Главная / Илм / Канаф дар Канзи Шифо (Китоб)

Канаф дар Канзи Шифо (Китоб)

kenaf_01-620x330Канаф (Кенаф — Kenaf) — ин растаниест, ки зироат мекунанд, гиёхаш то ба хадде баландтар аз кадди одам хам мехезад. Аз пусти пояаш монанди загир нах мегиранд. Аммо пушидани либоси аз он тайёр кардашуда чоиз нест, зеро ки холи бугумхои баданро бад месозад ва логар мекунад. Вале аз он когази хуб сохта мешавад. Гул, губори пашмакранг ва шабнаме, ки бар он менишинад, гафс ва часпак аст — хамаашро чамъ намуда, бангихо чун тамоку мекашанд, ки карахти ва мастии шадиди ба худаш хосе меоварад. Хусусан шабнами он, ки хар чи кадаре гализтар, часпандатар ва шахтар бошад, кавитар мешавад, бас аст, ки бо сабаби камоли кувваташ кашандаашро халок месозад.

Ин растани дар аксари мамлакатхо меруяд: навъхои сахрои ва бустони дорад. Кисми бустониаш дар хакикат канаф аст, зеро ки пусти пояаш чудо мешавад, инчунин пояаш миёнхоли мебошад. Гулаш сафедранг, тухмаш монанди мурч кулула аст, ки шохдона номида шудааст. Кашидани ин касро аз акл бегона мекунад, хатто девона мегардонад. Хуллас, ки чизи бадфиол аст.

Мизочи баргаш мураккабкувват ва дар дарачаи севум сард ва хушк аст, гармии сабук хам дорад. Мизочи тухмаш гарм ва хушк дар дарачаи севум, мизочи пусташ сард ва хушк дар гояти бади мебошад. Хислатхои шифобахши он: баргаш бинобар мураккаб будани куввати он аввалан фарах ва сурур меоварад, ранги руйро неку мегардонад, маст мекунад.

Ин аз сабаби гармии сабуки мизочаш мебошад, вале аз сабаби чузъи сардии мизочаш карахти меоварад. Баъд аз бархам хурдан ва тахлил ёфтани чузъи гармии сабукаш хислати чузъи бади сардмизочиаш зохир гашта, феълхои (таъсири) раддиаш ба амал меоянд. Низ аз сабаби чузъи гармиаш хаёл ва фикрро сабук ва дакик мегардонад, ташнаги ва иштихои таом меоварад, дар аввал шахвати бохро зиёда менамояд ва дар охир аз он акси хамаи ин хислатхо зохир мегарданд, боиси тира гаштани рухи майна, торики ва камкувватии чашм мешавад; ба иллатхои девонаги, молихулиё, тарсончаки ва истиско гирифтор месозад, куввати бох, яъне пушти камарро суст мегардонад ва окибат бархам медихад. Зеро ки хушккунандаи мани мебошад. Чизхои ширин куввати онро меафзояд, вале ашёи турш нобудкунандаи кувватхои он мебошанд.

Барги хушки канафи сахроиро куфта, дар бини бирезанд ё бикашанд, майнаро аз олоишхо пок месозад. Барги тари канафи сахроиро куфта, фишурда, обашро гирифта, дар офтоб гафс гардонанд — инро усорааш меноманд, баъд бо он бишуянд, сабусак ва шапуши сарро дафъ мекунад.

kenaf_02-450x600Усораи барги канафи сахрои ва равгани онро чаконанд, дарди гушро таскин медихад ва кирми даруни онро низ мекушад. Баргашро бихуранд, рутубати меъдаро хушк мегардонад, дарунро мебандад, пешобро меронад ва барои чаранги гуш даво мебошад, маниро аз зуд омадан нигох медорад ва хатто онро хушк мекунад. Пусти гиёхашро бихуранд, куввати бохро катъ мегардонад ва маниро мехушконад.

Канафи пусидаро, ки хушк бошад, куфта бипошанд, захм ва чарохатхои тарро хушк мекунад Ва дахани онхоро ба хам оварда сихат мебахшад. Решаи канафи сахроиро пухта гузошта банданд инчунин баргашро низ куфта гузошта банданд, варамхои гарм ва чамра (карбункул)-ро тахлил медихад ва дарди узвхои асабониро, ки дар онхо моддахои зиёдатии мурдор бозмонда ба дард оварда бошанд, таскин медихад.

Чун барги хушки онро нимкуфта ва каме об бар он пошида, гарм карда, баъд ба руи барги гармкардаи беданчир гузошта, ба хоя банданд, ба чурра (дабба)-и оби дору мешавад ва варамхои онро тахлил медихад. Микдори як бор хурдан дар як руз он 3,5 грамм аст, вале агар зиёда аз ин бихуранд, хусусан аз канафхои бадфиол биёшоманд, мекушад. Дар холати ин гуна зарар руй додан илочаш равгани гов ва оби гарм ошомида кай кардан аст, то он ки дар меъда хеч чиз намонад. Инчунин дар ин маврид нушидани шароби туршак (щавель) бисёр судманд аст.

Тухмашро бихуранд, бечо (бехузур) шудани дилро таскин медихад, бодхоро пароканда месозад, вале моддахои бадфиоли башиддат хушккунандаро дар бадан пайдо мекунад, дарунро мебандад ва дар шикам боду бухор пайдо менамояд; маниро аз равон шудан нигох медорад ва хатто онро хушк мегардонад.

Зарархои тухмаш: дарди сар меоварад, чашмро торик мекунад, ба меъда хам зарар дорад. Вале агар онро бирён карда бихуранд, безарар мегардад. Ва агар ин тухмашро бехад бихуранд, дар узвхои дохили захмхоро ба амал меоварад. Ин зарари онро бо хурдани кукнор, шароби лиму, сиканчабини шакари ислох додан мумкин аст, инчунин мегуянд, ки оби хунук, барф ва шароби мевахои турш низ бинушанд, ислохпазир аст.

Равгани тухми канаф, ки онро аз куфтааш фишурда мегиранд, дар мизоч гарм ва хушк аст. Инро бичаконанд ва бимоланд, барои дарди гуш ва асабхо, тахлил додани варамхои сахт ва сахтии бачадон, ки онро дар тибби хозира ноболигии бачадон меноманд, даво мешавад. Агар инро биёшоманд, маниро хушк мекунад.

Як акидаро хотиррасон намоем, ки як кисм одамон, хусусан фукарои Хиндустон, инро бисёр мехуранд ва онхо дар гумони онанд, ки гуё нашъа (махсулоти канафи) умрро дароз, фикрро равшан мекарда бошад, вале истеъмолкунандагони зирактар дар хулоса ин байтро гуфтаанд:

Банге задему сирри аналхак шуд ошкор,

Моро ба ин гиёхи заиф ин гумон набуд.

Аксаре аз ин тоифа одамон хар субху шом барги онро соида, дар об хал карда, соф намуда, аз он об як кадах менушанд. Агар хар ки назди онхо ояд, ба у низ таклифи нушидан менамоянд. Баъзеи онхо онро хушк карда, андак бирён намуда, муддате дароз мехоянд ва ё бо кунчиди бепуст куфта, бо шакар даромехта, каф зада мехуранду бисёр тараб ва фарахнок мешаванд. Зеро ки ин дар ибтидо ва аввалхо куввати хайвонии онхоро ба харакат меоварад ва хурокхои бисёру гуногунро мехуронад, лаззат меёбонад, хазм мекунонад ва бинобар чамъ шудани рутубат аз ин бадани онхо фарбех мегардад ва баъд ба аксари беморихои шадид мубтало мешаванд, аз чумла: сустии узвхои хозима, боднокшавии бисёр, карокури шикам, суулкиня (сустии чигар), варами дасту похо ва руй, вайронии ранги башара, сустии бох, афтидани дандонхо, бадбуйии дахан, ланчии холи бадан, тарсончаки, хаёлхои бечо, вайронии фикр, худкуши ва гайра. Инчунин барои хар гуна чиноятхоро содир кардан ва номутеъи ба коида ва конунхо бурда мерасонад. Баъзе касон хатто аз он маъчунхо сохта мехуранд, баъзехо барои кам кардани хушкии мизочи он дар шир андохта мечушонанд ва баъд каймоки онро чудо карда меошоманд. Низ равгани онро бо усулхои дигар хосил мекунанд. Баъзеашон барои кави гардонидани кувваташ шираи онро дохили таркиби он маъкун мекунанд, ки он ба шерзодхоли машхур аст — як хаби онро бихуранд, мастии шадид меоварад.

Хуллас, аз истеъмоли кисмхои канаф дар хурдан ва чун тамоку кашидан хеч неки намеояд, балки боиси разолат ва вайронии мизочи бадану ахлоки инсон мегардад, инчунин боиси дарозии умри инсон гаштани он дар таърихи башар кайд наёфтааст ва алхол хам маълум нест.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …