ИБНИ САРОБИЮН, Яхё ибни Саробиюн, яке аз табибони маъруфи суриёнизабони Шом. Нимаи дуввуми а. 9 дар Димишк зиндаги ва фаъолият доштааст. у ба забони суриёни ду «Куннош» (мачмуаи тибби) таълиф кардааст, ки яке аз 12 ва дигари аз 7 китоб иборат аст. «Куннош»-и хурдро гурухи мутарчимон с. 930 ба араби тарчима кардаанд, ки минбаъд мавриди истифодаи табибону донишмандони Шарку Гарб карор гирифта, то имруз боки мондааст.
Ад.: Беруни, «Фармакогнозия в медицине» – исследование, перевод, примечания и указатели У. И. Каримова, Ташкент, 1974.
С. Шахобуддинов.