Главная / Гуногун / Мустахкам кардани аморати Бухоро

Мустахкам кардани аморати Бухоро

Чунон ки дар боло кайд карда шуд, норизоятии оммаи халк тамоми аморати Бухороро фаро мегирифт. Дониёлби на факат худсарихои феодалонро бартараф карда натавонист, балки худаш торафт бештар мутеи кушбеги ва козикалон мегардид. Яке аз писарони у — Шохмурод худро тамоман ба тарикати суфия бахшида, муриди шайхе шуд. Вай дар зохир аз дарвеши мискин хеч тафовут надошт. Бо фармоиши шайх хатто дар бозор хаммоли мекард. Содаги ва дастрасии зохири, тарзи зиндагии шикастанафсонаи шахзода, ки ба кулли хилофи зиндагонии айёшона ва пурдабдабаи аъёну ашроф ва худи Дониёлби буд, боиси дар байни оммаи халк ва ахли зухду такво шухрат ва эътибори зиёд пайдо кардани у гардид. Шохмурод, махсусан, ба рухониён ихлос ва эхтироми беандоза доштани худро бо чидду чахди тамом таъкид менамуд. Дониёлби чунин маъруфияти писарашро ба назар нагирифта наметавонист ва шахзода дар умури давлат беш аз пеш нуфуз пайдо намуд. У ба бекор кардани баъзе андозхо низ муваффак шуд. Падарро ба чуз вориси худ таъин кардани у дигар чорае намонд.

Пас аз вафоти Дониёлби валиахди у либоси тавба дар тан фарёдкунон дар кучахои Бухоро гашта, бо лобаву зори аз мардум илтичо менамуд, ки гуноххои нисбат ба мардум кардаи мархумро бубахшанд. Вай хамчунин хиссаи худро аз мероси падар гирифта, амр кард, ки ин сарватро ба касоне, ки «аз онхо ситонида шудааст», баргардонанд. Чунин вонамуд мекард, ки гуё у гайри хохиши худ ба тахти салтанат нишастааст ва, аз ин ру, боз ба асбоби тачаммул наздик нашуда, худро дар маслаки зухду такво нигох медошт. Тарзи зиндагии хоксорона ва порсоёнаи у (либоси факру фока мепушид ва онро то чигда-чигда шуда дариданаш аз тан намекашид, таоми одди ва хеле кам мехурд, хеч гох хадя намегирифт, дар як руз барои эхтиёчоти худ факат як танга харч мекард ва г.) муосиронашро дар хайрат мегузоштанд. У барои тахдиди синфи хочагон ва ашроф кушбеги ва козикалонро дар хузури умум ба катл расонид. Чунин рафтору кирдори у, ки аз руи мулохизахои сиёси сурат мегирифт, дар кори сохиб шудан ба тахти салтанат ва ба тарафи худ кашидани таваччухи оммаи мардум роли мухим бозид.[1]

Ин таваччух барои Шохмурод нихоятдарача зарур буд, зеро дар соли ба тахт нишастани у (1785) косаи сабри ахолии Бухоро лабрез шуда, онхо шуриш бардоштанд. Дар рафти шуриш беш аз хазор нафар кушта шуд. Аз ин ракам ба хуби маълум мешавад, ки муборизаи халк то чи андоза вусъат доштааст. Шохмурод мачбур шуд савганд хурад, ки ахолии Бухороро аз чавру зулм ва хирочу андозхои аз хад зиёд озод хохад кард. Ва фармони уро ба руи санг сабт намуда, дар пештоки масчиди чомеи Бухоро гузоштанд. Албатта, ин як ваъдаи хушку холи ва факат василаи аз газаби халк рахои ёфтан буд. Аз бухориён минбаъд хам молиёти махсус, ки ба максадхои харби андохта мешуд, меситониданд.

Ахди салтанати амир Шохмурод (1785–1800) дар таърихи сулолаи Мангития давраи нисбатан устувор гардидани аморат ба шумор меравад.

Шохмурод ба максади бартараф намудани норизоятии умуми, ки дар вакти хукмронии падараш пайдо шуда буд, баъзе ислохот чори намуд. Вай факат чунин андозхои шаръи, монанди хироч ва закотро боки гузошта, дигар хамаи молиёт, боч ва чаримахоро бархам дод. Лекин ба ивази ин чизя – андози аз кавмхои гайримусулмон ситондашавандаро хеле зиёд кард. Ба аскарон мохиёна мукаррар намуд. Бисёр заминхои вакфро, ки амирони собик мусодира  карда  буданд, дубора баркарор  кард.  Ба ин восита у рухониёни исломро хомии худ карда, дар рохи мустахкам намудани хокимияти худ аз нуфузи дар байни оммаи мардум доштаи онхо мохирона истифода мебурд.

Ислохоти пулие, ки у дар огози чулуси худ гузаронид, барои хаёти иктисодии мамлакат ахамияти калон пайдо намуд. Хонхои сулолаи Чониён ва сипас нахустин амирони мангит сиккахои нукраи камиёр бароварда, аз тафовути курби расми ва амалии ин сиккахо фоидаи зиёде ба даст меоварданд. Ин холат, дар навбати худ муомилоти пулиро вайрон карда, чун бори гароне ба души ахоли меафтод. Шохмурод икдоми катъи намуд. Шакли зохири, хачм ва вазни сиккахоро тагйир дода, онхоро аз нукраи пуриёр мебаровардаги шуданд. хар кас метавонист ба сиккахона нукра оварда, ба ивазаш (хакки зарробиро пардохта) пул бигирад. Зохиран, сиккахои кухнаи пеш аз ислохот      аз эътибор сокит карда шуданд.[2] Ин ислохоти пули бар тибки талаботи айнии иктисодиёт ба вукуъ пайваста, ба ривочу равнаки тичорат мусоидат намуд.

Ба Шохмурод лозим омад, ки ба максади афзудани иктидори хокимияти маркази хокимони вилоятхоро аз кор барканор карда, хокимони нав таъин намояд. Ба хар шахру деха кози таъин карданро низ у ба таомул даровард. Мукобилати феодалони чудогона дархам шикаста шуд. хатто саркаштарини онхо низ сари итоат хам кард. Чунончи, Ниёзали, ки дар вакти Дониёл худро дар Шахрисабз мустакил эълон карда буд, итоати амир Шохмуродро кабул намуд.

Шохмурод умури махкамаро низ як дарача ба тартиб даровард. Худаш рисолае рочеъ ба хукук таълиф намуд, ки барои козихо хамчун дастур хизмат мекард. Дар он замон конуне чори гардид, ки бар тибки он агар касе нисбат ба моликият чинояте содир кунад, сарфи назар аз мартабахои чамъиятии у, ба сахттарин чазо гирифтор мешуд. Чунин тадбирот як андоза пеши рохи горату торочхои аз хад зиёдро гирифта, ба манфиати табакахои осоишталаби ахоли буд. хама медонистанд, ки барои рохзани сар аз тан чудо мекунанд, барои дузди дасти ростро мебуранд ва г. Шохмурод ин чорабинихоро тахти ливои мубориза дар рохи риояти ахкоми шариат амали намуда, бо ин бахона барои мурокибат ва мухофизати расму оин мансаби раисро чори сохт, ки у мебоист ичрои тамоми фармудахои шариатро хурдагирона назорат мекард.[3]

Мустахкам шудани хокимияти маркази боиси таъмини амнияти роххо гардид ва ин дар баробари ислохоти пул барои равнаки тичорат заминаи мусоид фарохам овард. Хочагии вохахои зироати, хусусан водии Зарафшон, инчунин хавзаи дарёи Аму ва Кашкадарё дубора ру ба сабзиш ниход. Дар бобати афзудани нуфуси нохияхои камодам чорахо дида шуданд, каналхои нави обёри акнун на аз они феодалхои махалли, балки моли подшохи махсуб меёфтанд ва аз ин хам мадохили хазинаи давлат меафзуд. Дар натичаи пешрафти корхои обёри протсесси ба зиндагонии мукими гузаштани тоифахои бодиянишини узбек дар заминхои навобод кувват гирифт.[4]

Амир Шохмурод риёкорона киёфаи дарвеши порсоро ба худ гирифта, таассуби диниро ривоч медод ва аз он ба максади чори кардани сиёсаташ истифода менамуд. У тахти шиори «чиходи мукаддас бар зидди шиахо» чандин мартаба ба Хуросон лашкар кашид ва бисёр махалхои онро тороч намуд. Умарои Мангития дар ин лашкаркашихо хар як каси кобили мехнатро аз ахолии Хуросон асир карда, ба Бухоро меоварданд. Ба ин восита бозори гуломфурушии Бухоро хеле авч гирифт. Дар охирхои асри ХVIII, вакте ки Эрон саргарми чангхои дохилии худ буд, Шохмурод дубора Марвро ишгол кард. Пас аз чанде вай ба мукобили бародари худ Умарби, ки дар Марв хукм ронда, барои чудо шудан аз Бухоро кушиш мекард, дохили мухориба гардид ва сарбанди дарёи Мургобро ба кулли вайрон намуд. У тадричан кисмати зиёди  ахолии  ин вохаро  ба Самарканду  Бухоро кучонида,  дар таъмири харобахое, ки аз чангхои собик ба амал омада буданд, истифода бурд. Ин сиёсати пешгирифтаи Шохмурод то андозае ба тармими харобихои водии Зарафшон, махсусан атрофи Самарканд ва Бухоро мусоидат кард, вале дар айни замон вай боиси тамоман ба харобазор табдил ёфтани вохаи Марв гардид. Шохмурод якчанд дафъа  ба  тарафхои Уротеппа лашкар кашид ва дар  ин  мавридхо низ  аксари  ахолии кобили  мехнати  Хучанд, Уротеппа, Хавос, Зомин ва Ёмро зуран ба Самарканд бурда, дар сохтмони бинохо ва иншооти обёри истифода бурд. Махз бо кувваи ин одамон дар Самарканд 24 масчид ва дигар иморатхои гуногун сохта шуданд.[5]

[1] Соддаги ва порсоии Шохмурод ба дарачаи афсона расида, номи аслии у «Амир Маъсум» (ба маънии «амири бегунох» ) машхур шудааст – ниг.: Семёнов А.А., 1953, с. 41–42. Аммо золимии у низ ба андозае муосиронашро мутахайир сохтааст, ки таърихи вафоташро «золим мурд» гуфтаанд –ниг.: Семёнов А.А., 1924, с. 163, эзохи 2.

[2] Давидович Е.А., 1964, с. 164–168.

[3] Мирзошамси Бухори, 1861, с. 45.

[4] Бартольд В.В., 1963 в. с. 281.

[5] Мухторов А., 1964 с. 45

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …