Бачагон, шумо мушохида кардед, ки дар табиат рангхои хос мавчуд аст ва онхо аз таъсири холатхои гуногуни табиат тагйир ме- ёбанд. Рангхо аз холати равшани, тагйироти табиат, чойгиршавии дуртар-наздиктари ашёхо, аз ашёхои гуногунранг ва аз таъсири мутакобилаи рангхо вобаста мебошанд ва тагйироти онхоро ди- дан мумкин аст.
Бо кадом воситахои бадеи манзарахои зерин тасвир карда шудаанд? Шумо дар тасвири перспективаи нафис ва рахдор чиро мушохида кардед? Рассомон чи гуна пахншавии рушнои, хулосахои рангиро тасвир намудаанд?
Дар вараки когаз фазои тасвиршаванда мавчуд буда наметаво- над. Дар расмхои пешниходшуда фазо ва умк шабохати намунави мебошад. Ба хотири он ки чунин фиреби назар биофарем, мо бояд илми перспективаро биомузем.
То айни замон шумо дар бораи перспектива баъзе тасаввурот доштед.
Перспектива илмест, ки конунхои сохти хаттии тасвири ашёхоро дар мавриди дурии гуногуни онхо нисбат ба шахси назораткунан- да мавриди омузиш карор медихад. Калимаи «перспектива» аз забони лотини айнан ба маънои «сар то по мебини» меояд.
Мафхуми перспектива ба он асос мегирад, ки ашёхои аз хамдигар дур тибки андоза, нисбат ба андозаи асли хурдтар ба назар мерасанд, шумо дар ин хусус аз синфхои ибтидои огах хастед.
Масалан, ба шумо холо мафхумхо дар бораи хатти уфук маълу- манд. Ин хат барои нишон додани умки фазо асоси ба хисоб меравад.
Ба шумо аллакай маълум, ки хатти уфук дар сатхи чашм карор дорад. Хатти уфук мафхуми чугрофиест, ки шартан осмон ва за- минро таксим мекунад, аммо дар санъати тасвири, дар натюрморт, интерйер, хангоми тасвири пейзаж дар наккоши вай нихоят мухим аст. Дар табиати гуногуншакл объектхои наздик ва дур – роххо, дарахтон, хонахо, куххо, осмон ва гайраро хатман бо ис – тифодаи перспективаи нафис ва хатти тасвир мекунанд, чунин конунхои асосиро мо бояд донем ва истифода намоем.