Главная / Маданият ва санъат / Ипотека дар Точикистон

Ипотека дар Точикистон

Ипотека ин як намуди карз аст, ки барои хариди манзил аз бонк ва дигар ташкилотхои карзии Точикистон гирифтан мумкин аст. Одатан ин намуди карзро бонк медихад вале хамон манзиле, ки аз хисоби карз харида мешавад ба сифати амволи гарав гузошта мешавад.

Асоси карздихии ипотеки мутобики Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи ипотека ки 20-уми марти соли 2008 кабул карда шудааст ба рох монда шудааст.

ipoteka

Яъне бонк ба карзгиранда маблаги пулиро тарики шартнома дастрас менамояд вале бар ивазаш хамон хонаи мезаридаро то пардохти пурраи карз ва фоизхои он,  ба сохибмулкии худ мегирад.

Одатан ин намуди карз ба мухлати дурру дароз яъне зиёда аз 5-сол ва бо фоизи нисбатан паст (5-15%) дода мешавад. Дар Точикистон карзи ипотекиро инчунин бо номхои зерин маъмул аст:

  1. Карз барои хариди манзил,
  2. Карзи моргейч,
  3. Карзи ипотеки

Карзхои ипотекиро дар Точикистон бонкхои калон ба мизочони худ дастрас мекунанд ва хачми умумии он дар кишвар соли 2018 зиёда 1 миллион  доллари ИМА мебошад, ки шумораашон атрофии 100 нафарро ташкил медихад.

Ин намуди карз дар бозори Точикистон бо арзиши миёнаи 15% бо доллари ИМА ва 20% бо асъори милли (сомони) пешниход мешавад, вале бо назардошти сатхи даромаднокии мардум ин нихоят гарон аст.

Дар кишвархои тараккикарда карзи ипотеки бо арзиши 1-3%-и солона пешниход мешавад ва мухлаташ хам хело дароз аст ва зиёда аз 15-20 соллро дар бар мегирад. Дар тачриба карзхои ипотеки танхо барои хариди манзили нав дода мешавад ва ё хонахое ки холати техникии онхо вайронаву кухна набошанд.

Барои тавсия ба гирифтани карзи ипотеки метавонед ба Бонки Эсхата, Бонки авалини молиявии хурд, Ориёнбонк мурочиат намоед.

Карзи ипотекиро ин бонкхои точикистони одатан дар давоми то 10-20 руз дида баромада ба шумо оиди карори додан ё надодани карзро чавоб медиханд.

Бояд гуфт, ки ин намуди карз барои бонкхо даромади баланд намедихад ва барои хамин хам аз пешниходи чунин карз ба онхо чандон чолиб нест. Лек бо назардошти гуногун кардани хавфхои худ ва дар холати барзиёд доштани пули озоди худ ба пешниходи чунин намуди карз машгул бонкхо машгул мешаванд.

Холатхои аз сабаби пешниходи карзи барзиёди ипотеки ва поён фаромадани нархи манзил дар тачриба чахони бонкхои зиёд муфлис шудаанд ва барои хамин хам чунин холатхои номатлубро ба назар гирифта бонкхо намехоханд, ки ба ин намуди карздихи бештар шугл варзанд.

Бар иловаи ин карзи ипотеки аз хисоби сарчашмахои арзону дарозмуддат пешниход карда шаванд вале чунин имконятро аксари бонкхои точикистон надоранд. Бонкхои хоричие, ки дар кишвар омада фаъолият мекунанд инчунин ба хадафи кори худ пешниходи чунин карздихиро хам то хол дар тачрибаи кариб 30-солаи истиклоли кишваррамон накардаанд.

Гарчанде бонкхо барои пешниходи карзхои арзони ипотеки майл намоянд, хам вале онхо набояд аз арзиши миёнаи карзии бозори карзхои худро арзонтар пешниход намоянд. Дар холати арзонтар додан пас фарки байни онро бонкхо мачбур мешаванд, ки тибки кодекси андоз аз хисоби худ ба бучаи кишвар интикол диханд ва ин харочоти зиёдати ба хисоб рафта ба бонкхо чандон писанд нест.

Кобили зикр аст, ки барои гирифтани карзи ипотеки бонк чунин шартхоро нисбати карзгирандаи ипотеки талаб менамояд:

  1. Даромади доимии карзгиранда имконияти зистан ва баргардонидани карзро дошта бошад. Масалан барои гирифтани чунин намуди карз маоши кас акалан 400-500 долларро дар як мох ташкил дихад.
  2. Карзгиранда (мизоч) бояд лоакал 20-30%-и маблаги манзилро сохиб бошад. Бокимонда 70-80% -и маблаги манзилро бонк медихад.
  3. То пурра пардохти кардани карз бо фоизхояш, сохибмулкии манзил ба номи бонк мешавад ва пас аз пардохт мизоч метавонад хонаро ба номи худ ба расмият дарорад (оформление);
  4. Дигар талаботхо ки оиди сину соли чавон доштан ва давраи баргардонидани карзи ипотекиро тасдик карда тавонад.

Хачми карзи ипотеки вобаста аст аз даромади мохонаи мизоч ва харчикадаре ки он калон бошад хамон кадар хачми карз зиёд мешавад.

Инчунин мухлати карз ба хачм ва имконияти карзгири таъсир мерасонад ва харчикадаре ки мухлат зиёдтар бошад хамон кадар карз калон мешавад ва баракс.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …