Главная / Гуногун / ОИНАИ АДАБИЁТ (Макола)

ОИНАИ АДАБИЁТ (Макола)

Инак, як соли нашрияи Миллии адабии Иттифоки нависандагони Точикистон «Садои Шарк» ба хазинаи таърих ворид гардид. Хушбахтона хама дувоздах шумораи мачалла сари вакт ба хонандагон расонида шуд, ки боиси ифтихор ва сарбаландист. Зеро хатто дар замони тинчу осудаи Шурави чунин комёби даст надода буд. Аз ин ру кормандони мачалларо бо ин дастоварди хеле хуб табрик менамоям. Кобили зикр аст, ки дар хама дувоздах шумора бехтарин ва хонотарин осори илмиву адабии ватани ва тозатарин шохкорихои фарханги чахон барои мутолиа ва казоват пешкаши хонандагон карор дода шуд.

abubakr-maryamМисрахои Саидчон Хакимзода ба ёд меояд: «Гулпарастонро кунад хар гул ба буи хеш маст, Кас наёбад дар миёни гулситон такрори ман».

Бале, дар фазои фархангии кишвар мачаллаи «Садои Шарк» ягона аст. Мо аз минбари он ба бешу кам ва нушу неши зиндаги менигарем. Ва ин хамаро ки набзи зиндагист ламсу дарк мекунем. Ва охиста-охиста суханро дуст медорем. Дуст доштани сухан лаззати зиндагист. Ва устод Лоик Шерали чи хуб гуфта:

        Кори мо нест факат сохтани хомаи гил,

        Кори мо ин, ки дар он хома мухаббат бошад.

Мегуянд, ки соли хуб аз бахораш аён аст. Барори кори «Садои Шарк» аз шумораи нахустин хувайдо буд. Он бо сармаколаи «Кори чахон ру ба хубист» огоз ёфта, бо сухбати пурмухтавои Абдулхамид Самад «Андешахо перомуни сангу тарозуи наср» ва китоби сеюми романи «Дар орзуи падар»-и Кароматулло Мирзо идома ёфтааст.

Мухтавои асархои чопшуда гувохи он аст, ки адибони точик нисбати масъалахои доги руз бетараф набуда, хамкадам бо замон будаанд.

Асри бисту як асри пешрафти илму техника аст. Аз ин ру акиб мондан чоиз нест. Ва гояхои миллии мо такозо мекунад, ки дар хамаи мархилахо иктисод ва дарачаи зисту зиндагии ахолиамонро боло бибарем.

Албатта, ин хама мухим аст. Аммо иктисоди тавоноро шахсони бофарханг поягузори мекунанд.

Бидуни шакку шубха, бе муболига «Садои Шарк» дар ин самт корхои назаррасро анчом додаст. Дар дувоздах шумора зиёда аз бист очерку маколахои публисисти ба табъ расидааст. Арзишмандтарин мавод рисолаи файласуф, муаррих, доктори фалсафа Акбари Турсон «Доди таърих ва бедодии таърихнигорон» мебошад, ки дар чавоб ба бадхохону душманони миллати мо навишта шудааст. Очеркхои Рачаб Мардон «Хусни замин», Чамолиддин Тошматов «Дар катраи об – акси офтоб», Давлати Даврон «Рузе аз он рузхо» ва маколахои публисистии Холназар Мухаббатов «Мавчи об», Мухтарам Хотам «Истиклолият ва раванди таърихии ташаккули арзишхои милли», Карим Давлат «Дарвозаи тиллоии Шарк», Назри Яздони «Тачаллии чароги уммат» пурмазмун ва хонданианд.

Ба ман кайдхои сафари адиби Белорус Алес Карлюкевич «Точикистон дар шинохти ман», ки дар шумораи дахум ба табъ расидааст хеле писанд омад. Зеро кишвари азизи худро аз нигохи як мехмони хоричи дидан хеле мухим ва муфид аст.

Шоёни зикр аст, ки кормандони мачалла кори хайр ва савоби бисёреро ба анчом расониданд.

Аввалан рисолаи орифи бузург, имомзода, профессор Хазрати Иноятхон бо номи «Тарбият» пешкаши хонандагон гардониданд. Ин рисола асарест, ки хондану бахра бурдан аз он барои хар кас шарт аст.

Сониян дар шумораи хафтум маколаи шоир ва рузноманигори маъруф Гоиб Сафарзода «Пул додану дарди сар харидан»-ро ба табъ расонданд. Ин макола хануз соли 1968 дар рузномаи «Точикистони совети» («Чумхурият») ба нашр расида, перомуни эхтиром ва пок нигох доштани забони модари, эътибор додани номгузори ба кучаву хиёбон ва корхонаву муассисахо бахс мекунад.

Дар хамин шумораи мачалла рисолахои пурмухтавои «Фикхи Акбар» ва «Васият»-и Имом Абуханифа (р. х)-ро такдими алокамандон ва дустдорони фарханг ва тамаддуни исломи ва пайравони ин марди бузург намуданд.

Тарчумахои Олжас Сулаймонов «Ба мардум дуруг нагуфтам» хеле хонданибоб мебошад.

Тарчума ва ба чоп расонидани «Андарзи бузургон» ва «Турфахо» падидаи нав буда, мачалларо хеле зеб дода, ширадор кардааст.

Ду пешниход дорам.

Якум, хуб мебуд агар «Паёми айём» дар сахифаи ду нею дар сахифаи се хамчун сармакола ва ё гушаи сармухаррир меомад.

Дуюм, дар се шумораи мачалла се хачвия ба табъ расидааст. Агар дар хар шумора як хикояи хачви ва ё латифа чоп мешуд, хусни мачалла меафзуд. Мардуми мо имруз лутфу зарофатро фаромуш кардаанд. Хачв бояд зарофатро омузонад.

Бисёр ба мушохида мерасад, ки шумораи зиёди одамон, инчунин рохбарони зинахои гуногун эхтиром ба «Садои Шарк»-ро батамом фаромуш кардаанд. Аз тарафи дигар на хама эчодкорон ба ин мачалла назари холисона ва хайрхохона доранд. Аз ин ру рашку хасадро бояд аз дил биронем. Ва боз мисрахои Саидчон Хакимзода ба ёд меояд: «Рах ёбад агар ба хар диле рашку хасад, Он дил хама вакт бадгумон мемонад».

Мехохам суханрониамро бо фармудаи Низомии Ганчави хусни хотима бахшам:

                   Назарро нагз кун, то нагз бини,

                   Гузар аз пуст кун, то магз бини.

10 марти соли 2010

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …