Главная / Илм / КИСЛОТАХОИ АДЕНОЗИНФОСФАТ

КИСЛОТАХОИ АДЕНОЗИНФОСФАТ

adenozinfosfatКИСЛОТАХОИ АДЕНОЗИНФОСФАТ, нуклеотидхо, эфирхои моно-, ди- ва трифосфати аденозин, ки аденин, карбогидрати рибоза ва як (АМФ), ду (АДФ) ё се (АТФ) бокимондаи кислотаи фосфат доранд. К. а. дар хамаи организмхо (аз микроб ва растани то одам) мавчуд буда, дар мубодилаи моддахо ва энергия роли мухим мебозанд. Дар хучайра доимо табаддулоти хамдигарии АТФ, АДФ ва АМФ ба амал меояд. Кислотаи аденозинмонофосфат (АМФ, кислотаи аденили) кисми таркибии кислотахои нуклеат буда, ба таркиби бисёр ферментхо дохил мешавад. Хосилахои асосии АМФ АТФ ва АМФ-и сикли (фаъолонандаи ферменти фосфорилаза) мебошанд. Кислотаи аденозиндифосфат (АДФ) дар мубодилаи энергия ва фосфоронии оксидкунандахо роли мухим мебозад. АДФ хангоми аз АТФ чудо гаштани бокимондаи кислотаи фосфат хосил мешавад. Кислотаи аденозинтрифосфат (АТФ, кислотаи аденилпирофосфат) субстрати биосинтези кислотахои нуклеат мебошад. Як ё ду гурухи фосфати интихоии АТФ зери таъсири ферменти аденозинтрифосфатаза чудо шуда, АДФ ё АМФ хосил мекунад ва энергия (30 – 40 КЧ) хорич мешавад. Энергияе, ки аз АТФ ба дигар моддахо интикол меёбад, барои кашиш хурдани мушак, ангезиши асаб, тарашшухи гадудхо, биосинтези сафеда ва г. сарф мегардад. Доруи АТФ-ро бо максадхои муолича (дистрофияи мушаки, ихтилочи рагхои канори ва дил) истифода мебаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …