, ки се метр андар се метр буд, симонпуш буданд. Дар девори дахлези хурдакак, ки дари хаммом аз он чо кушода мешуд, як оинаи аз нисф чаграфта ва либосовезаки кухна кашол буд. Дар даруни хаммом ба чуз як сатили кухна дигар чизе ба назар намерасид.

Яхё буду шуди хаммомро аз назар гузаронида, бо нуки пой сатилро чаппа карда, болояш нишаст. Дилаш зик буд. Беихтиёр вокиахои дар ду рузи охир ба вукуъ пайвастаро пеши назар оварда, бо алам пеши худ икрор мешуд, ки то кадом андоза одамон тагйир ёфтаанд, берахм шудаанд. Чаро якбора ба пойдевори интизому тартибот футур рафта, осиёи  авбошону дуздон гардон шуд? Хайр, ин тоифа ашхоси фурумоя хамеша пайт мечустанд, ки майдонро бе сохиб дида, ба тохт оянд. Аммо ба одамони хондагиву бофарханг чи шуд? Маълум мешавад, ки бисёрии онхо то имруз ба руй никоб кашида мегаштаанд. Зеро чун ин бесарусомониву гурграбоихо огоз шуд, онхо якбора пустини худро чаппа пушида, оханги гуфтору тарзи рафторашонро тагйир доданд. Баъзеашон хатто шарм накарда, ба чойи кори чандинсолаашон туф карда, ба даст силох гирифтанд, аз паи кассос афтоданд, ба озори мардуми бепуштибон камар бастанд. Аммо касе садди рохашон нашуд, «туро газад, маро чи гам” сармашки хама кор гашт.

“Худи ман чи? — ба худ савол дод Яхё ва вокиаи дируз дар рох рух дода, муомилаи тахкиромези силохбадастонро бо муйсафеду духтараш ва суханхои бадарди ба уву ду чавони дигар гуфтаи пирамардро бори дигар ба ёд оварда, гунахояш ба сузиш омаданд. Оё ман наметавонистам тарафи муйсафедро гирам, аз чой хеста, овоз баланд кунам? Метавонистам. Аммо тарсидам. Нахостам аз барои як одами бегона шуда, чони худро зери хатар монам… Хозир дар кучо бошад муйсафед. Кошки чони пирашро, духтари навнихолашро сихату саломат ба назди хешовандони дураш бурда расонад”.

Яхё дар кайди чунин андешахо буд, ки дари хаммом кушода шуда, дар даст фонуси дасти ва дар китф автомат Салим ворид шуд. Аз вачохаташ аён буд, ки ширакайф аст.

– Чи хели, ошно? – гуфт вай равшании фонусро ба руи Яхё дошта. – Зинда хасти? Чаро овозат намебарояд? — Салим бо кахр бо нуки пояш Яхёро нихта кард. – Вакте ки ман даромадам, ту бояд аз чоят бихези. Фахмиди?

Яхё хомуш буд.

– Фахмиди ё не? — ин дафъа пояшро ба дахону бинии Яхё гузошт Салим. – Чи хел фахмиди, мегум.

– Фахмидам, – гуфт Яхё бо китф пои Салимро аз худ дур карда.

– Нафахмиди! – гуфт Салим ва ногахон ба таки фуки Яхё муште фуровард.Тасмаи автомат аз китфаш лагжида, шаккарасзанон ба фарши симонпуш бархурд. – Аз чоят хеста ба ман чой дех, намебини дигар курси нест, – гуфт Салим автоматашро аз замин бардошта.

Яхё охиста аз чой бархост.

Салим сатилро пештар кашида нишаст ва автоматро болои зонувонаш кундаланг гузошта, гуфт:

– Бишин.

Яхё хамоно дастонаш ба пушт баста рост меистод.

– Бишин гуфтам, хашарот! – бо кахр аз чой хест Салим ва Яхёро аз китфонаш зер карда, руи фарши симонпуш шинонд. – Хозир аз назди командир омадам. Вай такдири туро ба дасти ман супурд. Акнун ман хар коре хохам, мекунам: хохам сар мезанам, хохам ба дор меовезам, ё ба думи асп баста, бузкаши мекунам.

– Наход ту то хамин дарача паст афтода боши?! – гуфт бо нафрат Яхё.

– Чи гуфти? Як бори дигар такрор кун. Ман пастам? Холо ту пастиро надидаи. Сабур бош, ман пастиву баландии зиндагиро ба ту нишон медихам.

– Ку нишон дех! – гуфт бо газаб Яхё, ки дигар аз анчоми неки кори худ умедашро канда буд. – Мард боши, дастамро хуй кун, тан ба тан мезанем.

-Дигар чиз намехохи? Шояд ягон доварро низ даъват кунам.

Яхё чизе нагуфт.

– Чаро хомуши? Гап зан, охир. Солхои донишчуи хамеша булбулакат мехонд, ягон мачлису махфил набуд, ки овози чирросии ту шунида нашавад. Он мачлисе, ки маро аз донишгох хорич карданд, ёд дори? Ба чойи тарафи маро гирифтан, санги хамон кампири фартут, каровули хобгоха зади.

– Ха, ёд дорам. Мая-хола хак буд. Хобгох фохишахона нест, ки ту хар зани сабукпои кучагиро он чо дарори.

– Ман аз аввал маишати будам, кайфу сафо мекардам. Аммо ту… Худатро дар назди маълимхо нагз кардан мехости, а! Лекин ту бало. Окибат ба максадат расиди, дар донишгох монди. Мо барин сагирахои гулу гаранга ба дастамон диплома каппонда, як шатта заданду ба кишлок хай карданд. Ту боши, дар шахр реша давонди.

– Агар ту хам имтихонро бо бахои аъло супорида, хохиши кори илми кардан медошти, дар донишгох мемонди.

– Не-е, ба мо сагирахои бе пушту панох ки ичозат медод!

– Ба ман ичозат доданд-ку!

– Ту писари раис буди. Мулло чиринг туро мононд.

– Ин чо пул чи муносибат дорад? Ман худам нагз мехондам.

– Хайр, бигузор, нагз мехонди. Окибат чи шуд? Хозир ту асири ман. Акнун даври мо омад. Осиё ба навбат мегуфтанд, аммо ту ба фиркам, бовар намекарди. Дина раиси нохия гайб зад. Аниктараш думаша хода карда гурехт. Ба чои вай командир раис мешавад. Ба ман хам вазифа ваъда кард. Заводи орда мегирам. Чанг аст, тинчи аст, одамон як умр ба орд этиёч доранд. Бе нон зиста намешавад. Хулоса, заводи орда гирифта, дар як гушааш чарида мегардем. Чи гуфти, маълим?

«Ин тирамагз бошад хам, дар кори худаш хушёр, –  аз дил гузаронд Яхё. – Аллакай хисобу китоби дунёро гирифта, ресмона дароз партофтааст.»

– Ту хамун завода ухда карда метавони? – пурсид Яхё. – Аклат мегирад?

– Ту барин олимхо барои чи даркоред… Кор мефармоям. Агар хар руз панчсад халта орд фурушам… медони чи кадар пул мешавад. Эха! – дасташро ба хам совид Салим ва аз гояти кайфчоки ба дахонаш оби ширин омаду онро зуд фуру бурд.

– Ту бо ин гапхо чи гуфтан мехохи?

– Мехохам ба ту адаб ёд дихам. Имруз туро созакак ба гап дароварда, пагох назди командир барам. Ту медони, ки бачахои нохияи шумо додари командира бо чи азобхо куштанд?

– Хабар надорам. Командири шумо кист?

– Пагох нагз шинос мешави. Вай касам хурдааст, ки хар нафаре аз нохияи шумо ба дасташ афтад, пуст меканад, зиндаю зор.

– Пас маро пуст канданист.

– Нав фахмиди?

– Бале. Бигузор кушад. Ман аз мурдан наметарсам. Лекин мехохам, пеш аз марг ба ту ду-се дахан гап занам. Ман хочаи туро як назар дидам, намедонам дар асл чи касест. Лекин туро нагз медонам. Медони барои чи чавонмардон хамеша чавонмарганд? Зеро ба хеч кас тан намедиханд, сар намефароранд, хиллагарию гаммози ва хушомадгуиро намедонанд. Танхо сари танхояшон медонаду вичдони покашон. Ман нагз  медонам, ки агар имруз ту ба чойи ман мешуди, чи кор мекарди.

– Чи кор мекардам?

– Ба назди хамон командир сари зону мезади, айёриву лаганбардори мекарди, зорию тавалло мекарди то зинда мони, номард боши хам, зинда боши. Аммо як чизро аз ёд набарор, ки бади харгиз бечазо намемонад. Бигузор дер бошад хам, рузи чазо мерасад.

– Ки чазо медихад? Ту? – аз чой хест Салим ва паихам ба сандуки синаи Яхё се-чор мушт зад. Якин аз ин кор хушаш омад, ки мисли муштзанхои касби ин тараф- он тараф частухез карда, сару руи Яхёро мешткори кардан гирифт.

Яхё аз зарбахои паёпай нафасаш гохо дарун задаву аз ноилочии худ газабаш чушида дандон ба дандон монда,токат мекард, наменолид. Баъд аз муштзании зиёд монда шуда, карор гирифтани Салим Яхё канда-канда гуфт:

-Ёфт… мешавад… одами чазодиханда, – баъд каме сукут карда, илова намуд. – Умуман гап дар сари ману ту нест. Ман подоши бадиву бахилии номаш фарзанди инсонро дар назар дорам.

– Дар донишгох монда файласуф шуди, мегум.

– Ин фалсафа нест. Як хакикати оддии зиндагист. Медони, имруз, вакте ту маро дар назди хочаат дида, худатро тамоман ношинос вонамуд карди, ба ту нафратам омад. Харчанд мефахмам; метарси, ки боз хочаат гумони бад набарад. Зеро мо, фарзандони як миллати бадбахт имруз ба махалхо таксим шуда, мукобили якдигар сангар гирифтаем, сояи якдигарро аз девор тарошида, хокамонро мебезем. Мефахмам, дустам, ту аз чони худат дар хароси. Хозир агар ягон одами бегона маро як мушт занад, ту аз тарси он ки  хочахоят рахми душманро хурд нагуянд,  ду мушт мезани. Чунки тарсуи!

– Ха-ап! – ба дахону бинии Яхё лагад андохт Салим. – Ду дахан гап дорам гуфта, як достон хонди-ку! Ёфти вакти маралхониата. Фойидаат намекунад-е, сагира. Рузи ту ба шумор мондаги.

Аз зарби ботинкаи сарбози дахону бинии Яхё гаркоби хун шуд. Хатто як дандонаш шикаста, ба халкаш рафт ва у онро ноилоч фуру бурд.

– Медонам, ки хеч гунох надори, – гуфт Салим аз Яхё, ки хар замон бо нафрат хуни дахонашро туф мекард, чашм наканда. – Ба дидорбинии хохарат омадаи. Метавонистам инро ба камандир фахмонам ва чони туро халос кунам. Аммо… мехохам азоб каши, тавба куни…

– Чунки палиди, – гуфт Яхё ба пеши пояш туф карда. – Нотавони.

-Ки?  Ман нотавонам? – писханд зад Салим. Фалонама хурди. Ман кори хостаамро мекунам. Ту медони, Манзурае, ки як умр дар гамаш сухти, имруз дар кучост? Зани ман!  Хайрон шуди, а !  Хайрон нашав. Дод гуй, охир, ба ёри чег зан уро. Ха-ха-ха! Харчанд чанд сол пеш ту мурданивор зур зада дар пеши рохи ман гавчуб шуди, росту дуруг гуфта дили уро аз ман хунук карди, аммо окибат фойдат накард. Окибат ман уро ба зури аз они худ кардам. Холо вай хар шаб дар таки пои ман мисли мусичаи ба дом афтода питиррос мезанад, нолиш мекунад, аз нуки нохун то тори сарамро мелесад. Аммо як вактхо дар пеши назари ман бо ту дасто ба даст мегашт, хандаю шухихо мекад. Харчанд, биё, кино равем гуям хам бо хазору як бахона рад карда, хамрохи ту чон-чон гуфта мерафт. Аммо хозир… хай нолиш мекунад.

– Аблах!

Пуш дахони ифлосата! – наъра кашид Салим аз газаб ва бо кундоки автомат ба сандуки синаи Яхё бедарег чунон зад, ки вай мувозинаташро гум карда, ба тахтаи пушт афтида, сараш ба фарши симонпуш бархурд.

Салим ду кадам пеш омада, дар болои пайкари бехуши Яхё мезид.

6

Касе зур зада куфли дарро кушодан мехост. Чанд бор ба дахони он калид андохта кушиши тоб додан кард, хатто такон дод, аммо боз нашуд куфл.

Яхё, ки ба хуш омада буд, сари дардмандашро бардошта, мутаваччех шуд: ки бошад? Ё Салим аз гояти масти калиди мувофикро намеёбад. Яхё калавида ба по шуд ва ба назди дар рафта, гуш дод.

– Сабил монад, кадомаш бошад, – мегуфт овози занона.

Яхё хайрон баргашта дар чои аввалааш нишаст. Тамоми аъзои баданаш зирк-зирк дард мекард. Гуши чапаш мисли он ки касе дар бехи он болгакуби мекарда бошад, садо дармедод.

Пас аз чанд дакика дар кушода шуд. Дар даст чароги хирасуз зан ба дарун кадам гузошт ва Яхёро дида, андаке харосид. Баъд пештар омад, дар партави чарог чанд сония ба руи Яхё дида духта, пичиррос зад:

– Зуд бош… гурез… Намедонам кисти ва чи гунохе содир кардаи, аммо ба холат дилам месузад. Эх, чувонхо, чувонхо… Окибат сари якдигаратонро мехуред, ба чони чавонатон рахм намекунед. Намедонед, ки дар гами шумоён модарон обу адо мешаванд, гуссамарг мешаванд. Исто, ки ту писари ки мешави?

– Шумо маро намешиносед, холачон, ман аз нохияи дигар.

– Хайр зуд бош… Агар Салими чигарррехта бедор шавад, хардуямонро чо ба чо мекушад. Хайрият, ки маст аст. Агар маст бошад, мурда барин хоб меравад, дар тори сараш санги осиёро гардони хам, бедор намешавад. Ин калитхоро занаш аз кисааш гирифта дод. Динашаб бачаи Махмадмуроди говдузд омада буд. Куш мегуяд туро. Хангоми чой даровардан ба гушам шунидам. Ун хонасухта мисли падараш на имон дорад, на вичдон. Ту хозир харчи тезтар аз деха берун шав. Ба дари ягон кас нарав. Хозир ба одамон бовар карда намешавад. Мабодо боз ба дасти ягон худобехабари дигар наафти. Бехтараш ба дашт рав. Дар дехаи хамсоя дари ягон касро куби, чой медодагист. Он тарафаш таваккалат ба худо, бачам. Агар умрат боки бошад, халос мехури.

 Аз суханони нарми зан ба тани Яхё чони тоза дамид.

– Дастам, – гуфт у ба дастони бастааш ишора намуда. – Кушоед.

– О, ман инро чи хел кушоям, – хайрон монд зан – Ин чи хел кушода мешавад. Ман надонам, – ба Яхё наздик шуд у ва нуки ресмонро ёфта, афзуд. – Кургирех задаст-чи? Ба курмак монанд. Хозир…

Зан бо як азоб дастони Яхёро боз кард.

– Ман ин некии шуморо то дами мурдан фаромуш намекунам, – гуфт Яхё банди дастони чангакшударо молиш дода. – Аз хамин лахза инчониб ман шуморо модар мехонам. Ба Манзура салом гуед, дар хаммом Яхё будааст гуед.

Зан чанд лахза хайрон ба Яхё нигариста, пурсид:

– Ту уро мешиноси?

– Ман бо Салиму Манзура хамсабакам.

– Ха-айр… Зуд бош.

Яхё аз дарвоза баромада лангон – лангон дар огуши торики гайб зад. Мекушид харчи тезтар аз ин макони марг гурезад. Аввал хост ба хонаи хохараш биравад, ки аз ин чо такрибан хашт – дах километр дур буд. Аммо зуд аз фикраш гашт. «Пагох хабар ёбанд, аввал рафта хонаи уро такуру мекунанд» – аз дил гузаронд Яхё.

Харчанд рох гаштан барояш душвор буд, лахзае бознамеистод, пеш мерафт. Тани дардманду абгоршудаашро ба як азоб кашола карда, кадам мезад. Пас аз хеле рох паймудан аз деха бурун шуда, ба дашт баромад. Акнун у аз пахлуи деха мерафт. Дар доманаи тали фарози кух, ки рохи мошин мегузашт, хира – хира равшание менамуд. Ин равшании чароги сакфи кабинаи мошин буд. Шояд ба ягон ронанда хоб голиб омадааст, ки мачбур мошинро канори рох нигох дошта, хоб рафта буд. Ва ё ягон кисми мошинаш вайрон шуда… Хулоса, он равшани дар ин дашти нопайдоканор гуё миное буд, ки уро ба суи худ мехонд. Харчанд лахза ба лахза мадораш рафта, дилаш бехузур мешуд ва сандуки синааш хангоми нафаскаши ба дард омада, сараш ноаён чарх мезад, Яхё хама рагу пайашро чамъ оварда, суи он мино гом бардошт.

***

Сапеда медамид. Аз дуру наздик хурусхо ба якдигар таклидкунон гулу даронда, чег мезаданд.

Вакте, ки Яхё дар кабинаи мошин нишаста, ба рох даромад, дар хавлии Мехри-хола садои тир сукунати субхгохонро рахна намуда, хамсояхоро аз хоби ширин бедор кард. Зеро ин лахза Салим аз хоб бедор шуд ва даруни хаммомро холи ёфта, хавлиро ба сар бардошт, девонавор наъра кашида, суи хаво тир андохт.

Аввал Манзураро зери мушту лагат андохта, хеле истинток кард. Аммо аз дахони у гап гирифта натавониста, кахру газабаш дучанд аланга гирифт. Девонавор ба пои у тир андохта, мачрух кард. Мехри-хола девонагихои писарашро тахаммул карда натавониста, ба сару руи у чангол зад, дуои бад кард: илохи, чувонимарг шави. Нарас ба зани бечора, вай айб надорад. Ман кушодам дари хаммомро.

Салим баробари шунидани ин суханон дар болои сари модар мусалсал суи хаво тир кушод. Мехри-хола, аз тарс гушхояш ба тамом куфл зада, пару афтид. Дигар чисми бечони у садои тирро намефахмид, хакоратхои писарро намешунид.

7

– Чаро ин матнро интихоб кардам? – сар бардошта саволи занро такрор кард Яхё. Ин интихоби ман нест. Вакте барои ин сангро супориш додан ба назди усто рафта, арзамро баён кардам, вай ба ман гуфт, ки аввал санги дилхохамро интихоб карда, матнашро нависам, ана баъд нархашро гапзанон мекунем.

– Матн холо тайёр нест, – гуфтам ман. – Мехохам як байти хубро хакоки кунем.

– Ман шоир набошам, – бассум кард усто. – Одамон хар чиз фармоянд, хамонро хакоки мекунам. Вазифаи ман аз хамин иборат аст. Лекин ба фикрам байти муносиб ёфтан он кадар душвор нест. Зеро, шукр, шоирони зиёд дорем, шохбайтхояшон ба хафт пуштамон мерасад. Агар мо, точикон, аз камии шеъри хуб шикоят кунем, кур мешавем. Барои ки санг гузоштаниед? Модаратон?

Ман мачбур шудам саргузашти худро ба у хикоя кунам.

– Писараш холо дар кучост?

– Дар чанг кушта шудааст.

– Сазои сараш. Хай нобакор! Хай носипос! – гуфт усто сар чунбонда. – Ин гапи кучо, а! Писар – котили модар!..

Устои пир хамин тарик афсусхурон дар устохонаи хурдакаки худ пешу кафо кадам зада, гуё чизи мухиме ба ёдаш расида бошад нохост дар чои худ истод ва ба ман ру оварда гуфт:

-Барои санги мазор байти мувофик намеёбам гуфти,а! Бехтараш бинависем, ки «Дар ин кабр модари чигарсухта хоб аст. Ёдгори аз фарзандони нохалаф» Чи гуфти? Бигузор, ин санги мазори хама он модарони гуссамарги точик бошад, ки ин чанги бемаъни аз байн рабуд. Харчанд шоирона нест, аммо мувофики мудаост. Чи гуфти?

Ман рози шудам…

Зан хамоно аз санги сари мазор чашм намеканд. Чанд катра ашк аз чашмони у шорида ба китфони мард рехт.

– Хез, Яхё, хез рафтем. Ба ту дер мешавад…
Мард вазнин аз чой бархост. Онхо охиста – охиста аз назди кабр дур шуданд.

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …