Главная / Илм / МУБОДИЛАИ ОБУ НАМАК

МУБОДИЛАИ ОБУ НАМАК

obМУБОДИЛАИ ОБУ НАМАК, мачмуи равандхои истифодаи обу намак (электролит)-хо, чаббиш, таксимот ва аз организм хорич шудани онхо. Талаботи шаборузии одам ба об такр. 2,2 л аст, ки 1 л онро у ба тавассути гизо мегирад. Дар як шаборуз гурдахо 1 – 1,2 л ва рудахо такр. 0,2 л об хорич мекунанд; одам бо арак ва буги пуст такр. 0,5 л, бо нафас такр. 0,4 л обро талаф медихад.
М. барои дар як савияи зарури нигох доштани унсурхои таркиби моеъхои дохил ва хоричи хучайрахо мусоидат мекунад. Дар плазмаи хуни одам консентратсияи ионхои электролитхо доими ва ба сурати зайл аст (ба хисоби ммол/л): натрий – 140, калий – 4,2, калсий – 2,5 (аз чумла калсийе, ки бо сафедахо пайваст нест), магний – 0,9, хлор – 103, иони бикарбонати HCO3- – 26, иони сулфати SO42- – 0,6. Сабаби тафовути таркиби намакхои плазмаи хун ва моеъи байни хучайрахо суст будани нефузпазирии девораи мурагхо барои сафедахо аст.
Ихтилоли М. дар чамъ омадан ё баръакс, норасоии моеъхо дар организм, пайдоиши варам, баланд ё паст шудани фишори осмосии хун, ихтилоли мувозанати консентратсияи ионхо ва тагйир ёфтани нишондоди гидрогении хун (атсидоз ва алкалоз) зухур меёбад. Донистани вазъи патологие, ки хангоми он таркиби ионии плазмаи хун ё консентратсияи ионхои чудогона тагйир меёбад, барои ташхиси тафрикии беморихои гуногун муфид аст (ниг. Мубодилаи минералхо).
Талаботи шаборузии кудакони то яксола ба об 100 – 165 мл/кг аст, ки нисбат ба калонсолон 2 – 3 маротиба зиёд мебошад. Кудаки 1-моха дар як шаборуз 100 – 350 мл, 6-моха – 250 – 500 мл, 1-сола – 300 – 600 мл, 10-сола – 1000 – 1300 мл пешоб меронад. Бузургии нисбии диурези шаборузии кудакон дар соли аввали хаёт нисбат ба калонсолон 2 – 3 маротиба зиёд мебошад. Таркиби намакхои моеъи хоричи хучайра ва плазмаи хун дар кудакон ва калонсолон чандон фаркият надорад. Дар кудакон ихтилоли нисбатан вазнини М. хангоми беморихои рохи меъдаю рудахо, гадудхои болои гурда, нефропатия ва иллати хунгардиш ба вукуъ мепайвандад.

Ф. А. Шукуров.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …