Моддаи 157-и Кодекси Мехнат. Пардохти музди мехнат хангоми ичро накардани меъёри коркард, истехсоли махсулоти нуксондор, бекористи, инчунин дар холати азхудкунии истехсолоти (махсулоти) нав
- Хангоми ичро накардани меъёри коркард, истехсоли махсулоти нуксондор ва бекористи, ки бо айби корманд сар назадаанд, музди миёнаи мохонаи у пардохт карда мешавад.
- Хангоми ичро накардани меъёри коркард бо айби корманд музд аз руи кори ичрошудаи вокеи пардохт карда мешавад.
- Барои нуксони пурраи махсулот ва бекористи, ки бо айби корманд сар задааст, музди мехнат дода намешавад. Барои нукси кисман бо айби корманд рухдода музди мехнат бо нархи пасттар, вобаста ба дарачаи коршоямии арзиши махсулот, ки корфармо баъд аз мувофика бо намояндагони кормандон муайян мекунад, пардохт карда мешавад.
- Нукси махсулот дар натичаи мавчуд будани нуксони нихони дар маводи коркардашаванда, хамчунин нуксон бе айби корманд, ки баъд аз кабули махсулот аз чониби макомоти назорати техники маълум гардидааст, баробар бо махсулоти коршоям пардохт карда мешавад.
- Андозаи музди мехнати кормандон дар давраи азхудкунии истехсолоти (махсулоти) нав дар шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи муайян карда мешавад.