Главная / Маданият ва санъат / Ипотека дар Тоҷикистон

Ипотека дар Тоҷикистон

Ипотека ин як намуди қарз аст, ки барои хариди манзил аз бонк ва дигар ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон гирифтан мумкин аст. Одатан ин намуди қарзро бонк медиҳад вале ҳамон манзиле, ки аз ҳисоби қарз харида мешавад ба сифати амволи гарав гузошта мешавад.

Асоси қарздиҳии ипотекӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ипотека ки 20-уми марти соли 2008 қабул карда шудааст ба роҳ монда шудааст.

ipoteka

Яъне бонк ба қарзгиранда маблағи пулиро тариқи шартнома дастрас менамояд вале бар ивазаш ҳамон хонаи мезаридаро то пардохти пурраи қарз ва фоизҳои он,  ба соҳибмулкии худ мегирад.

Одатан ин намуди қарз ба муҳлати дурру дароз яъне зиёда аз 5-сол ва бо фоизи нисбатан паст (5-15%) дода мешавад. Дар Тоҷикистон қарзи ипотекиро инчунин бо номҳои зерин маъмул аст:

  1. Қарз барои хариди манзил,
  2. Қарзи моргейҷ,
  3. Қарзи ипотекӣ

Қарзҳои ипотекиро дар Тоҷикистон бонкҳои калон ба мизоҷони худ дастрас мекунанд ва ҳаҷми умумии он дар кишвар соли 2018 зиёда 1 миллион  доллари ИМА мебошад, ки шумораашон атрофии 100 нафарро ташкил медиҳад.

Ин намуди қарз дар бозори Тоҷикистон бо арзиши миёнаи 15% бо доллари ИМА ва 20% бо асъори миллӣ (сомонӣ) пешниҳод мешавад, вале бо назардошти сатҳи даромаднокии мардум ин ниҳоят гарон аст.

Дар кишварҳои тараққикарда қарзи ипотекӣ бо арзиши 1-3%-и солона пешниҳод мешавад ва муҳлаташ ҳам хело дароз аст ва зиёда аз 15-20 соллро дар бар мегирад. Дар таҷриба қарзҳои ипотеки танҳо барои хариди манзили нав дода мешавад ва ё хонаҳое ки ҳолати техникии онҳо вайронаву куҳна набошанд.

Барои тавсия ба гирифтани қарзи ипотеки метавонед ба Бонки Эсхата, Бонки авалини молиявии хурд, Ориёнбонк муроҷиат намоед.

Қарзи ипотекиро ин бонкҳои тоҷикистонӣ одатан дар давоми то 10-20 рӯз дида баромада ба шумо оиди қарори додан ё надодани қарзро ҷавоб медиҳанд.

Бояд гуфт, ки ин намуди қарз барои бонкҳо даромади баланд намедиҳад ва барои ҳамин ҳам аз пешниҳоди чунин қарз ба онҳо чандон ҷолиб нест. Лек бо назардошти гуногун кардани хавфҳои худ ва дар ҳолати барзиёд доштани пули озоди худ ба пешниҳоди чунин намуди қарз машғул бонкҳо машғул мешаванд.

Ҳолатҳои аз сабаби пешниҳоди қарзи барзиёди ипотекӣ ва поён фаромадани нархи манзил дар таҷриба ҷаҳонӣ бонкҳои зиёд муфлис шудаанд ва барои ҳамин ҳам чунин ҳолатҳои номатлубро ба назар гирифта бонкҳо намехоҳанд, ки ба ин намуди қарздиҳи бештар шуғл варзанд.

Бар иловаи ин қарзи ипотекӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои арзону дарозмуддат пешниҳод карда шаванд вале чунин имконятро аксари бонкҳои тоҷикистон надоранд. Бонкҳои хориҷие, ки дар кишвар омада фаъолият мекунанд инчунин ба ҳадафи кори худ пешниҳоди чунин қарздиҳиро ҳам то ҳол дар таҷрибаи қариб 30-солаи истиқлоли кишваррамон накардаанд.

Гарчанде бонкҳо барои пешниҳоди қарзҳои арзони ипотекӣ майл намоянд, ҳам вале онҳо набояд аз арзиши миёнаи қарзии бозорӣ қарзҳои худро арзонтар пешниҳод намоянд. Дар ҳолати арзонтар додан пас фарқи байни онро бонкҳо маҷбур мешаванд, ки тибқи кодекси андоз аз ҳисоби худ ба бӯҷаи кишвар интиқол диҳанд ва ин хароҷоти зиёдатӣ ба ҳисоб рафта ба бонкҳо чандон писанд нест.

Қобили зикр аст, ки барои гирифтани қарзи ипотекӣ бонк чунин шартҳоро нисбати қарзгирандаи ипотекӣ талаб менамояд:

  1. Даромади доимии қарзгиранда имконияти зистан ва баргардонидани қарзро дошта бошад. Масалан барои гирифтани чунин намуди қарз маоши кас ақалан 400-500 долларро дар як моҳ ташкил диҳад.
  2. Қарзгиранда (мизоҷ) бояд лоақал 20-30%-и маблағи манзилро соҳиб бошад. Боқимонда 70-80% -и маблағи манзилро бонк медиҳад.
  3. То пурра пардохти кардани қарз бо фоизҳояш, соҳибмулкии манзил ба номи бонк мешавад ва пас аз пардохт мизоҷ метавонад хонаро ба номи худ ба расмият дарорад (оформление);
  4. Дигар талаботҳо ки оиди сину соли ҷавон доштан ва давраи баргардонидани қарзи ипотекиро тасдиқ карда тавонад.

Ҳаҷми қарзӣ ипотекӣ вобаста аст аз даромади моҳонаи мизоҷ ва ҳарчиқадаре ки он калон бошад ҳамон қадар ҳаҷми қарз зиёд мешавад.

Инчунин муҳлати қарз ба ҳаҷм ва имконияти қарзгирӣ таъсир мерасонад ва ҳарчиқадаре ки муҳлат зиёдтар бошад ҳамон қадар қарз калон мешавад ва баракс.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …