Главная / Илм / МУБОДИЛАИ ОБУ НАМАК

МУБОДИЛАИ ОБУ НАМАК

obМУБОДИЛАИ ОБУ НАМАК, маҷмӯи равандҳои истифодаи обу намак (электролит)-ҳо, ҷаббиш, тақсимот ва аз организм хориҷ шудани онҳо. Талаботи шаборӯзии одам ба об тақр. 2,2 л аст, ки 1 л онро ӯ ба тавассути ғизо мегирад. Дар як шаборӯз гурдаҳо 1 – 1,2 л ва рӯдаҳо тақр. 0,2 л об хориҷ мекунанд; одам бо арақ ва буғи пӯст тақр. 0,5 л, бо нафас тақр. 0,4 л обро талаф медиҳад.
М. барои дар як савияи зарурӣ нигоҳ доштани унсурҳои таркиби моеъҳои дохил ва хориҷи ҳуҷайраҳо мусоидат мекунад. Дар плазмаи хуни одам консентратсияи ионҳои электролитҳо доимӣ ва ба сурати зайл аст (ба ҳисоби ммол/л): натрий – 140, калий – 4,2, калсий – 2,5 (аз ҷумла калсийе, ки бо сафедаҳо пайваст нест), магний – 0,9, хлор – 103, иони бикарбонати HCO3- – 26, иони сулфати SO42- – 0,6. Сабаби тафовути таркиби намакҳои плазмаи хун ва моеъи байни ҳуҷайраҳо суст будани нефузпазирии девораи мӯрагҳо барои сафедаҳо аст.
Ихтилоли М. дар ҷамъ омадан ё баръакс, норасоии моеъҳо дар организм, пайдоиши варам, баланд ё паст шудани фишори осмосии хун, ихтилоли мувозанати консентратсияи ионҳо ва тағйир ёфтани нишондоди гидрогении хун (атсидоз ва алкалоз) зуҳур меёбад. Донистани вазъи патологие, ки ҳангоми он таркиби ионии плазмаи хун ё консентратсияи ионҳои ҷудогона тағйир меёбад, барои ташхиси тафриқии бемориҳои гуногун муфид аст (ниг. Мубодилаи минералҳо).
Талаботи шаборӯзии кӯдакони то яксола ба об 100 – 165 мл/кг аст, ки нисбат ба калонсолон 2 – 3 маротиба зиёд мебошад. Кӯдаки 1-моҳа дар як шаборӯз 100 – 350 мл, 6-моҳа – 250 – 500 мл, 1-сола – 300 – 600 мл, 10-сола – 1000 – 1300 мл пешоб меронад. Бузургии нисбии диурези шаборӯзии кӯдакон дар соли аввали ҳаёт нисбат ба калонсолон 2 – 3 маротиба зиёд мебошад. Таркиби намакҳои моеъи хориҷи ҳуҷайра ва плазмаи хун дар кӯдакон ва калонсолон чандон фарқият надорад. Дар кӯдакон ихтилоли нисбатан вазнини М. ҳангоми бемориҳои роҳи меъдаю рӯдаҳо, ғадудҳои болои гурда, нефропатия ва иллати хунгардиш ба вуқӯъ мепайвандад.

Ф. А. Шукуров.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …