Главная / Гуногун / Огози Осиёи Марказиро ишгол кардани Русия

Огози Осиёи Марказиро ишгол кардани Русия

Барои Русия нияти ишгол кардани Осиёи Маркази хануз дар ахди Пётри I ба вучуд омада бошад хам, ин мархала танхо дар миёнахои асри XIX фаро расид. Соли 1847 артиши Русия аз Оренбург то ба сохилхои Бахри Арал омада, дар ин чо бо номи Раим истехкоми харбие бунёд кард. Баъдтар ин истехком номи калъаи Аралро мегирад. Калъаи Арал ва истехкому калъахои дигари харбии Русия дар сархадхои Осиёи Маркази барои он сохта шуданд, ки харакати бемамониати корвонхои тичоратии Русияро ба дарунтари Осиёи Маркази таъмин намоянд.

Соли 1853 дастахои артиши Русия ба Осиёи Маркази аз тарафи Сибир хам харакат карда, ба Хафтруд омада расиданд. Нерухои харбии русхо ба Осиёи Маркази аз ду самт ба рох баромаданд: аз Оренбург ва аз Омск. Дар назди онхо вазифаи аввалнндарача ишголи заминхои айлоки казок ва киргизнишин меистод. Русхо ин корро ичро намуда, ба хонии Куканд наздик шуданд.

Соли 1853 артиши Русия дар зери рохбарии генерал- губернатори Оренбург В. А. Перовский калъаи Ок-Масчиди Кукандро ишгол кард. Он аввал номи истехкоми Перовский ва баъд Кизил Урдаро мегирад. Ишголи Ок-Масчид дар рохи харакати минбаъдаи артиши Русия ба Осиёи Маркази икдоми мухим гардид. Худи хамон сол рохи обии Русия ба Осиёи Маркази кушода шуд. Киштихои Русия дар Бахри Арал ва дарёхои ба он резандаи Аму ва Сир шино мекардаги шуданд. Русхо бо максади забти ояндаи Осиёи Маркази дар кад-кади ин дарёхо нуктахои такягохи артиши худро бунёд менамуданд.

1507-01

Чанги Крим мухлатхои ишголи Осиёи Марказиро муваккатан мавкуф гузошт. Баъди анчоми ин чанг хукумати Русия кушид ба давлатхои ин чо бо рохи дипломати cap дароварад. Ин буд, ки соли 1858 Русия бо сардории полковник Н. П. Игнатов ба аморати Бухоро ва хонии Хева намояндагони дипломатии худро фиристод. Музокироти онхо бо Хева бенатича баромаданд. Ин вакт Бухоро бо Куканд дар холати чанг буд. Бо нияти он, ки дар ин чанг Русия ба Аморати Бухоро ёри мерасонад, хайати сафорати Русияро дар Бухоро бо хуши пазируфтанд. Сарфи назар аз муваффакияти ночизи сафорати Н. П. Игнатев империализми Русия ба хулоса омад, ки барои ба максадхои иктисоди ва сиёси расидан хатман ба Осиёи Маркази лашкар кашидан лозим аст.

Чанги Крим нишон дод, ки Русия мамлакати заиф аст ва барои саноати вай манбаъхои бойи ашёи хоми Осиёи Маркази зарур мебошанд. Баъди ислохоти крепостнойии соли 1861, ки он Русияро ба рохи сармоядори ворид сохт, ин зарурат боз хам бараълотар аён гардид. Сабаби дигар дар шароите, ки дар ИМА чанги мулки (1861 – 1865) идома дошт, Русия аз ин давлат нахи пахта харида наметавонист, чунки истехсоли он дар ИМА кам шуд. Аз ин ру, ба бозорхои европави воридшавии пахтаи Америка муваккатан катъ гардид. Ин холат Русияро мачбур сохт, ки истилои Осиёи Марказиро тезонад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …