Главная / Гуногун / РОГУН – Макола

РОГУН – Макола

Чахони муосир, ки кишвари мо низ як чузъи он махсуб меёбад, ба мархилаи тоза ворид гардид. Ва имруз барои мардуми точик имтихони нангу номус, ватану ватандори, худшиносии милли огоз ёфт. Ин имтихон огози сохтмони бузурги аср – Неругохи барки обии Рогун мебошад. Чунон ки Президенти Точикистон Эмомали Рахмон дар Мурочиатномаи худ ба мардуми Точикистон, 5 январи соли чори гуфтанд: «Рогун сарчашмаи ифтихори миллии хар як фарзанди Точикистон ва рамзи сарбаландии имрузу фардои мост! Рогун хастии миллати мо ва хаёту мамоти давлати Точикистон аст!»

Бале, на кам, на зиёд!

Яъне Рогун бе ягон чуну чаро бояд сохта шавад!

«Дар акси хол истиклолияту сохибихтиёри чун харфхои гушнавоз руйи когаз мемонанду мову шумо ин неъмати бебахоро аз даст медихем».[1]

Халк дар якчояги ба ичрои хама гуна корхои азим кудрат дорад. Аз ин ру, бе ягон шакку шубха Рогун сохта мешавад. Ва дар ин чода сахми адибон багоят мухим аст. Зеро эшон бо сухан сару кор доранд. Сухан бузургтарин аслиха аст.

        Бехтарин гавхари ганчинаи хасти сухан аст,

        Гар сухан чон набувад мурда чаро хомуш аст.

Мо аз дурии замонахо ба имруз расидаем.

Гуфтаанд: «Агар теги олам бичунбад зи чой, Набурад рагеро, нахохад Худой». Бале, хамин тавр аст. Шукр Худоро, хазор бор шукр, ки ба неъмати бебахо – истиклолияти сиёси расидем. Тули хаждах сол дар ин фазо зиндаги намуда, руз ба руз ниёзи харчи бештари моро ба худшиносии вокеии милли, таърихи, фарханги ва оини ошкор месозад. Ва мо дар ин масир чидду чахд дорем, ки такдири худро ба дасти худ бинависем. Бетардид дар ин маврид абёти машхури Аллома Икболи Лохури ба ёд меояд:

             Худо он миллатеро сарвари дод,

             Ки такдираш ба дасти хеш бинвишт.

             Ба он миллат сару коре надорад,

             Ки дехконаш барои дигарон кишт.

Миллати точик бо сарварии Президенти кишвар Эмомали Рахмон аз як имтихони сангин – чанги шахрванди берун омада, парчами сулху салохро барафрохт ва бакои таърихии худро таъмин намуд. Мояи хушхоли аст, ки бо туфайли файзу баракати истиклол руйдодхои мухим ва хотирмон дар хама сохахои кишвар ба назар мерасанд.

Зиндагони тавлиди дигар, рангу мазмуни дигар ёфт!

Афсона ба хакикат табдил гардид!

Тамоми дастовардхоямонро агар дар як вожа баён созем, он чунин аст: «Корнамои!»

Бале, корнамои!

Албатта, ин корнамои адибони точик, фарзандони бовафо ва чонфидои ватани азиз – Точикистонро бетараф нагузошт. Аз рузхои аввали истиклолияти давлати мисли оби рудхои кишвар хурушон гашта, мададгору шифобахшу давои ватан шуданд. Ба кавли Мухаммад Гойиб: «Агар фикри ватан дар сар набошад, сар чи кор ояд». Ва дар ин радиф мисраъхои Мирзо Файзали ба ёд меоянд:

           Эй, ки мепурси: «Чи доди бар Ватан?»,

           Додани доди сухан моро бас аст.

Тули хаждах сол барои очеркнависони точик давраи озмоишхо буд. Зеро онхо ба тундравихои замон нигох накарда, набзи даврон, яъне хакикати зиндагиро хаккони ба тасвир гирифтанд. Хар чи ки офариданд, некбинона ва бо нияти накукори, тантанаи адолати зиндаги офариданд.

Дафъатан бояд тазаккур дод, ки очеркнависон таърих меофаранд. Ва бузургворе гуфтааст, ки: «Таърих сиёхнавис надорад». Дар хакикат хам наметавон солномаи сарнавишти халкро дигар кард ва ё ислохе даровард. Ин нукта бенихоят мухим аст. Зеро таърих рохи зиндаги, ганчи нодири маънавиёт аст. Он барои имрузиён василаи ибрат бошад, барои ояндагон чароги фардост. Тачрибаи рузгор худ кушояндаи муаммо ва рахнамои инсон буда, бахрабардори аз он ба суди шахс аст: «Бирав, зи тачрибаи рузгор бахра бигир, Ки бахри дафъи хаводис туро ба кор ояд». Мо бояд шукр кунем ва аз он хама чизе ки гузашт, сабак гирем. Дарси хаёт давоми мантикии дарси муаллим аст. Оре: «Хар ки н-омухт аз гузашти рузгор, Низ н-омузад зи хеч омузгор!»

Кобили кайд аст, ки очерк хамкадаму хамнафаси замон буд ва харгиз дар холати бухрони карор надошт. Баракс дар баробари дигар жанрхои адабиёт пешрафт дорад ва солхои охир болу пари нав кушодааст. Ба ёд овардани танхо номхои Бахтиёри Муртазо, Рачаб Мардон, Равшани Ёрмухаммад, Иноят Насридин, Рачабали Ахмадов, Чамолиддин Тошматов, Холназар Мухаббатов, Худойназар Асозода, Мачид Салим, Ханифаи Мухаммадохир, Мухаммадчон Мирзошоев кофист, ки онхо бо очеркхои худ шухратманданд.

Лозим ба ёдоварист, ки устодони насри муосири точик Мехмон Бахти, Абдулхамиди Самад, Кароматуллохи Мирзо, Саттор Турсун, Урун Кухзод, ки асархояшон ба даххо забонхои дунё тарчума ва нашр шудаанд, бо сахтгири ва фидокории хеш натанхо дар ривочу равнаки жанри публисистика, балки дар тарбияи маънавии мардум, рушду нумуи чомеа сахми арзандаву босазо гузоштаанд. Онхо бештар маколахои публитсистии худро ба мавзуъхои мухим, такдир, кадру манзалат ва рисолати инсон, ба адабиёт, сиёсат ва хаёти фархангиву ичтимоии замон бахшидаанд. Ин адибони шинохта мушкилоти офаридахои худро огохона, бо баёни покиза ва чахонбинии фарох пешкаши хонанда гардонидаанд. Ва мардум, новобаста ба вазъияи иктисоди, маишати рузгор ва монанди инхо, ба адибон бовари доранд ва ба онхо арч мегузоранд.

Президенти Точикистон Эмомали Рахмон дар мулокот бо зиёиёни мамлакат бори дигар атрофи бурду бохти адибон, асархои нав ва фаъолияти Иттифоки нависандагон дар солхои истиклолият суханрони намуда, аз чумла кайд карданд: «Имруз барои хонанда асархое лозиманд, ки арзиши истиклолияти давлати, гояи худшиносии милли, ватанпарастиву инсондусти, мехнати халолу зиндагии бошарафона, арзишхои милли ва умумибашариро талкин намоянд».

Соли 2006 мачмуаи дастчамъи – «15 бахори Истиклол», соли 2008 – «Дарвозаи тиллои», соли 2009 – «Достони Вахдати миллат», соли 2010 – «Точикистон нурборон мешавад» нашр шуда, ба дасти хонандахо расид.

Ин китобхои пурарзиш очерк, эссе, кайдхо ва манзумаву шеърхои шоиру нависандагони муосирро фаро гирифта, дар боби ватану ватандори, худогохиву худшиноси, вахдати милли, корномахои бинокорони сохтмонхои азим, ободихои кишвари махбуб, ки хама аз файзи Истиклол аст, хикоят мекунад.

Инчунин, китобхои «Норак – шахри нур», «Кахрамони Нурофарон» ва «Бунёдкорони Сангтуда»-и Чамолиддин Тошматов, «Рогун-бахти рузафзун» ва «Кудрати Рогун»-и Рачабали Ахмадов  нашр шуда, ба дасти хонандахо расид, ки таълифоти солхои охиранд ва хаёти имрузаи бунёдкоронро дар худ тачассум намудаанд..

Имруз барои очеркнависон давраи озмоиши нав огоз гардид. Ин озмоиш огози сохтмони Неругохи барки обии Рогун мебошад, ки дар чанд соли пеш ин ба назар коре гайриимкону орзуе дастнорас менамуд. Икдоми Президенти кишвар Эмомали Рахмон ва мурочиатномаи саршор аз хисси дилсузиву миллатдустии у ба мардуми шарифи Точикистони азиз дар мавриди бунёди Неругохи Рогун пирузии хирад бар чахл аст.

Рогун иншооти такдирсоз буда, майдони бузурги миллатофаринист. Эмомали Рахмон дар суханронии худ дар маросими хатми корхои асосии накби Анзоб, 26-уми июли соли 2006, гуфтанд: «Дар таърихи адабиёти чандхазорсола ва муштараки мо Фарходи кухкан бо кандани факат як чуи об барои Ширини худ умри абад ёфтааст».

Барои каламкашоне, ки шохиди сохтмони бузурги аср мешаванд, бахти баланд аст. Бе ягон мухобот Неругохи Рогун манбаи илхом буда, каламро ба чунбиш меорад. Аз ин ру, баробари огози сохтмон шоиру нависандахо паёпай ба Рогун омаданд. Хадаф аз мулокотхо бо сухан дар корзор рухбаланд кардани сохтмончиён буд.

Дар як муддати кутох бо иштироки нависандагон Равшани Ёрмухаммад, Рачаб Мардон, Бахтиёри Муртазо, Иноят Насриддин, Нозир Ёдгори, Рачабали Ахмад дар «Шабакаи аввал» ва «Сафина» панч намоиш тайёр карда, пешкаши тамошобинон намудем. Ногуфта намонад, ки хар намоиш се-чор бор такроран намоиш дода шуд. Инчунин, адибон понздах очерку маколаи публитстисти офариданд, ки дар матбуот чоп гардид.

Ва, инак, мачмуаи дастчамъи – «Наврузи Рогун» нашр шуда, ба дасти хонандахо расид. Дар он махсули эчоди кариб 90 адиби муосири точик фарохам омадааст. «Наврузи Рогун» дастагулест ва табиист, ки хар гул рангу бу ва таровату назокати хоссе дорад. Дар мачмуа дар баробари шеърхои 75 шоир, инчунин, панч очерк, нух маколаи публитсисти ва як мусохиба чой дода шудааст. Китоби «Наврузи Рогун» аз чанд чихат нодир мебошад. Аввалан, он баробари огози сохтмони неругох ба табъ расид. Сониян, дар асархо орзуву ормонхои мардум, назару андеша ва ихлосу мехру мухаббати адибон баён гаштааст. Ва, ахиран, ин китоб метавонад барои офаридани асархои калон хамчун замина хидмат бикунад.

Дар хама очерку маколахо тавсифи икдоми Президенти Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон мавкеи намоёнро ишгол менамояд. Албатта, ин табиист. Зеро махз бо ташаббуси Сарвари давлатамон сохтмони Неругохи барки обии Рогун эхё гардид.

Дар мадди назар ва маркази диккати адибон одам меистад. Албатта, хануз муяссар нашудааст, ки кахрамони фаъол, мубориз, бунёдкори хаёти нав ва чоннисорро биофаранд. Вале кушидаанд, ки ба ботини мураккаб ва пурасрори инсон ворид гардида, уро дар лахзахои гуногуни зиндаги тасвир намоянд.

Бузургии инсон ва сирру асрори нихонии уро кашф намудан осон нест. Барои инсонро шинохтан бо у як пуд намак хурдан хам кам аст.

Чандест, ки дар доирахои коршиноси ва журналистии кишвар бахси хатар доштани пайвастани вахдату гурури милли бо сохтмони НБО-и Рогун пайдо шудааст. Ва оё пайвастани вахдату гурури милли бо сохтмони НБО-и Рогун дуруст аст? Ба ин савол маколахои публитсистии Назри Яздони «Рогун ва камолоти худшиноси», Фотех Абдуллох «Рогун – имтихонгохи номус ва хамбастагии милли» чавоби сахех медиханд: Бале, дуруст аст! Зеро аз сар гирифта шудани сохтмони НБО-и Рогун аз муттахид шудани мардуми точик дарак медихад. Ва агар ифтихоре аз худ намедоштему гурури миллии мо намебуд, харгиз чунин икдоми бузургро дар рохи расидан ба истиклолияти энергетики намегузоштем.

Маколаи тахлили-публитсистии Холназар Мухаббатов «Рогун ва мушкилоти таксимоти об дар Осиёи Маркази» хеле чидди ва пурмухтаво мебошад. Муаллиф тавонистааст бехудагии иддаохои Узбекистон дар бораи асароти НБО-и Рогунро нишон дихад. Ва оё пас аз мутолиаи макола метавон бовар кард, ки рохбарияти чумхурии хамсоя кучактарин дарку тасаввур ё парвое аз мухити зист дорад?

Албатта, махсули калами адибонро наметавон асари комил номид. Зеро онхо ифодаи сатхии вокеоти як рузу ду рузанд. Имруз майли адибон ба омухтану дарки мохияти амал, донистани махсусияти сохтмон, ба майдон омадани бунёдкори нав бо ихтисоси нав зиёд гардид. Онхо азми кави доранд, ки асархои бештар назаррас эчод кунанд. Аммо ин осон нест. Ин чо мехохам аз хотироти нависандаи шинохта Мухиддин Хочазод порае биёрам: «Дар вакти мухокимаи романи «Об-рушнои», ки дар Иттифоки нависандагони Точикистон баргузор гардида буд, соли 1965 дар катори як гурух адибони варзида Мирсаид Миршакар гуфтанд: аз романи «Об-рушнои» буи Норак меояд».

