Главная / Маданият ва санъат / Пейзажи «Тирамоҳи дер». Фазо ва перспективаи рахдор, паҳншавии рӯшноӣ

Пейзажи «Тирамоҳи дер». Фазо ва перспективаи рахдор, паҳншавии рӯшноӣ

Бачагон, шумо мушоҳида кардед, ки дар табиат рангҳои хос мавҷуд аст ва онҳо аз таъсири ҳолатҳои гуногуни табиат тағйир ме- ёбанд. Рангҳо аз ҳолати равшанӣ, тағйироти табиат, ҷойгиршавии дуртар-наздиктари ашёҳо, аз ашёҳои гуногунранг ва аз таъсири мутақобилаи рангҳо вобаста мебошанд ва тағйироти онҳоро ди- дан мумкин аст.
Бо кадом воситаҳои бадеӣ манзараҳои зерин тасвир карда шудаанд? Шумо дар тасвири перспективаи нафис ва рахдор чиро мушоҳида кардед? Рассомон чӣ гуна паҳншавии рӯшноӣ, хулосаҳои рангиро тасвир намудаанд?

«Дар канори деҳа». А. Орозобаев
«Дар канори деҳа». А. Орозобаев

Дар варақи коғаз фазои тасвиршаванда мавҷуд буда наметаво- над. Дар расмҳои пешниҳодшуда фазо ва умқ шабоҳати намунавӣ мебошад. Ба хотири он ки чунин фиреби назар биофарем, мо бояд илми перспективаро биомӯзем.

То айни замон шумо дар бораи перспектива баъзе тасаввурот доштед.

Перспектива илмест, ки қонунҳои сохти хаттии тасвири ашёҳоро дар мавриди дурии гуногуни онҳо нисбат ба шахси назораткунан- да мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Калимаи «перспектива» аз забони лотинӣ айнан ба маънои «сар то по мебинӣ» меояд.

Мафҳуми перспектива ба он асос мегирад, ки ашёҳои аз ҳамдигар дур тибқи андоза, нисбат ба андозаи аслӣ хурдтар ба на­зар мерасанд, шумо дар ин хусус аз синфҳои ибтидоӣ огаҳ ҳастед.

Масалан, ба шумо ҳоло мафҳумҳо дар бораи хатти уфуқ маълу- манд. Ин хат барои нишон додани умқи фазо асосӣ ба ҳисоб меравад.

«Муъҷизаҳои тирамоҳ». А. Алибеков, 11-сола
«Муъҷизаҳои тирамоҳ». А. Алибеков, 11-сола

Ба шумо аллакай маълум, ки хатти уфуқ дар сатҳи чашм қарор дорад. Хатти уфуқ мафҳуми ҷуғрофиест, ки шартан осмон ва за- минро тақсим мекунад, аммо дар санъати тасвирӣ, дар натюр­морт, интерйер, ҳангоми тасвири пейзаж дар наққошӣ вай ниҳоят муҳим аст. Дар табиати гуногуншакл объектҳои наздик ва дур – роҳҳо, дарахтон, хонаҳо, кӯҳҳо, осмон ва ғайраро ҳатман бо ис – тифодаи перспективаи нафис ва хаттӣ тасвир мекунанд, чунин қонунҳои асосиро мо бояд донем ва истифода намоем.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …