Главная / Илм / ИБНИ БУТЛОН

ИБНИ БУТЛОН

nophotoИБНИ БУТЛОН (с. тав. номаълум – ваф. 1069, Антокия), Абулхасан ал-Мухтор ибни ал-Хусайн ибни Абдун ибни Саъдуни Багдоди, маъруф ба Ибни Бутлон, табиб ва файласуфи масехи. Аз мардуми Багдод буда, дар кишвархои гуногун саёхату зиндаги кардааст. С. 1049 ба Миср, сипас ба минтакаи Сурия ва Туркия меояд. С. 1054 уро барои мудофиаи Рум аз хучуми лотинихо ба Кустантания даъват мекунанд. И. Б. дар охир рохиби ихтиёр карда, дар Антокия дайрнишин ва ба тахкику таълиф машгул мешавад. Дар робита ба тиб китобхои зеринро таълиф кардааст: «Таквиму-с-сихха би-л-асбоби-с-ситта», «Даъвату-л-атиббо», «Китобу-л-мадхал ила-т-тиб», «Кунношу-л-адирати ва-р-рухбон» (Кунноши дайрхову рохибон), «Маколоту ситтатин мухимматин фи-т тиб», «Вакъату-л-атиббо». Аз ин чумла китоби «Таквиму-с-сихха»-и у маъруфу машхур буда, ибт. а. 12 аз тарафи шахси номаълум ба точики тарчума шудааст.
Ад.: Ал-Мунчид фи-л-лугати ва-л-аълом, Бейрут, 1986; Хочихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии-л-кутуби ва-л-фунун», ч. 6, Лубнон, 2007.

С. Шахобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …