Моддаи 154-и Кодекси оила. Хукуки кудакони бе парастории падару модар монда, ки дар муассисахои тарбияви, табобати ва муассисахои хифзи ичтимоии ахоли карор доранд
- Кудакони бе парастории падару модар монда, ки дар муассисахои тарбияви, табобати ва муассисахои хифзи ичтимоии ахоли ва дигар муассисахои ба ин монанд карор доранд, чунин хукукхо доранд:
– ба таъминот, тарбия, таълим, рушду такомули хамачониба, эхтироми шаъну эътибори инсони, таъмини манфиатхояшон;
– ба алимент, нафака, ёрдампули ва дигар пардохтхои ичтимоии ба онхо тааллукдошта;
– ба нигох доштани хукуки моликият ба манзили истикомати ё хукуки истифодаи манзили истикомати ва хангоми мавчуд набудани манзили истикомати хукук доранд тибки конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба манзил хонаи истикомати гиранд;
– пас аз хатми муассисахои зикргардида ба имтиёз барои ба кор даромадан мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба мехнат (КЧТ аз 26.12.11с., №791)
- Кудакони бе парастории падару модар монда, ки дар муассисахои дар кисми 1 хамин модда зикргардида карор доранд, инчунин дорои хукукхои пешбининамудаи моддахои 55, 56 хамин Кодекс мебошанд.