Барои аз асархои адибон буи Рогун омадан онхо бояд хама чабхахои сохтмонро бо чашми худ бубинанд, бо мардум хамкору хамсухбат шаванд, ботини онхоро омузанд, гардиши тафаккури онхоро бисанчанд.

Бештар адибон бо дастахои хунари сафар мекунанд. Яъне адибон ру ба ру нею аз сахна ба одамон сухбат мекунанд. Дар ин холат мушкил аст, ки адиб ба максадаш расад. Албатта, хама ба раксу суруд таваччухи бештар медиханд.

Баъд шаш-хафтнафари ба сохтмон мераванд. Ба касе оромона сухбат карда намешавад. Албатта, майдони сохтмон чои сухбат нест.

Бо бунёдкорон диду боздид осон нест.

Кор чуш мезанад. Мухорибаи шаъну шараф. Кранхою булдозерхо кор мекунанд. Мошинхои боркашон рафтуо доранд.

Имконияти ба саволхо пурра чавоб додан нест.

Бо онхо сухбат карда намешавад. Дил намехохад. Вичдон намебардорад. Аз руи талаботи техникаи бехатари хам чоиз нест. Аз ин ру сафар чун экскурсия мегузарад. Ва навиштахо хам чун репортаж хастанд.

Нависандагон Бахтиёри Муртазо ва Чамолиддин Тошматов озод ки хастанд бештар сафар мекунанд, одамонро мешиносанд. Дигарон вазифа доранд, сардор доранд. Шоир Убайдуллои Ширин мегуяд, ки ман се шеър навиштам, аммо конеъ нагаштам. Дилам мехохад ба Неругохи Рогун биравам, хамнафаси сохтмончиён бишавам. Вале корам чунон бисёр аст, ки берун баромада наметавонам.

Бояд коре кунем, ки хар як мулокоти адибон бо сохтмончиён ба як тантанаи азим ва хотирмон табдил ёбад.

Ногуфта намонад, ки на хар кас ба Рогун рафта метавонад. Хуб мебуд агар ба адибоне, ки бо ин сохтмон сарукор доранд, рухсатномаи махсус дода мешуд.

Зимнан, хамин чо як нуктаро гушрас кардан мехохам, ки барои ба Рогун рафтан маблаг зарур аст.

Жанри очерк холати рухии инсони вокеиро дар сари кору фаъолият инъикос мекунад. Яъне кахрамон очерк бофтаи хаёл нест, аммо ин маънои онро надорад ки уро танхо мусбат биофарем. Бе айбу гунох танхо Худованд аст. Бандаи хоки аз чурму гунох хеч вакт ори нест.

Хамчунин, ногуфта намонад, ки кор бе камбуди намешавад, чое ки кор аст, камбуди низ хаст. Бинобар ин ошкор сохтани норасоихо танхо ба фоидаи кор мебошад.

Рохи зиндаги чун кух шебу фароз ва пастию баландихои бешумор дорад. Точикистонро бе кух тасаввур кардан аз имкон берун аст. Кух барои мардуми точик азизу мукаддас аст. Неругохи барки обии Рогун дар синаи кух не, дар калби кух сохта мешавад. Аз ин ру, бо кух хамтану хамчон мегардад. Ва мисраъхои Гоиб Сафарзода ба ёд меоянд:

                  Куххо чу одами дардошно

                  Якдигарро пуштибони мекунанд.

Ин мисраъхо гуё имруз эчод шудаанд. Шоир ба мо хитоб мекунад, ки дардошноиро аз куххо биомузем.

Рогун хамчун идеяи милли хамаро ба хам овард.

Соиби бузург дар вакташ суруда: «Доштем аз хам хабар, дар хар кучо будем мо». Саидчон Хакимзода хам гуфта: «Дусти мустахкам аз бисёр дидан мешавад, Аз чудои рафта-рафта дуст душман мешавад».

Он руз дур нест, ки адибони точик бо асархои арзандаи худ буйи Неругохи барки обии Рогунро дар чахон пахн карда, номи бунёдкорони онро ба сахифахои заррини таърих ворид месозанд.

20 марти соли 2010

[1] Аз суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар ифтитоњи сохтмони туннели Анзоб, 20 майи соли 1999.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …