Главная / Илм / КАБУТАР (КАФТАР) дар Канзи Шифо (Китоб)

КАБУТАР (КАФТАР) дар Канзи Шифо (Китоб)

kabutarКабутар (Кафтар) — ин мургест ба хама маълум, навъхои хонаги ва хам сахрои дорад. Мизочаш дар дарачаи дувум гарм ва дар якум хушк аст. Вале мизочи сахроияш гармгар ва хушктар мебошад.

Хислатхои шифобахши кабутар: гушти онро ба хар тарик, ки бошад, пухта бихуранд, беморихои фолич (шал шудани нимаи бадан ба дарози), кач шудани руй, ларзак, суст ва нотавон шудани узвхоро шифо мебахшад. Хуни солим аз хурдани он хосил мешавад; истискои (водянкаи) обдор ва бодиро дафъ мекунад; баданро фарбех мегардонад; гурда ва бохро кави месозад, мани хосил мекунад.

Сангдони нав кушташудаи онро аз олоиши дарунаш пок карда, куфта бихуранд, таъсири захри морро аз бадан дур мекунад, агар газида бошад.

Бачаи кабутарро бе обу намак дар равгани кунчид пухта бихуранд, санги гурда ва хичакро хамон соат майда карда мерезонад.

Хунашро ба пешони бимоланд, хуни биниро, ки аз пардахои магзи сар меомада бошад, катъ мекунад. Аз хуни хушки он ба андозаи бокило бихуранд, инчунин хуни гармогарми онро ба чарохати сар бимоланд ё бирезанд, агар чарохат ба устухони сар расида бошад, дору мешавад.

Аз бачаи кабутари нав пар бароварда парашро бикананд, аз чойи парканда хун таровиш мекунад. Хамон хунро дар чашм чаконанд, барои чарохатхои чашм, хун хоб рафтан, пардаеро, ки чашмро торик мегардонад, пардаи дудмонанди чашм ва шабкуриро дору мебошад.

Мизочи саргини кабутар дар дарачаи севум гарм ва хушк аст.

Инро аз 3,5 то 10,5 грамм дар як руз бихуранд, барои хама навъхои истиско (водянка), ки аз сарди бошад, ишфо мебахшад. 10,5 грамми онро ба 7 грамм дорчини бихуранд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад.

Саргинашро сухта ба атрофи бини бимоланд, дар манъ кардани хуни бини назир надорад. Чун саргини онро сухта, намакашро чудо карда бигиранду бо оби турб фуру баранд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад.

Ин саргинро бо тухми куфтаи индов ва хардал (горчица) даромехта гузошта банданд, барои дарди сари кухна, дарди нимсар, дарди пахлу, дарди бугумхо ва никрис дору мешавад; инро бо орди чав сиришта банданд, варамхои сахтро тахлил медихад, бо равгани зайтун хамир карда банданд, барои сухтагии оташ даво мебошад; бо сирко сиришта банданд, ханозерро (хукгарданро) тахлил медихад; бо куфтаи тухми зарир даромехта барбанданд, пучакро мекафонад ва карахши захмхоро меканад. Чун саргини кабутарро бо орди гандум ва оби гарм, камтар катрон (дёготь) мархам сохта се шабонаруз ба доги пес гузошта банданд ва баъд бишуянду аз нав амалро такрор намоянд, яъне мархами нав сохта, се шабонаруз гузошта банданд, дар бобати дафъ кардани пес багоят пуртаъсир аст. Ин саргинро бо сирко хамир карда гузошта банданд, ширинчахо, хамаи намуди истискоро шифо мебахшад. Агар ин саргинро дар об чушонида, дар он об то ноф даромада нишинанд, пешоби бандшударо мекушояд, душвории шошиданро ислох мекунад.

Равганашро бимоланд, доги решхоро дафъ менамояд. Сарашро бо пар ва муй сухта, ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, пардаеро, ки чашмро торик мекунад, торикии чашм ва шабкуриро шифо мебахшад.

Чун шиками бачаи кабутарро шикофта, гармогарм ба чойи каждумгазида бибанданд, захри онро кашида берун мекунад.

Мизочи тухми кабутар бисёр гарм аст. Агар онро хом бихуранд, шахшули ва дуруштии узвхои даруни синаро ислох мекунад, ранги рухсорро неку мегардонад. Агар инро кудакон бо асал бихуранд, ба зуди ба сухан меоянд, яъне зуд забонашон бармеояд. Панч донаи ин тухмро бо равгани хук даромехта, ба закар бимоланд, барои ба харакат овардани шахвати марди фоида мебахшад.

Захраи кабутарро чун дар чашм кашанд, зардоби дар гавхарак фуромада ва гули чашмро дафъ мекунад ва пардаеро, ки чашмро торик мекунад низ дур менамояд.

Устухони соки пойи кабутаррр бисузанд ва ос карда духтароне, ки бакораташон (душизагиашон) рафта бошад, аз таг бардоранд, бакорат аз нав баркарор мегардад — ин аз асрор аст.

Аммо агар бачаи кабутарро бо мудовамат бихуранд, иллати песро пайдо мекунад. Хамаи кабутархои сахрои ва ахли ба одамони гарммизоч зарар доранд: дарди сар меоваранд, хунашонро месузонанд. Кабоби бачаи кабутарро бо давохои гарм бардавом бихуранд, хунро месузонад; иллати махавро пайдо мекунад. Дар ин мавридхо онро бо оби гураи ангур ё сирко, ё кашниз пухта бихуранд ва бо косниву бодиринги тару тоза истеъмол намоянд, ислохи зарар менамояд.

Касе, ки обила бароварда бошад, дар макони кабутарон муттасил сокин бошад, аз он бемори шифо меёбад. Агар ба кабутарон наздик зиндагони ба сар баранд, аз беморихои вобаста ба майна, асабони ва уфуни (сирояткунанда)-и монанди: фолич, сакта, субот (летаргия), саръи кудакон (карахти) ва тоун эмин мемонанд, инчунин иллати тарсончаки ва вайронии хаворо дафъ мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …